Шӯрои олимон

Шӯрои олимон

Шӯрои олимони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади таҳлили проблемаҳои асосии фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва молиявӣ –хоҷагии донишгоҳ таъсис дода шудааст. Раиси Шӯрои олимони ДДТТ ректор мебошад.
Ба ҳайати шӯрои олимон - ректор, проректорҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедра, китобхона, роҳбарони марказҳо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар намояндагони донишгоҳ дохил мешаванд. Ҳайати Шӯрои олимонро ба муҳлати 3 сол ректор тасдиқ мекунад. Дар сурати баромадани узви шӯро то мӯҳлати муайяншуда, фаъолияти ӯро ҳайат дар аввали соли таҳсил ба тартиби Шӯрои олимон муайян карда, пурра мекунад.
Аъзои Шӯрои олимон танҳо кормандони асосии донишгоҳ буда метавонанд. Ба њайати асосии Шӯрои олимони донишгоҳ 35 доктори илм, 47 номзади илм, 1академики АИТ ВТ ва ҲИҶ ва 8 кормандони бе унвони илмӣ дохил мешаванд. Ба ҳайати аъзои фахрӣ 22 доктори илм, 1 академики АИТ ВТ ва ҲИҶ, 2 узви вобастаи АИ ҶТ, 2 номзади илми тиб дохил мешаванд.
Шӯрои олимон самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳро баррасӣ мекунад: проблемаҳои ташкили самти корҳои таълимӣ–тарбиявӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти молиявӣ-хоҷагиро муҳокима ва тасдиқ мекунад; натиҷаҳои кори солонаи таълимӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро муоина карда, роҳҳои беҳтаршавии онро пешниҳод мекунад; ҳисоботҳои мутахассисони доир ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва ҳисоботи доир ба фаъолияти ташкилотҳои илмии дар назди донишгоҳ тасдиқшударо мешунавад; проблемаҳои таъсис додан ё қатъ кардани факултетҳо, кафедраҳо ва озмоишгоҳи илмиро ҳал мекунад ва номҳои онҳоро тасдиқ мекунад; таъсис додани коллективҳое, ки масъалаҳои марбути донишгоҳиро ҳал карда тавонанд; барномаҳои таълимӣ ва махсуси мутахассисон тартибдодаро дақиқ ва тасдиқ мекунад; пешниҳод кардани рухсатии семоҳаи эҷодӣ, рухсатиҳои 6-моҳа ва солона барои анҷом додани диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ; тартиб додани дастурҳои таълимӣ ва дигар воситаҳои омӯзишро тавсия медиҳад; мавзӯъҳои диссертатсияҳои докториро тасдиқ мекунад; доир ба вазифаҳои холии мудирии кафедра, профессорону омӯзгорон, инчунин барои дараҷаи илмии профессор ва дотсент озмун мегузаронад; сметаи даромад ва баромадҳои ғайрибюҷавии донишгоҳро муҳокима ва тасдиқ мекунад, ҳисоботи солона доир ба иҷрои сметаи мазкурро мешунавад ва хулосаҳо мебарорад; ҳисобот доир ба фаъолияти молӣявӣ-хоҷагиро мешунавад; дигар масъалаҳои гуногуни марбути фаъолияти донишгоҳро дида мебарояд.
Фаъолияти Шӯрои олимон мутобиқи нақшаи дар як сол як маротиба тартиб додашуда амалӣ мегардад. Нақшаи кори Шӯрои олимонро ректор тасдиқ мекунад. Қарорҳои Шӯрои олимон тавассути овоздиҳии кушодаи аксарият овозҳо қабул карда мешаванд. Ҳангоми интихоб аз рӯи озмун барои иваз кардани вазифаҳои холии мудири кафедра, дотсент ва профессор, додани унвони илмии дотсент ва профессор, овоздиҳӣ ба тартиби муқарраршуда, махфӣ гузаронда мешавад. Шӯрои олимон номзадҳоро барои гирифтани ҷоизаҳои давлатӣ тавсия медиҳад.

Гузариш ба саҳифаи: