Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Text here....ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 17-уми апрели соли 2026, тахминан соати 00:50 дақиқа, дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии қисми ҳарбии 0307-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Фархор 3 нафар қочоқбари афғон Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ гардид.
Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ду нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ нобуд карда шуд. Як нафар аъзои гурӯҳ аз торикии шаб истифода карда, ба самти Афғонистон фирор намуд.
Аз ҷои ҳодиса ҷасади ду нафар қочоқбари афғон, 2 адад силоҳи оташфишони автомати “Калашников”, ду тирдон бо 35 дона тири қутрашон 7.62, як адад камони шикорӣ ва ду борхалта бо 25 адад бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҶТ маводи дарёфтшуда воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиаш 25 килограммро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 195 қисми 2, 200 қисми 4, банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод.
Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат қарор дорад.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон