Таҳсилоти баъдидипломӣ

Маълумоти умумӣ


Кормандони Марказ:
Гадоев Бахшибек Шифоевич – директор, н.и.т.;
Садриддинова Мунаввара Дадаматовна – мутахассиси пешбар оид ба ординатураи клиникӣ;
Азимова Джамила Курбоналиевна – мутахассиси пешбар оид ба интернатура;
Сафаров Беҳруз Иззатуллоевич – мутахассиси пешбар оид ба интернатура;
Қурбонов Зариф Қурбонович – мутахассиси пешбар оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ;
Хамидов Фируз Маджидович – нозир оид ба интернатура;
Максуда Самади – нозир оид ба интернатура;
Камолов Саидахмад Гулахмадович – нозир оид ба корҳои табобатӣ;
Мансурова Мохчехра Абдусаломовна – нозир оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ;
Азизова Шоира Неъматуллоевна – нозир оид ба ординатураи клиникӣ;
Усмонов Бахтиёр Нуруллоевич – коргузор.
Дар сохтори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 25-уми феврали соли 1959 факултети такмили ихтисоси духтурон ташкил карда шуд. То ин вақт кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриҳои дигар такмили ихтисос мегузаштанд. Дар давоми фаъолияти факултети мазкур зиёда аз 16 ҳазор нафар аз давраҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштаанд. Соли 1993 дар заминаи факултети такмили ихтисоси духтурон Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2010 бо ибтикори раёсати донишгоҳ бо мақсади гузаронидани такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар сохтори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро дотсент Субҳонов С.С. ба зимма дошт. Соли 2015 дар заминаи Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ ва бахшҳои интернатура ва ординатураи клиникии шуъбаи муолиҷавӣ Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ ташкил карда шуд, ки вазифаи директори онро то соли 2018 дотсент Қобилов Қ.К. иҷро намуд. Аз моҳи феврали соли 2018 то ба имрӯз директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ н.и.т. Гадоев Б.Ш. мебошад.
Татбиқи барномаҳои таҳсилоти касбии баъдидипломии тиббӣ (интернатура ва ординатураи клиникӣ) ва таҳсилоти иловагии касбии (такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ) мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ рисолати асосии Маркази таҳсилоти баъдидипломии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳисоб меравад.
Мақсади асосии Марказ ин ташкил ва таъмини фаъолияти донишгоҳ дар самти барномаҳои тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар ординатураи клиникӣ, интернатура, курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ мебошад.
Вазифаҳои асосии Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ:
- ташкил, банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи кафедраҳо ва зерсохторҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар самти таҳсилоти баъдидипломӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ.
- бо мақсади фароҳам овардани шароит барои хубтар ва самаранок аз худ намудани барномаҳои таҳсилоти баъдидипломии касбии тиббӣ ва иловагӣ ташкили ҷараёни таълим ва интихоби шаклу усулҳои технологияи таҳсилот.
- ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои табобатию профилактикӣ оид ба масъалаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ.

Тамос


Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139, бинои асосии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳуҷраҳои №108-110
Телефонҳо: 446003675, 2289822
E-mail: DDTT.mtbd@mail.ru