Таҳсил дар интернатура барои хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ муқаррар шудааст ва он бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши назариявӣ ва амалии хатмкунандагон, тайёрии ҳамаҷонибаи онҳо барои фаъолияти мустақилона аз рӯи ихтисоси интихобгашта амалӣ мегардад.
Муҳлати таҳсил дар интернатура 11 моҳ буда, шакли таҳсил рӯзона аст. Барои хатмкунандагони факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ таҳсил дар интернатура ҳатмӣ мебошад. Аз гузаштани интернатура фақат хатмкунандагони дорои дипломи аъло озод мебошанд, зеро онҳо барои таҳсил дар ординатураи клиникӣ сафарбар карда мешаванд.
Таҳсил дар интернатура дар чорчӯбаи нақшаи фардии табиб-интерна, барнома ва нақшаи таълимӣ, ки аз ҷониби донишгоҳ таҳия карда мешавад, амалӣ карда мешавад. Нақшаи фардии интернаҳо бошад, на зиёдтар аз 1 моҳи оѓози таҳсил аз ҷониби роҳбари муассисаи табобатию профилактикӣ ва ё сохтори марбутаи донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.
Натиҷаи иҷроиши нақшаи фардӣ ва нақшаи таълимӣ дар рӯзномаи табиб-интерна инъикос меёбад. Рӯзномаи табиб-интернаҳо ҳар ҳафта аз ҷониби роҳбари бевоситаи онҳо тафтиш карда шуда, имзо гузошта мешавад. Номгӯи фанҳои асосӣ ва фанҳои ба ихтисос наздик мувофиқи барномаи таълимӣ тартиб дода мешавад ва гузаштани онҳо низ дар рӯзномаи табиб-интерна бояд дарҷ ёбад.
Номгӯи ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо дар интернатураи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намудан имконпазир аст:
Акушерӣ ва гинекология
Аллергология
Анатомияи патологӣ
Анестезиология ва реаниматология
Асабшиносии кӯдакон
Асабшиносӣ
Бемориҳои дарунӣ
Бемориҳои кӯдакон
Бемориҳои сироятии кӯдакон
Бемориҳои сироятӣ
Дерматовенерология
Кардиология
Ҷарроҳии асаб
Ҷарроҳии кӯдакон
Ҷарроҳӣ
Наркология
Неонатология
Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, беҳдошт ва эпидемиология
Онкология
Оториноларингология
Офталмология
Психиатрия
Рентгенология
Стоматологияи умумӣ
Ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ
Ташхиси функсионалӣ
Тибби оилавӣ
Травматология ва ортопедия
Урология
Физиотерапия
Фтизиатрия
Экспертизаи тиббӣ-судӣ
Эндокринология
Таҳсил дар интернатура бо супоридани аттестатсияи хотимавии давлатӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ба итмом мерасад.
Ба хатмкардагони интернатура, ки аттестатсияи хотимавии давлатиро бомуваффақият супоридаанд, шаҳодатнома дар бораи хатми интернатура дода мешавад.