ҲАРГИЗАМ НАҚШИ ТУ АЗ ЛАВҲИ ДИЛУ ҶОН НАРАВАД
Модарам тибқи ҳуҷҷатҳо ҳамсинни падарам буд. Аммо падарам мегуфт:
– Модарат аз ман тахминан панҷ сол хурд аст.
Ҳар касеро, ки тақдир хушбахтии доштани модар насиб кардааст, беҳтарин суханҳоро дар бораи ӯ мегӯяд. Аммо ин калимот наметавонанд, он бузургиеро, ки мансуби сифат ва манзалати модар аст, пурра ифода кунанд.
Модари ман Зебуннисо ном дошт. Дар ҷамоати деҳоти Қафлондара ба дунё омада, дар он ҷо синфи ҳафтро хатм карда буд. Хатту саводи хуб дошт. Вақте дар аскарӣ будам, ба ман нома менавишт. Ҳусни хаташ хеле зебо буд. Шоирона менавишт ва бештар алами худ, азоби дурӣ аз фарзандашро модарона изҳор медошт ва Худоро дуо мекард, ки дар зиндагиаш бори дигар ӯро соқу саломат бубинад.
Модарам аз падару модар се фарзанд будаанд. Бародари калонӣ ва ду хоҳар. Падараш Раҳмоналӣ ном доштааст. Ӯро Раҳмоналии паҳлавон мегуфтаанд. Гӯштингир ва човандози номӣ будааст.
Баъд аз шикасти амири Бухоро ҳаракати босмачигарӣ ташкил шуд. Мақсад аз он бори дигар ба тахт нишондани «амир-ул-муъминин»-и Бухоро буд. Бо ҳамин баҳона, дар тумани Балҷувон бисёре аз дузду роҳзанҳо ҳам ба ҳамин ҳаракати ба ном «ҷиҳодӣ» ҳамроҳ шуда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ин бенизомӣ ба деҳаҳои Қафлондара, Дасторқозӣ, Мирак, Бузвалӣ ва Гулдара ҳам расида омадааст.
Аз самти Балҷувон дастаҳои ғоратгари мусаллаҳ ба Қафлондара ва деҳаҳои атрофи он ҳуҷум оварда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ҳукумати Олимхон шикаст хӯрда ва аз ҳам рехта бошад ҳам, Ҳукумати Шуроҳо ҳанӯз ташкил нашуда будааст. Ҷавонмардони гирду атроф, бисту панҷ - сӣ нафар, ки мисли Раҳмоналӣ тануманд, гӯштингиру човандоз буданд, наздаш меоянд. Даъват мекунанд, ки дастаи худихтиёрӣ ташкил карда, Қафлондара ва атрофи онро аз босмачиҳо ҳифз намоянд. Раҳмоналӣ розӣ мешавад. Ва наздик ба як сол, мардум ва ҷону моли онҳоро аз босмачиҳои роҳзан ҳимоя мекунанд. Бобоям хатту савод надоштааст. Чун болшевикҳо наздик меоянд, Раҳмоналӣ, ки аз пешдастони ҳифозати мардум буд, гумон мекунад, ки ба ӯ низ зарар мерасад. Назди зану се бачааш меояд. Ба ҳамсараш:
– Бибифотима, акнун мо дигар инҷо зиндагӣ карда наметавонем. Бачаҳоро бигир, меравем, – мегӯяд.
– Ба куҷо? – мепурсад Бибифотима.
– Ба Афғонистон, – мегӯяд Раҳмоналӣ.
– Аз кӣ мегурезем, – боз мепурсад Бибифотима.
– Аз «болшавой», – мегӯяд бо қаҳр Раҳмоналӣ.
– Аз «болшавой» босмачиву мулло мегурезанд, ману ту на босмачиему на мулло. Барои чӣ гурезем?!!!
– «Болшавой» мусулмони дар пояш рост меистода, зану бача ва хешу таборашро мекушад. Ба онҳо фарқ надорад, кӣ мусулмону кӣ кофир? – бо исрор таъкид мекунад Раҳмоналӣ.
– Мардак, мо як оилаи камбағал ҳастем. Нони худро базӯр меёбем. Рӯзгорамонро бо азоб мебарем. Агар ту ҷанг карда бошӣ, муқобили ҳамин босмачиҳои душмани «болшавой» ҷанг кардӣ. Ин ҷо чӣ гуноҳ аст, – истодагарӣ мекунад дар суханаш Бибифотима.
– Агар наравӣ, бачаи яккаву ягонаамро деҳ, ман рафтам, Бибифотима! – мегӯяд Раҳмоналӣ бо қаҳр.
– Маро куш, баъд бачаатро бигир! – мегӯяд Бибифотима.
Раҳмоналӣ мебинад, ки илоҷи дигар нест, фарзандонашро як-як ба оғӯш мекашад. Ба завҷааш:
– Хайр Фотима, худат медонӣ. Таваккалатон ба Худо! Хатое дар ин умри кӯтоҳ карда бошам, бубахш. Фарзандҳоро ба туву туро ба Худо супоридам. Дидорҳо ба қиёмат! – гуфта, мулкро тарк мекунад.
Он вақт Зебуннисо чорсола будааст, акааш Бобоназар нуҳсола.
Бобоназар дар мактаб бо баҳои аъло мехондааст. Баъди хатми мактаб ӯро барои хондан ба Самарқанд фиристоданӣ мешаванд. Аммо модараш бо зориву тавалло пеши роҳи Бобоназарро мегирад. Охир, ӯ ягона соҳиби хона, саробони модару хоҳаронаш аст! Чӣ тавр онҳоро партофта меравад?!!!
Бобоназарро баъди як соли кор дар созмони ҷавонони ноҳияи Темурмалик, котиби ин ташкилот интихоб мекунанд. Ҷанг сар мешавад.
Бобоназар маслиҳати модарро напурсида, аз рӯзҳои аввал ихтиёрӣ ба ҷанг меравад. Тибқи имкон, аз ҷабҳа ба модараш нома менависад: «Очаҷон, андаки дигар монд. Ҷанг ба қарибӣ тамом мешавад. Бо пирӯзӣ ба Ватан бармегардам. Боз зиндагиро аз нав оғоз мекунем!».
Моҳи апрели соли 1945, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз Ғалабаи бузург, дар яке аз муҳорибаҳо дар наздикии Берлин Бобоназар ба ҳалокат мерасад.
Кампири Бибифотима то охири умр бо мо зиндагӣ мекард. Ба мо ҳукми модарӣ дошт.
Ӯ пиразани ниҳоят хоксор, ҷиддӣ, камгап, қавиирода, поксиришт, ростқавл ва меҳнатӣ буд.
Падарам яке аз хонаҳои моро маҳз барои ӯ ҷудо карда буд. Онро мо «хонаи момаам» ном мебурдем. Апаам доимо бо ӯ зиндагӣ мекард. Албатта, ҳамаи хонаҳои мо бари дар бар буданд. Рӯзгору дастурхони мо якҷо буд.
Бибифотима ҳаштоду шаш сол умр дид. Солҳои мактабхонии мо қувват дошт. Ба неву нестони модарам нигоҳ накарда, дар ҳама кору бори хона худро андармон мекард. Нон мепухт. Хӯрок тайёр мекард. Аз ҳамаи ғизоҳои тайёркардаи ӯ чортои он дар хотири ман мондааст: нашоиста, атолаи қандӣ, оши ришта ва шакароб. Падарам ғизоҳои пухтаи кампирро хеле дӯст медошт. Онҳоро доимо таъриф мекард. Ба кампир ниҳоят боэҳтиром, мисли модари худаш муносибат менамуд.
Бибифотима рӯзгори вазнин дида, бештар хислатҳои мардона пайдо карда буд. Ба мо бо самимият, мулоим ва навозишкорона муносибат мекарда бошад ҳам, ба ҳеҷ кас дӯстдории зиёдатӣ намекард. Суханҳояш чида – чида, гӯё ба ҳисоб буданд. Меҳмондӯстдор буд. Аммо меҳмонӣ рафтанро дӯст намедошт.
Ҳамагӣ як дугона дошт, ки ҳамсинну сол ва хешаш буд. Номаш Бибидастагул. Кампир дар деҳаи Ҳисор бо бачааш зиндагӣ мекард. Бибифотима дар шаш - ҳафт моҳ як бор хонаи дугонааш мерафт ва дафъаи навбатӣ ӯро ҳатман ба хонааш даъват мекард.
Агар кампир меҳмонӣ мерафт, хона холӣ мешуд. Мо ӯро тез пазмон мешудем. Аммо Бибифотима ҳаргиз аз ду рӯз зиёд меҳмониро намепазируфт. Раҳ нигоҳ мекард, ки омада, ӯро биёрем. Мабодо, агар рӯзи сеюм субҳ не, бегоҳӣ барои овардани кампир мерафтем, ноаён як навъ изҳори эътирозу норизоӣ мекард.
Баъди бозгашт хеле хурсанд мешуд. Ҳамаи моро як-як ба оғӯш мегирифт. Гӯё ки чанд моҳ наберагонашро надида бошад.
Ман ҳаргиз шодии аз таҳти дили кампирро надидаам.
Дар оила ё ҳини вохӯрӣ бо дугонаи худ ва дигар кампирҳои ҳамсоя, ки гоҳ - гоҳе ба ягон муносибат дар хонаи мо ҷамъ мешуданд, суҳбат меоростанд, боре ҳам аз тақдири худ шикоят намекард. Оби чашми ӯро дар пеши худиву бегона ҳеҷ вақт намедидем. Ҳамаро бо таҳаммул, бо диққату эҳтиром гӯш мекард. Аммо ба гапи онҳо қӯш намешуд. Аз нигоҳи кампир ва симои ӯ маълум набуд, ки кампири Фотима ба фикри ҳамсуҳбатони худ розӣ ҳаст ё не. Амале ҳам аз худ нишон намедод, ки ҳамсуҳбат дар вохӯрӣ бо кампир эҳсоси нороҳатӣ кунад. Бо нигоҳу гӯшу ҳуш онҳоро мешунид. Суол диҳанд, посух медод. Вассалом. Аммо доимо андешаманди ботини худ буданаш мушоҳида мешуд.
Кампир ҳаргиз бекор наменишаст. Ҳар замоне кори ба худаш маъқулро анҷом медод. Ба шуғли дӯстдоштааш, ба чархаву реса даст мезад. Ӯ ин корро аз сифр оғоз намуда, то бофтани ҷуволу хӯрҷин бурда мерасонд. Дар коре, ки мекард, ҳаргиз касеро ёрдамчӣ намегирифт. Онро оромона оғозу анҷом мебахшид. Вақте кораш тамом мешуд, ба касе намегуфт. Ҳамчун моли рӯзгори хона бурда, дар ҷойи маъмулӣ таҳ карда мемонд. Вақте он чиз мавриди истифода қарор мешуд, падарам ба момаам миннатдорӣ баён мекард. Ӯ аз ин қадршиносӣ фақат як табассуми номаълум мекарду халос.
Ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ки дар оилаи мо ягон кас барои насиҳат кардани хурдон чандон заҳмат намекашид. Кампири Фотима яке аз саромадони ҳамин ойин буд. Саропои рафтори ӯ панд буд. Лекин мабодо дар хона ягонтои мо рафтори ноҷо мекардем, кампир оҳиста дасти моро кашида:
– Бачам, аввал андеша, баъд рафтор. Сухан ҳам намунаи рафтор аст. Дониста бош, ки ҳама ба ту нигоҳ мекунанд. Баҳо медиҳанд, – мегуфт ӯ дилсӯзона.
Аз рӯйи эҳтироме, ки кампир дар хонадон дошт, ин сухан мисли танбеҳи сахт қабул мешуд. Ва амали ноҷо ҳамоно ислоҳ мегардид.
Кампир дилашро ба касе намекушод. Ғами чун кӯҳ дар дил доштаашро ба касе намегуфт. Вақтҳои танҳоияш, ҳангоми машғули ягон кор буданаш – чархаресӣ, дӯхту дӯз, ногаҳ хаёлаш ба куҷое мерафт. Дар ҷояш шах шуда мемонд. Ба як нуқтаи номаълуме бо гардани каҷ нигоҳ карда меистод. Ин ҳолат ду-се дақиқа давом мекард. Гоҳо чашмонаш пурнам мешуд. Беихтиёр ашк мерехт. Саросемавор бо нӯги остин ашкҳояшро, ки аз рӯйи пурожангаш мешориданд, тез пок мекард. Ба ин сӯву он сӯ саросемавор менигарист, ки мабодо ин ҳолати ӯро касе надида бошад. Мекӯшид, то корашро идома диҳад. Худро андармон кунад.
Боре, вақте ки ман тақрибан синфи ду ё се мехондам, назди момаам нишаста, аз тахтапораҳои тозакардаи хурд-хурд барои худам кӯшиши хоначасозӣ мекардам. Ҳамзамон, ба кори момаам диққат медодам. Модарам ба чӣ коре машғул буд. Хоҳаронам бо апаам дуртар дар ҳавлӣ саргарми кадом бозии бачагонаи худ буданд.
Ман эҳсос кардам, ки кори чархаресии кампир ба оҳистагӣ майл дорад ва оқибат дастони ӯ аз кор боз монданд. Кампир, гӯё ин ҷаҳон дигар вуҷуд надошта бошад, ба фикр фурӯ рафт. Вориди ҷаҳони худ шуд. Ба як нуқтаи номаълум менигарист. Ва шах шуда монд. Гӯё ҷон бадани хаставу ларзони кампирро тарк карда бошад, аз худ амале нишон намедод. Мисле ки – лашкари ғаму андуҳ руҳи ӯро мисли абрҳои ногаҳони баҳорӣ фаро гирифта бошанд. Аз чашмони замоне бодомшакли кампир чун сели навбаҳорон ашк равон шуд. Кампир мижа намезад. Дигар дар атроф касеро, чизеро намедид. Як лаҳза ин манзара идома ёфт. Гумон кардам сели марҷони ашки кампир домони ӯро пур кард. Бибифотима чашмони худро пӯшид. Бо ин ҳолат рӯй сӯйи осмон кард. Даме истод. Чашмони пурашки худро бо хастагӣ кушод. Гӯё аз осмон ба суоли худ ҷавоб меҷуст. Аз ӯ имдод металабид. Дар ҳамин ҳолат аз ҷойи худ бархост. Чашмони худро бо нӯги остин пок кард. Ва мисли он ки оҳанрабое ӯро кашида бошад, нимбеҳуш сӯйи хонаи худ равон шуд. Дарро кушод. Ва бастани онро ҳам фаромӯш кард. Рафт ва болои сандуқи хурд – ягона бойигарии худаш рост истод. Ду - се таксариеро, ки болои он сандуқ чида шуда буд, гирифта, рӯ ба рӯйи ҳам ниҳод. Сандуқро кушод. Акси ягонаи писараш – Бобоназарро болои дастони ларзонаш гирифт. Акс гӯё чанг гирифта бошад, рӯйи онро бо дастони пажмурдаи хушки ларзонаш пок кард. Бӯсид. Ба дидаҳояш молид. Сахт ба қафаси синааш зер кард. Беовоз ашки шашқатор рехт. Дар рӯ ба рӯйи худ гузошт. Бо ӯ муколама оғоз кард:
– Бобоназар, Бобоназари ҷигарбандам! Ту ҳоло дар куҷоӣ? Аз раҳпоият мурдам. Ҷӯраҳоят Наврӯз омад, Абдулло омад, Сафар омад. Охир дар як рӯз ба ҷанг рафта будед. Онҳо ҳама омаданд. Ту барои чӣ дер кардӣ? Моҳҳо гузашт. Солҳо гузашт. Ду чашми ман ҳоло ҳам ба роҳи ту аст, ки ногаҳон, очаҷон гуфта, аз дар медароӣ. Ба ҷони мани нотавон тавон мебахшӣ, ба дарди бедавои ман дармон мешавӣ. Маро саробонӣ мекунӣ. Бо дастони худ ба макони ахират бурда мегузорӣ.
Кампир бо овози паст, зор-зор нолаву гиря карда, акси писарашро бо эҳтиёт дар ҷояш монд.
Баъдан, аз даруни сандуқ як даста сони печонидаро гирифта кушод. Онро бо ниҳояти меҳрубонӣ ба дидаҳои ашколудаш молид. Бӯсид. Бӯй кашид. Чанд лаҳза шах шуда монд. Баъд онро бо эҳтиёти хосса бо қабат таҳ карда, дар ҷояш гузошт. Дари сандуқро пӯшид. Зулфаки беқулфи онро ҷо ба ҷо кард. Таксариҳои поки обшустаро болои он гузошт. Як лаҳза сари худро бо мӯйҳои жӯлидааш болои таксарӣ гузошт. Гӯё ҳеҷ майли ҷудоӣ аз он ҷоро надошт. Базӯр, бо чашмони пурнам ва дили пурғам аз ҷо бархост. Бидуни оина сару рӯйи худро батартиб даровард. Рӯймолашро дуруст кард. Ба берун баромад. Ба ҳеҷ касе нигоҳ накарда, ба пушти хона, ба самти саҳро қадам ниҳод. Ман давида ба момаи ғамзадаам наздик шудам. Аз лаби доманаш қапидам:
– Момаҷон, ман бо Шумо биёям? – гуфта, пурсидам.
– Эҳ, ту аз куҷо пайдо шудӣ? – гуфта, гӯё касе ӯро аз хоб бедор карда бошад, тааҷҷуб кард.
– Рав, бачам, ман як холаатро хабар гирифта бармегардам, – гуфт, ҳол он ки ӯ аз хонаи духтари калониаш чанд қадам гузашта буд.
Ман фаҳмидам, ки кампир ҳоло ҳам ба худ наомадааст. Мехоҳад танҳо бошад, бо фикру хаёли худ бошад, ғами худро аз тангнои хона ба домани саҳро кашад. Дили ман ҳам аз ин манзарае, ки гоҳо дар филмҳои он замон тамошо мекардам ва акнун бо чашми худам дидам, хеле маъюс шуда буд. Дар ҷоям истодам. Модаркалони бечораи ман бо куртаи ҳалили сафед, ки гулҳои баргаки майда – майда дошт, рӯймоли сафед ва кафшҳои бепошнаи нӯгипойии худ дар он тобистони гарми рӯ ба моҳи тира, ба дуриҳои дур нигоҳ карда мерафт ва оҳиста-оҳиста аз назарҳо ғоиб мешуд. Аммо ман ба ҷойе нарафтам. Дар ҷоям нишастам. Ду даст таги манаҳ, омадани момаамро интизор шудам.
– Бачам, аз қафои момаат рав, – гуфтани модарам маро ба ҳуш овард. Ва ӯ суханашро идома дод, – агар ман равам, аламаш боз зиёдтар мешавад. Имрӯз наздик ба бист сол мешавад, ки хатти сиёҳи тағоият омада буд. Кампир ба ҳалок шудани бачааш ҳеҷ бовараш намеояд. То ҳанӯз роҳи ӯро интизор аст.
Ман бо шаст давида, момаамро пайдо кардам. Дасти ӯро гирифтам. Ӯ хам шуда, маро ба оғӯш гирифт. Хомӯш ҳарду то лаби ҷӯйбори калоне, ки аз он оби соф ба оҳистагӣ, мавҷзанон ҷорӣ мешуд, расидем. Кампир дуру дароз дар сабзаҳои лаби он ҷӯй ду оринҷ такя ба зону, ду кафи даст дар ду бари рӯ, ба ин оби равон нигоҳ карда, андешамандона нишаст.
Баъд ба оҳистагӣ, базӯр аз ҷо бархостанӣ шуд. Ман дасти момаамро гирифтам ва ба хона баргаштем.
То ин замон модарам дар болои кати чӯбин дастурхон партофта, нону ширинӣ монда, кампири Шаҳрияро, ки момаам ӯро нағз медид, даъват карда оварда будааст.
Ба ҳавлӣ даромадан баробар, гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, момаам бо изҳори қаноатмандӣ кампири дугонаашро «хуш омадед», – гуфт.
Модарам дасти ӯро гирифт. Ёрдам кард, то болои кат барояд. Чой дам карда, оварда ба ҳар кадомашон як пиёлаӣ чой кашида дод. Ва суҳбат дар мавзуъҳои зиндагӣ оғоз шуд.
Дар хислату рафтор модарам намунаи поки модараш буд. Агар падарам бо коре дар хона набошад, қариб тамоми кори хонаро худаш анҷом медод.
Ёд дорам, солҳои 1963 - 1968 падарам дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб таҳсил мекард.
Ҳар тобистон чилу панҷ то панҷоҳ рӯз, ки давраи аслии кишту кор, захира кардани хӯроки чорво барои зимистон мешуд, падарам дар дарс буд.
Сағираҳои калонкардаи модарам «паррончак» шуда, ҳама ба зиндагии мустақилонаи худ саргардон. Дар хона модарам, апаам ва ман мемондем. Додару хоҳаронам ҳанӯз хурдсол буданд. Онҳоро момаам саришта мекард. Ману модарам саҳро барои ҷамъ кардани коҳ мерафтем. Навбати молу подаро мегузаронидем. Барои зимистон аз Осмонтеппа ҳезуму кунда ҷамъ мекардем.
Модарам аз ҳавои борон, гармову сармо ибо намекард. Рӯзе бо модарам алафдаравӣ ба саҳрои Осмонтеппа рафтем. Ҳаво хунук буд. Алаф даравида, дарза баста, барои овардани онҳо тайёрӣ медидем, ки борони сахти хунук сар шуд. Ҳардуямон таги курта будем. Шип-шилта тар шудем. Шамол барқасдона мевазид. Мехост тобу тавони моро санҷад. Аммо модарам дар бораи тар шудан ва хунук хӯрдан ҳарфе намезад. Бо шавқу завқ бо суръати баланд кор мекард. Алафҳоро фақат ӯ дарза баста метавонист. Ман бандҳоро тунук, алафҳои даравида ва сатрикардагиро ҷамъ мекардам.
Як замон дид, ки ман хунук хӯрда, дастону бадани худро мисли кенгуру кардаам. Наздик буд гиря ҳам кунам. Модарам бо ханда ба ман як нигоҳ карда, дарзаи навбатиро баста истода, мардонавор шиор партофт:
– Мо мард ҳастем! Мо аз гармӣ наметарсем! Мо аз сардӣ наметарсем!
Чун борон боз ҳам сахттар шуд ва хунукӣ зиёдтар, модарам боз бо виқори махсус илова кард:
– Мо аз барфи саргардону борони новардон намеҳаросем! Кулӯх нестем об шавем! Об нестем ях бандем! Меҷунбем, ки нарм шавем! Медавем, ки гарм шавем! – гуфта, тез ҳаракат мекард, ки зудтар дарзаҳои алафро бор кунему роҳи хонаро пеш гирем.
Ниҳоят шукргузор, аз зиндагӣ қонеъ ва хоксор буд.
Чун баъди солҳои дарози оиладорӣ соҳиби фарзанд шуда буд, ба мо нигариста мегуфт:
– Чун ман чор сағераи бепадару модарро дар солҳои қаҳтиву гуруснагӣ калон кардам, онҳоро ҳамчу модар парасторӣ намудам, инро дида, Худованд ба мани беакаву додар шумоҳоро дод. Дар дунё ягон некӣ беҷавоб намемонад.
Он чизе, ки якумр дар ёди ман аз модарам монд, ростқавлӣ, росткорӣ, хоксорӣ, мушкилнописандӣ, меҳнатдӯстӣ, шукргузорӣ ва миннатпазирӣ буд.
(Порча аз китоби «Ёддоштҳо»-и Саймумин Ятимов,
Қисми 1, – Душанбе: «Эко Принт», 2024, – c. 112-124)
Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №35 (2316) аз 03.09.2025