Таълим

Фаъолияти таълимии донишгоҳ

Раванди таълим дар донишгоҳ дар 62 кафедра гузаронида мешавад. Ташаккули сохтори шуъбаҳои таълимӣ аз ҷониби Стандартҳои давлатии таҳсилот, муҳтавои барномаҳои таълимӣ бо талаботи барномаҳои таҳсилоти касбӣ муайян карда мешавад. Сохтори таълимӣ ҷузъи тағйирёбандаи донишгоҳ буда, доимо бо мақсади инкишофи таълим, самтҳои нави муосири тиббӣ, тандурустии амалӣ мукаммал мегардад.
Айни замон дар донишгоҳ кафедраҳои байнифакултавӣ раванди таълимро аз рӯйи якчанд самти тайёрӣ, омодасозӣ ва инчунин кафедраҳои махсуси сохтори факултетҳои мутобиқро ташкилкунанда фаъолият мекунанд
Сохтори муовинатҳои таълим, заминаи моддӣ - техникӣ ҳайати омӯзгорон имкон медиҳанд, то даври пурраи тайёр кардани мутахассисони соҳаро аз рӯйи омӯзгории ихтисосҳо таъмин намоянд.
Дар Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 5 факултет: тиббӣ, педиатрӣ, стомотологияи фармасевтӣ ва факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ фаъолият менамояд.
Шумораи умумии донишҷӯён дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 10146 нафар буда, аз ин шумора 1126 донишҷӯ аз 17 кишвари ҷаҳон: Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Русия, ҶИЭ, Олмон, Латвия, Дания, Финляндия ва дигар кишварҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Раванди таҳсил дар асоси барномаҳои нави таълимӣ, нақшаҳо ва Стандартҳои давлатии таҳсилот ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти соҳавии тиббӣ мутобиқшуда, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ба роҳ монда шудааст. Омӯзиш бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешавад.
Ҷанбаҳои афзалиятноки омӯзиш ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии таълимӣ мебошанд. Клиникии донишҷӯён дар ҳамкории зич бо Маркази омӯзиш и малакаҳои амалӣ (МОМА), ки бо технологияи пешқадам (симуляторҳо, моделҳо, фантомҳо, таҷҳизоти тиббӣ ва воситаҳои визуалии таълим аст) ба амал меояд. Илова бар ин, дар марказ 14 ҳуҷраҳои махсус барои табобатгоҳҳо ва гурӯҳи амбулаторӣ фаъолият мекунад.
Дар донишгоҳ усулҳои инноватсионии таълим истифода мешаванд, ки дар доираи он донишҷӯён имконият доранд дар марказҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи Душанбе ва ҳамчунин дар ҳамаи минтақаҳои кишвар фаъолияти таҷрибавӣ баранд.
Дар чаҳорчӯби меморандумҳои баимзорасида, байни донишгоҳҳо мобилии академикӣ гузаронида мешавад. Донишҷӯёни донишгоҳ дар мамлакатҳои Италия, Латвия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия ва Беларус таҳсил мекунанд. Инчунин донишҷӯёни дигар мамлакатҳо дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Сарчашмаи асосии раванди таълим ҳайати омӯзгорон мебошанд, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ буда, дорои донишҳои мутобиқбуда ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба рушди шарикӣ ва фаъолияти байналмилалӣ фаъолона кор мекунад. Шарикони илмии донишгоҳ донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои дуру наздик мебошанд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо 114 муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Хатмкардагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар беш аз 42 мамлакати ҷаҳон фаъолият мекунанд, ки ин аз навсозии доимии заминаи моддию техникӣ, барномаи таълим, стандартҳои таълимӣ ва омӯзиши такмили факултетҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, инчунин усулҳои инноватсионии таълимӣ бо омӯзиши босифат шаҳодат медиҳанд.
Мунтазам азнавсозии заминаи моддӣ – техникӣ, нақшаҳои таълимӣ, стандартҳои таҳсилот ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, инчунин усулҳои иноватсионии омӯзиш ба омодасозии босифати мутахассисон мусоидат мекунад, ки аз ин фаъолияти хатмкунандагони ДДТТ дар зиёда аз 42 мамлакати ҷаҳон шаҳодат медиҳад.


Стандартҳои давлатии таълимии ихтисос