Шуъбаи сифати таҳсилот

Маълумоти асосӣ


Сардори шуъба
Дар назди шуъбаи таълими Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино» бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.15.2007, №330, гурўҳи назоратӣ оид ба сифати таълим тасис дода шудааст. Минбаъд, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.07.2010, №770 номи гурўҳ ба «Гуруҳи идоракунии сифат» табдил дода шуд. Айни замон, бо фармоиши ректор №1/2 аз 2 январи соли 2019, гурўҳ ҳамҷун шуъбаи алоҳида, «Шуъбаи сифати таҳсилот» муайян карда шудааст.
Шуъбаи таълим дар фаъолияти худ роҳнамоӣ мекунад:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва -таҳсилоти касбии баъдидипломӣ»,
- Низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ,
- Қарорҳои Шӯрои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Қарорҳои Шӯрои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Фармоишҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва Шӯрои олимони факултетҳо,
- Низомномаи донишгоҳ,
- Фармоишҳо ва супоришҳои ректори донишгоҳ ва раёсат,
- Низомномаҳои шуъбаи таълим, шуъбаи сифати таҳсилот ва марказҳои идоракунии таълим
- Қарорҳои Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ,
- Ҳуҷҷатҳои дигари меъёрию ҳуқуқии тасдиқкунанда аз тарафи вазоратҳои соҳавӣ ва муассисаҳо.


Самтҳои асосии шуъбаи сифати таҳсилот


- Таҳия ва татбиқи сиёсати донишгоҳ дар самти идоракунии сифати таълим;
- Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, таъминоти компютерӣ, таҷдиди захираи аудиторӣ бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии босифати таҳсилот;
- Таҳия намудани санадҳои меъёрии локалии мутобиқ ба талаботи қонунгузории ҶТ дар соҳаи маориф ва танзимкунандаи фаъолияти донишгоҳ дар бахши хизматрасонии таълимӣ;
- Иштирок намудан дар таҳияи барномаҳои таълимии касбии асосии таҳсилоти олӣ, барномаҳои таълимии касбии иловагии дар донишгоҳ татбиқшаванда;
- Ба амал баровардани низоми чорабиниҳо оиди аудити дохилӣ, мониторинги сифат ва таъмин намудани имконияти истифодаи тахассусии натиҷаи онҳо ҷиҳати қабул кардани қарорҳои идорӣ роҷеъ ба такмили сифати таълим.
- Баргузории амалиёти назоратӣ ва мониторингӣ оид ба сифати раванди корӣ ва натиҷаҳои онҳо, ташкил намудани таҳқиқоти иҷтимоию равонӣ, пурсишҳои ташхисӣ оид ба масоили пешниҳоду баҳодиҳии сифати хизматрасонии таълимӣ дар донишгоҳ.
- Ташаккули маводҳои иттилоотию таҳлилӣ оид ба масоили сифати таҳсилот, гузаронидани чорабиниҳо роҷеъ ба паҳнсозии онҳо.
- Таҳия намудани чорабиниҳои огоҳкунанда ва ислоҳӣ дар бахши таъмини сифати раванди таҳсилот.
- Омода намудани тавсияҳо оид ба бартараф сохтани номутобиқӣ дар бахши низоми идоракунии сифати таҳсилот, такмили ихтисос ва маҳорати кормандони донишгоҳ, беҳтар намудани заминаи моддӣ, беҳтар намудани идоракунии донишгоҳ ва ҳамзамон сифати таҳсилот.
-Ташкил ва гузаронидани конфронсҳои методӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, тренингҳо, машваратҳо бо мақсади такмили касбияти омўзгорон ва кормандони донишгоҳ оид ба масоили пешниҳоди хизматрасонии босифати таҳсилот.
Омода намудани маводҳо қабл аз гузаронидани пурсиши анкетавӣ (анкетаи робитаи мутақобила, анкетаи санҷиши сифати таълим, маҳаки баҳогузории машғулиятҳои таълимӣ, анкета доир ба баҳодиҳии фаъолияти омўзгор, анкета оид ба баҳодиҳии абадияти дониш ва ғ.).
- Амалисозии фаъолият оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, таъминоти компютерӣ, таҷдиди захираи аудиторӣ бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии босифати таҳсилот.
- Амалисозии фаъолият вобаста ба ҷойгирсозӣ ва таҷдиди иттилоот оиди фаъолияти таълимии донишгоҳ бо назардошти талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф дар манбаъҳои дастрас (аз ҷумла дар сомонаи донишгоҳ).

Руйхати ҳуҷҷатҳо:


Низомномаи шуъбаи сифати таҳсилоти МДТ ДДТТ
Низомномаи фонди васоити баҳодиҳии МДТ ДДТТ
Низомномаи системаи дохилидонишгоҳии назорати сифати таҳсилот МДТ ДДТТ
Низомномаи такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорони МДТ ДДТТ
Низомномаи ташкил ва гузаронидани анкетагирии донишҷӯён ва кормандони илмию педагогии МДТ ДДТТ
Низомномаи ташкили кори мустақилонаи донишҷӯёни МДТ ДДТТ
Анализ анкет оценки удовлетворенности работодателя качеством подготовки выпускников Медицинского факультета
Сводный отчет по результатам анкетирования по оценки удовлетворенности ППС в ГОУ «ТГМУ им. Абуали ибни Сино»
Сводный отчет по результатам анкетирования выпускников 2019г ГОУ «ТГМУ им. Абуали ибни Сино»
Сводный отчет по результатам анкетирования выпускников 2019г ГОУ «ТГМУ им. Абуали ибни Сино»
Сводный отчет по результатам анкетирования выпускников 2019г ГОУ «ТГМУ им. Абуали ибни Сино»
Сводный отчет по результатам анкетирования по оценке деятельности преподавателя на кафедре детской стоматологии
Сводный отчет по результатам анкетирования по оценке деятельности преподавателя на кафедре терапевтической стоматологии
Сводный отчет по результатам анкетирования удовлетворенности обучающихся качеством предоставляемых образовательных услуг - 1
Сводный отчет по результатам анкетирования удовлетворенности обучающихся качеством предоставляемых образовательных услуг - 2