КОНСТИТУТСИЯ -САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
5 ноябри соли 2026 дар толори лексионии кафедраи биология бо асосҳои генетикаи ба ногми профессор Бердиев Н. бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети тиббӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Саидзода Б.И., муовинони декан ва донишҷӯёни курси якуми факултет иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ декани факултет зимни суханронии худ оид ба аҳаммияти таърихию сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, заминаи устувори давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳо дар мавзуи «6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба таърихи қабул, аҳаммияти ҳуқуқӣ ва нақши ин санади тақдирсоз дар рушди давлатдории миллӣ маълумот пешниҳод карданд.
Чунин чорабиниҳои маърифатӣ ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва тарбияи ҳуқуқии донишҷӯён мусоидат менамоянд.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ