Маълумоти умумӣ


Раиси шўрои бонувон
Шӯрои занон ва духтарони ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ойинномаи донишгоҳ ва Низомномаи худ ба роҳ монда, бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўъбаи кор бо занони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шўроҳои бонувони макотиби олии кишвар, муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар ш. Душанбе” ҳамкорӣ дорад.
Занон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд, вазифаи сулҳпарварӣ ва ваҳдатофариниро иҷро карда, ҳамчун ходими фаъоли ҷамъиятию давлатӣ дар баробари мардон саҳм доранд.
Ҳайати Шўрои бонувон аз 17 нафар иборат аст (2018) Ҳоҷиева Г.Б. (раис), Исматуллоева С.С. (муовини раис), Қурбонбекова П.Қ., Усмонова Г.М., Хайруллоева С.Э., Хоҷаева Н.М., Додхоева М.Ф., Ишанқулова Б.А., Ниязова М.С., Юлдошева У.П., Мусозода М.А., Усмонова Х.Ч., Иргашева Ч.З., Бурхонова З.У., Шахсуфбекова Н.Н., Нарзиева Ф.А., Истамова З.Х.
Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои дунё яке аз аввалинҳо шуда, конвенсияи байналхалқиро «Дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои зўроварӣ нисбати зан», «Оид ба ҳуқуқи сиёсии занон», «Ҳуқуқҳои кўдак» ба тасвиб расонидааст. Дар ДДТТ баҳри дар амал татбиқ сохтани қонунҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Раёсати донишгоҳ оид ба татбиқ ва амалӣ намудани «Қонун дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа» бо назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордонӣ занону духтарони лаёқатмандро ба вазифаҳои масъул ҷалб намуда, аз 339 занони корманди асосӣ 35 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор ва фаъолият менамоянд, ки 11 нафарашон аъзои Раёсати донишгоҳ мебошанд.
Ҳамагӣ рисолаҳои илмии номзадӣ ва докториро ҳимоя кардаанд: аз соли 1938-2016 – 645 нафар зан, аз ин миқдор то соли 1991 – 293 нафар ва аз соли 1991 то 2016с – 352 нафар, яъне дар муддати 31 сол то давраи Истиқлолият унвоннокии занон 45,4%-ро ташкил намудааст. Дар давраи Истиқлолият, яъне давоми 25 сол, унвоннокӣ хеле зиёд шуда, 54,6%-ро ташкил намудааст.
Олимазанҳо захираи бузурги зеҳнии Донишгоҳи тиббӣ буда, истифодаи нерўи зеҳнии ин қишри демографӣ барои пешрафти соҳаи маориф, тандурустӣ ва фармасевтии кишвар аҳамияти бузург дорад. Дар донишгоҳ-1 академик ва узви вобастаи АИТ ҶТ, 22 доктори илмҳои тиб, 98 нафар номзади илми тиб, 13 нафар профессорон кору фаъолият мекунанд.
Бисьёр занон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Чунончи Қурбонбекова П.Қ. муовини ректор оид ба тарбия, Усмонова Г.М. сардори шўъбаи илм, Юлдошева У.П. декани факултаи фармасевтӣ, Бобоева Л.А. котиби илмии Шўрои олимон, Ниёзова М.С. директори маркази ташхисию табобатӣ ва Хайруллоева С.Э мудири китобхона мебошад. Ҳамчунин 5 нафар бонувон ҷонишини декани факултаҳо буда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Шўрои бонувон дар ҳафт самт фаъолият менамояд (таълим, тарбия, фарҳанг, тандурустӣ, умумӣ, хуқуқӣ, байналмилалӣ). Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷўдухтарон дар ҳар факулта раиси Шўрои духтарон интихоб карда мешавад.
Оид ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва дониши касбии занҳо ва донишҷўдухтарон аз рўи нақша-чорабиниҳои муовинати тарбия, фарҳанг ва Шўрои занону духтарони донишгоҳ бо кормандон ва донишҷўён дар сатҳи факулта, марказҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳ сўҳбату вохўриҳо, озмунҳои фарҳангӣ, мизи мудаввар, ҷаласа, ҳамоишҳо оид ба риояи “Дастурамали либоси тавсиявии донишҷўён” ва либоси расмии кормандон, “Сарфакорӣ-кафили устувории оила”, “Оила-сарчашмаи муҳаббат”,баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқиву худшиносии ҷавонон ҷиҳати боз ҳам қавитар гардондани масъулияти ҷавонон дар пойдории оила ва рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оиладорӣ, саломатии репродуктивӣ, оқибатҳои никоҳи барвақт ва хешу таборӣ, баргузор карда мешаванд.
Дастовардҳо: Занҳо – олимаҳои зерини донишгоҳ бо унвону мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардидаанд:
Кормандони шоистаи ҶТ:
1. д.и.т., профессор М.Ф. Додхоева - узви вобастаи АИ ҶТ, академик;
2. д.и.т., професор М.М. Муҳаммадқулова,
3. н.и.т., дотсент Л.А. Бобоева;
Арбобони шоистаи илм:
1. д.и.т., профессор У.Ю. Сироҷиддинова,
2. д.и.т., профессор Ш.С. Анварова;
Ордени шараф:
1. д.и.т., профессор М.С. Исоева.
2. д.и.т., профессор Н.М. Шаропова

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:



Тамос


Суроғаи марказ: ш. Душанбе к. Рўдакӣ 139,
Тел: 224-38-86; 918-62-69-41,
E-mail: tarbia@tajmedun.tj

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php