ВОРИСОНИ СИНОЮ ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали интихоб шуданаш ба мақоми Роҳбари давлат ба насли ҷавони ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаанд. Имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа дар рушд ва пешрафти давлат нақши муҳим мебозанд. Дар давраи истиқлолият сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат табдил ёфтааст ва барои ҷавонон шароити мусоид барои таҳсил, кор ва зиндагии шоиста фароҳам оварда шудааст. Маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон имрӯз худро ҳамчун нерӯи созанда ва ояндаи миллат ҳис мекунанд. Зеро Сарвари давлат имрӯзу ояндаи Ватанро ба дӯши ҷавонони кишвар вогузор кардаанд ва ҳатто дар Паёми худ ба мақоми олии қонунгузории кишвар изҳор доштанд, ки “Ҷавонони мо, новобаста аз он ки дар ҳар ҷое ки ҳастанд, бояд эҳсоси баланди ҳувияти миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати мустақил, забон ва фарҳанги миллии худ ифтихор кунанд ва ҳамеша барои ҳифзи онҳо омода, ҳушёр ва зирак бошанд.”
Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро ояндаи миллат ва нерӯи созандаи ҷомеа номида, онҳоро ба дониш, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ роҳнамоӣ мекунанд. Ҷавонони тоҷик дар посух ба ин нигарониҳо кӯшиш мекунанд, ки бо таҳсилоти хуб, ахлоқи намунавӣ ва фаъолияти созанда ба Ватан хизмат кунанд. Имрӯз бештари ҷавонон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳо иштирок мекунанд ва обрӯи Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Пешвои миллат эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз ватанпарастӣ ва ҳифзи марзҳои аҷдодӣ ва ватанро яке аз вазифаҳои муқаддаси насли ҷавони даврони истиқлолият шуморида изҳор доштанд, ки “Маҳз ҷавононе бо таҳсилоти баланд, тафаккури созанда ва ахлоқи наҷиб метавонанд пайванди пайвастагӣ байни наслҳо ва рӯҳи абадии аҷдодони фарҳангии худро, ки ҳатто дар давраи Сомониён марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои пуриқтидори илмӣ ва адабӣ доштанд, зинда нигоҳ доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё кунанд.” Маҳз чунин ҷавононе ҳастанд, ки бо кашфиётҳои нави илмӣ метавонанд миллатеро, ки асрҳо бо фарҳанг ва тамаддуни худ машҳур буд, боз ҳам машҳуртар гардонанд ва ба ҷаҳон исбот кунанд, ки онҳо ворисони воқеии Абуалӣ ибни Сино, ҳастанд.
Инчунин Сарвари давлат ба ҷавонони кишвар арҷгузорӣ карда, бо қаноатмандӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки “Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлолият, аз ҷиҳати сатҳи илму дониш, маърифат ва ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва ахлоқи худ аз наслҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунанд, ки ин низ манбаи ифтихори мост.” Пешвои бузурги миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимниироаи Паём, ҷавонони даврони истиқлолиятро бо ниятҳои нек ёдовар шуда, гуфтанд: “Ман ҷавонони даврони истиқлолиятро бениҳоят дӯст медорам. Онҳо хеле ватандӯстанд.”
Дар ҳар як суханони Пешвои миллат тарбияи ахлоқӣ суръат мегирад ва бахусус, роҳи дурахшони ояндаи миллат ва давлат дар онҳо таҷассум меёбад. Бояд гуфт, ки тарбияи ахлоқӣ дар ҷисми ҳар як фарди бошараф шуълаи маърифатро афрӯхта, бешубҳа натиҷаи дилхоҳро ба бор меорад. Ҳадафи Пешвои миллат дар он аст, ки огоҳ кардани ҷавонон, аз хатогиҳои гузашта аст, ки онҳо бояд дарс гиранд, дар масири минбаъдаи таърих муттаҳид бошанд, ваҳдат ва ҳамбастагиро тарғиб кунанд, зеро дар оянда маҳз аз ҷавонон, пешвоёни сиёсӣ, роҳбарони ҳизбҳо, вазорату муассисаҳо хоҳанд шуд.
Бояд ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол шукргузорӣ аз озодию ободӣ ва оромию осудагии ватан бошанд, зеро Пешвои миллат бо машъали фурузони нанги ватандорӣ роҳи ояндаи онҳоро мунаввар кардааст. Ин аст, ки ҷавонони мо мехоҳанд аз пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд. Чунки ӯ дар ҳақиқат сулҳу ваҳдатро бар диёри тоҷикон ҳукмфармо сохт, барои омӯзиши илму дониши ҷавонон шароит муҳайё кард ва барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ҳамкорӣ кард.
Чихеле, ки мебинем имрӯз ворисони Сино - донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ҳар як гулдастаи маслиҳатҳои хирадмандонаи роҳбари давлатро сармашқи асосии ҳаёти худ мегардонанд ва дар пешрафти кишвари аҷдодии худ саҳм мегузоранд. Боиси ифтихор аст, ки новобаста аз касбу ихтисосашон, донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ низ дар озмунҳо ва чорабиниҳои илмию таълимӣ фаъолона иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.
24-уми апрели соли 2026 дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» (XXI) бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рушд ва ҳамгироӣ: дастовардҳои илмӣ дар амалияи клиникӣ” бо роҳбарии омӯзгорони кафедраи забони лотинӣ 20 корҳои илмии донишҷӯён оид ба омӯзиши забони лотинӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гардид, ки аз онҳо 6 маърӯзаи донишҷӯён шунида шуд ва ғолиби он донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Ходжаева Омина Фазлиддиновна бо мавзӯи «Греко-латинские термоэлементы в клинической терминологии» муаррифӣ намудааст соҳиби Дипломи II дониста шуд, ки ӯ таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедра Муродова М.Қ. омода карда шуда буд ва боқимонда донишҷӯён, ки аз ҷониби дигар омӯзгорони кафедра омода шуда будаанд сазовори Сертификатҳо гаштаанд.
Дар озмуни шаҳри Ижевски ФР «IV Международный литературный конкурс «Живая латынь» среди обучающихся медицинских и фармацевтических вузов» дар жанри «ЭССЕ» донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ Собиров Собирҷон, ки аз ҷониби омузгори кафедра Якубова П.У. омода карда шуда буд онлайн иштирок намуда соҳиби Дипломи дараҷаи II-юм гардид. Ин дастоварди назаррасро барои донишҷӯ ва роҳбари илмиашон самимона табрику муборакбод намуда, дар фатҳи минбаъдаи қуллаҳои илму таълим барояшон бурдбориҳо орзу менамоем.
Кафедраи забони лотинӣ