“Ояндаи бехатар: Тавсияҳо оид ба пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон ва аҳолӣ»
Экстремизм ва терроризм имрӯз яке аз таҳдидҳои асосии тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Ин падидаҳо на танҳо ба амнияти давлат хатар эҷод мекунанд, балки сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор мекунанд. Гуруҳҳо ва созмонҳои ифротӣ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз усулҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ҷалб намуда, андешаҳои худро паҳн кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мушкилот ҷиддӣ муносибат карда, барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм тадбирҳо меандешад. Барои пешгирӣ, ошкор ва аз байн бурдани фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногун таҳия ва қабул шудаанд. Аз ҷумла барномаҳои таълимӣ, ки ба огоҳонидани ҷавонон дар бораи хатарҳо ва оқибатҳои шомил шудан ба созмонҳои ифротӣ равона шудаанд.Ҷанбаи муҳими мубориза бо терроризм ин баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои даргириҳои ҳарбӣ мебошад. Ҳамин тариқ, бо талошҳои ҳукумат беш аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ва Ироқ, аз ҷумла соли 2019 – 84 нафар ноболиғон, 146 нафар занону кӯдакон дар соли 2022, 104 нафар занону кӯдакон дар соли 2023 ва соли 2024 – 47 нафар занону кӯдакон баргардонида шуданд. Ин одамон барои баргаштан ба ҳаёти муқаррарӣ дастгирии зарурӣ гирифтанд, ки ин намунаи реинтегратсияи муваффақ буда, аҳамияти дастгирии ҳукуматро нишон медиҳад.Мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм саъю кӯшиши муштараки тамоми ҷомеаро тақозо мекунад. Муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванд аз хатарҳои марбут ба ин падидаҳо огоҳ бошад ва дар пешгирии онҳо фаъолона ширкат варзад. Ин махсусан ба ҷавононе дахл дорад, ки аксар вақт ҳадафи ҷалби гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. Огоҳӣ ва маърифатнокӣ метавонад дар пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва ҳифзи насли наврас аз хатари ифротгароӣ нақши калидӣ бозад.
Мафҳуми терроризм ва экстремизм Терроризм истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди зӯроварӣ бо мақсади тарсондан ё маҷбурсозӣ, махсусан барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ мебошад. Метавонад ҳамла ба одамон, биноҳо ё ҷойҳои ҷамъиятӣ барои тарс ё таъсир ба ҳукумат ё ҷомеаро дар бар гирад. Терроризм аксар вақт бар зидди мардуми осоишта нигаронида шуда, ҳадафи он паҳн кардани номуайянӣ ва тарс дар байни аҳолӣ мебошад.Экстремизм ақидаҳо, эътиқод ё амалҳои ифротӣ мебошад, ки меъёрҳо ва қонунҳои иҷтимоиро вайрон мекунанд. Он метавонад дар шакли идеологияҳои радикалӣ зоҳир шавад, ки ба хушунат, нафрат ва табъиз нисбат ба одамон вобаста ба нажод, дин, миллат ва дигар хусусиятҳояшон даъват мекунанд. Экстремизм аксар вақт тавассути усулҳои хашмгин ва зӯроварӣ, рад кардани созиш ё муколамаро дар ҷомеа тағироти куллӣ меҷӯяд.Ба намудҳои ифротгароӣ дохил мешаванд:- Экстремизми динӣ: вақте ки одамон динро ҳамчун асос барои зӯроварӣ ё бадбинӣ нисбат ба дигарон истифода мебаранд.- Экстремизми сиёсӣ: вақте ки гурӯҳҳо ё шахсони алоҳида барои тағйир додани низоми сиёсӣ ба чораҳои шадид, аз ҷумла зӯроварӣ даст мезананд.- Экстремизми нажодӣ ва миллатгароӣ: вақте ки одамон боварӣ доранд, ки нажод ё миллати онҳо аз дигарон беҳтар аст ва инро ҳамчун заминаи табъиз ё зӯроварӣ истифода мебаранд.Гурўҳҳои ифротӣ мехоҳанд истиқлолияти кишварҳоро аз байн баранд ва дар зери назорати худ як давлати ягонаеро, ки “хилофат” ном дорад, таъсис диҳанд. Онҳо сарҳадҳои мавҷударо эътироф намекунанд ва мехоҳанд, ки ҳама қоидаҳои худро риоя кунанд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз таблиғот ва зӯроварӣ истифода мебаранд. Ин барои ҳар як кишвар хатарнок аст, зеро он ба амният ва қобилияти идораи худаш таҳдид мекунад.Ин андеша ва нақша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, оинномаҳо ва маводҳои таблиғотии гурўҳҳои ифротии динӣ равшан баён гардида, ҷойи шубҳа намегузорад. Масалан, ташкилоти террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир» солҳои зиёд дар оинномаҳо ва варақаҳои таблиғотии худ назарияи «таъсиси хилофати ягонаи исломӣ»-ро ба таври расмӣ тарғиб мекунад, ки дар он давлатҳои мустақили минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо ҳамчун минтақаҳои хурди ин «хилофат» муаррифӣ карда мешаванд: Дар маҷмуъ таъсиси «хилофат» ва иҷбории давлатҳои мустақили мусулмонӣ ҳадафи асосии ин ҳизби террористӣ мебошад;Ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ» (собиқ ДОИШ) харитаи сиёсии хилофати исломии худро таҳия карда, онро дар расонаҳо паҳн ва таблиғ мекунад: агар ба ин харита назар андозед, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмонии ҷаҳон, аз ҷумла давлати мустақили мо, ба унвони музофот ва вилоятҳо, тобеи ин хилофат муаррифӣ мешавад.Ба ибораи оддӣ, ифротгароён ва террористҳо гурӯҳҳо ё одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд бо истифода аз тарс ва зӯроварӣ дигаронро маҷбур кунанд, ки тибқи қоидаҳои худ зиндагӣ кунанд. Онҳо хоҳиш ва ҳуқуқи одамони дигарро эҳтиром накарда, сулҳу амониро мехоҳанд аз байн баранд.
Сабабҳо ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ
Омилҳои асосии тамоюли ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирӣ аз он:
Омили нахустин, ба миён омадани холигии идеологӣ дар маҳал миёни ҷавонон аст, зеро собит шудааст, ки дар ҳар ҷое холигии идеологӣ ба вуҷуд меояд, ҷойи он холигиро идеяҳои нав ишғол менамоянд. Дар натиҷа, боварии ҷавонон нисбат ба идеяҳои низоми давлатдорӣ заиф мегардад ва онҳо ба идеологияи бегона мегараванд. Инсон мавҷуди зинда аст ва табиатан сӯи чизе меравад, ки ҳамеша фаъол аст.
Омили дувум, паст будани донишҳои дунявӣ, надоштани фарҳанги сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ аст. Ҳол он ки қонунгузории мамлакат имкониятҳои ниҳоят фарохро барои ҷавонон фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир мешавад, то онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот истифода бурда тавонанд.
Омили сеюм, ба костагии маърифати динӣ ва бесаводии динӣ, аз ҷумла мазҳабӣ рабт дорад. Зоҳиран ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ барои Ислом «хидмат мекунанд», аммо дар асл онҳо душманони Ислом ва мусулмононанд.
Омили чаҳорум, фарогири масоили иқтисодиву иҷтимоист. Ташкилоту ҳизбҳои ифротгаро ва дигар созмонҳои иртиҷоӣ аз тарафи муассисонашон пайваста маблағгузорӣ мегарданд ва бо ин роҳ ҷавонони бекорро, ки ниёзманданд, моили худ менамоянд.
Дар радифи омилҳои дигар метавон камфаъолиятии ниҳодҳои иттилоотиро омили панҷуми рушди ифротгароӣ шумурд, зеро мардум, хусусан ҷавонон, дар бораи моҳият ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро иттилои кофӣ надоранд.
Роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ:
- Ташвиқу тарғиби адабиёте, ки мазмуну муҳтавояшон ба равнақи худшиносии миллӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстонаи наврасону ҷавонон нигаронида шудааст, айни муддаост.
- Ба роҳ мондани таблиғоти дуруст на танҳо аз ҷониби мақомоти сиёсиву давлатӣ, балки тавассути аҳли зиё, афроди муътабар, олимону донишмандон, бахусус аҳли уламо, дар мубориза бо падидаи мазкур ба манфиати кор хоҳад буд.
- Бузургдошти шахсиятҳои алоҳида, олимону мутафаккирон ва адибону нухбагони миллат, ки ҳамасола бо ибтикор ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, намунаи осорашон нашр карда мешавад, низ аз ҳамин иборат аст.
Оид ба сабабҳои воқеии гароиши иддае аз ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гузаронидани омӯзиш ва тадқиқотҳои сотсиологӣ бо ҷалби коршиносон тақозои рӯз аст. Натиҷаҳои он барои тарҳрезии барнома ва нақшаҳои ҷиддӣ ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои пайдоиши ифротгароӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ҳаёти ҷавонон, дар маҷмӯъ рӯди саршореро мемонад. Агар аз он мо пурсамар ва мақсаднок истифода намоем, ҳаётамон сарсабзу шукуфон хоҳад гардид. Вагарна ин рӯд ба селобе мубаддал мешавад, ки аз он ҷуз харобиву вайронӣ чизе боқӣ нахоҳад монд.
Аз рўи кадом аломатҳо шахси ифротгароро метавон шинохт?
1.Аксаран саводи комили динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ ва таҷрибаю маърифати дурусти динӣ надоранд. Тамоми “дониши динӣ”-и онҳо фақат аз баъзе маълумотҳои ибтидоии фиқҳӣ(1), баъзе иттилооти умумии таърихӣ (2) ва баъзе маводи таблиғотии идеологию сиёсии динӣ(3) иборат мебошад, ки аксаран аз интернет ё ҳалқаҳои динии ғайрикасбӣ ба даст овардаанд. Ин ҳолат яке аз муҳимтарин аломатҳо ва яке аз муҳимтарин мушкилоти ифротгароёни динӣ аст.
2.Меъёрҳо ва мафҳумҳои диниро ба таври бисёр маҳдуд, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмида, фақат тарзи фаҳмиши худ ва фаҳмиши роҳбарони шабакавию созмонии худро эътироф ва қабул мекунанд. Онҳо уламои исломии мўътабарро инкор карда, дар шабакаи дохилии худ “муфтӣ”-ҳои навзуҳури худро доранд ва бидуни ҳеҷ андеша ба сухани онҳо пайравӣ мекунанд.
3.Ба меъёрҳои зоҳирӣ ва манфиатии дин, мисли рангу шакли либос, дарозиву кўтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбондани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хўрока, маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон ва ғайра таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта, аммо ба меъёрҳои баланди динӣ чун тааммулу таҳаммул, тақвою парҳез, раҳму шафаққат, илму маърифат, меҳнату касби ҳалол, ахлоқу одоб, озодиву озодагӣ, фарҳангу маънавият ва ғайра асосан, таваҷҷуҳ ва амал намекунанд; умуман, дар бораи дин бисёр гап зада, бо худи таълимоти аслии дин қариб амал намекунанд.
4.Ба тарзҳои дигари тафсиру фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла ба мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ, тамоман эҳтиром намегузоранд, нисбати пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муќобили онњо њамеша бањс мекунанд, носазо мегўянд ва мубориза мебаранд. Умуман, ба љомеа ва љањон нигоњи динї надошта, нигоњи танги фирќаї доранд.
5.Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро зуд ба унвонҳои «фосиқ», «бидъаткор», “ҷоҳил” (“ҷоҳилия”), «тоғут», “муртад”, «кофир» ва ғ. маҳкум менамоянд; истифодаи фаровону бетааммули ин истилоҳот яке аз хусусиятҳои асосии нутқи ҳамарўза ва маъмулии чунин шахсон мебошад.
6.Баҳсу мунозираи солими илмию ақидатӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро умуман, қабул намекунанд ва ҳангоми баҳс новобаста аз далелҳои ҷониби мухолиф, ҳамон фаҳмиши танги худ ва фатвои муфтиёни шабакавии худро тўтивор такрор мекунанд. Илова бар ин, ҳеҷ гуна одоби баҳс ва одоби муошират надошта, дар аввалин қадам ба таҳқиру ҳукмбарорӣ рўй меоранд. Аз ин рў, муколамаи солим, баҳси мантиқӣ ва муҷодилаи ҷиддии динӣ бо онҳо дар аксари ҳолатҳо бенатиҷа меанҷомад.
7.Ба ҷомеа ва инсонҳо маҳз аз дидгоҳи фаҳмиши динии худ муносибат мекунанд, бо пайравони фаҳмишҳои дигар ҳамзистӣ карда наметавонанд ва аз дигарон дурӣ меҷўяд; фақат бо “бародарон”, яъне ҳамфикрони худ ва касоне, ки дин ва ҷомеаро мисли худашон мефаҳманд, дўстӣ ва ҳамкорӣ менамояд ва ҳамин тавр, шабакаи пўшида ва “муҳити баста”-и худро ба вуҷуд меоранд.
8.Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодњҳои қудратӣ, шахсиятҳо ва мақомоти расмӣ ва умуман, нисбат ба худи тартибот ва давлат эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дошта, аз онҳо дурӣ меҷўянд ва ботинан дар муқобили онҳо қарор мегиранд.
9.Ба падидаҳои фарҳангию маърифатӣ, аз ҷумла ба санъат, ҳунар, адабиёт, мусиқӣ, ахлоқ ва ба расму оинҳои мардум бадбинӣ ва нафрат пайдо карда, рўҳияи зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд.
10.Шаклҳои дигари робитаҳои инсонӣ ва пайвандҳои иҷтимоиро дар баробари ақидаи ифротии худ беарзиш шуморида, тайёранд, ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дўстону ҳамкорон, устодону азизони худро фақат ба хотири мисли онҳо ақида надоштанашон, маҳкум, тарк ва ошкоро таҳдид намояд.
11.Дидгоҳҳои пучгароёна (негилистӣ) дошта, ба таъриху фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ ва дигар нишонаҳои асолати миллии худ арзиш қоил намешаванд, балки нохудогоҳ аз онҳо дур шуда, дар муқобили онҳо қарор гирифта, онҳоро инкор мекунанд; ифротгароёни динӣ дучори бегонашавии миллӣ шуда, дар сафи бегонагон истода, зидди арзишҳои миллӣ ва зидди ҳувияти миллии худашон бераҳмона мубориза мебаранд.
12.Барои татбиқи амалии фаҳмиши танги худ бо тамоми қувва талош мекунанд, дар ин кор истифодаи тамоми роҳҳо, аз ҷумла истифодаи зўроварӣ ва хушунату бераҳмиро нисбати пайравони фаҳмишҳои дигари динӣ ё ғайридинӣ дуруст мешуморанд ва ғ.
Чӣ бояд кард агар шумо ё хешовандонатон дучори таблиғоти ифротӣ шудед ё ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ гаравидед?
Имрўз ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шабакаи интернет, инчунин дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ таблиғоти густурдаро ба роҳ монда, бо истифода аз арзишҳои миллӣ шаҳрвандонро гумроҳ ва ба сафи худ ҷалб менамоянд.
Мусаллам аст, ки мардуми тоҷик беш аз 1300 инҷониб пайрави дини ислом буда, вақте сухан аз ояту ҳадис меравад, онро бе ягон шакку шубҳа қабул менамоянд.
Гузашта аз ин, аксари ҷавонон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти динии худ баромадҳои муғризонаи мубаллиғони афғон ва салафиҳои тоҷикро тамошо мекунанд. Чунин муносибат ба дин оқибатҳои ногувор ба бор меорад. Пайваста тамошо кардани баромадҳои ифротӣ ба мафкураи инсон таъсири манфӣ расонида, ақидаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро бедор мекунанд.
Пас, дар ҳолати дучор омадан ба таблиғоти ифротӣ чӣ бояд кард?
Аввалан, назорати пайвастаи телефонҳои мобилӣ аз ҷониби волидон. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа, инчунин агар фарзандон дар интернет ба масъалаҳои динӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда бошанд, дарҳол пешгирӣ кардани он.
Сониян, агар шахси ношинос бо шумо ба алоқа баромада, маводҳои диниро ирсол намояд, дар бораи мафҳумҳои бидъат, куфр, тоғут, ҷиҳод, ҳиҷрат, шаҳид ва амсоли инҳо суҳбат оғоз кунад ё бевосита ба ифротгароӣ хонад, кўшиши ҷалб намудан ба ташкилотҳои динии ифротӣ намояд ё барои анҷом додани амали террористӣ маблағ ваъда кунад, пас дар чунин ҳолат шаҳрвандон вазифадоранд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огоҳ созанд.
Дар ҳолати пинҳон намудани таблиғоти экстремистӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Дар раванди пешгирии ифротгароӣ на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванд вазифадор аст. Ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, муаллимон, ҳамсояҳо, хешу таборонро лозим аст, ки наврасону ҷавононро назорат намуда, дар ҳолати пайдо шудани аломтҳои ифрот дар рафтору кирдори ҷавонон бо панду насиҳат дарҳол онро пешгирӣ намоянд. Вазифаи тамоми ҷомеаи шаҳрванди ислоҳи наврасону ҷавонон, шахсони гумроҳшуда, фиребхўрда аст.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ
Дар айни замон танзими ҳуқуқии ифротгароӣ пеш аз ҳама бевосита бо муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» таъмин карда мешавад ва пеш аз ҳама сиёсати умумии давлатиро оид ба ҷиноятҳои вобаста ба самти экстремистию террористӣ танзим менамояд.
Ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои террористӣ Моддаи 179-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад. Барои ҷиноятҳои вазнинтар бошад, аз ҷумла содир намудани амалҳои террористӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ҷиноятҳои такрорӣ ё ҳолатҳое, ки боиси оқибатҳои махсусан хавфнок гардидаанд, бо мусодираи молу мулк аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.Дар баробари ин қонун чунин ҳолатро пешбинӣ менамояд, ки шахсе, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Моддаи 179, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, мусаллаҳ намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад. Ҳамин кирдор, агар такроран,аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ,бо истифода аз мақоми хизматӣ,бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишљоли мансабҳои муайян ё машљул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишљоли мансабҳои муайян ё машљул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 179, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маблағгузории ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ки бевосита ё ғайримустақим таъмин кардан ё ҷамъ овардани маблағро бо мақсади истифода бурдани онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар бар мегирад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ва дар ҳолатҳои вазнин то бист сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 179, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ва дар ҳолатҳои вазнинтарин то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад. Мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҳамчун таблиғи оммавӣ бо эътирофи дурустии идеология ва амалияи терроризм, пешниҳодҳо оид ба тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои экстремистӣ Моддаи 307, қисми 1 муқаррар кардааст, ки даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ё асосноккунии он бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ва ҳангоми истифодаи воситаҳои ахбори омма ё интернет – аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад. Барои такрори ҳуқуқвайронкунӣ ё дар ҳолатҳои махсусан хавфнок ҷазои сахттар – аз ҳашт то дувоздаҳ сол ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян пешбинӣ шудааст.
Дар қисми 2 моддаи 307 барои таъсис ё иштирок дар созмони экстремистӣ ҷазо пешбинӣ шудааст: ташкили чунин ҷамъият бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ва барои иштирок дар он аз чор то ҳафт сол ҷазо дода мешавад. Барои такроран вайрон кардан ё суиистифода аз мақоми хизматӣ дар чунин кирдор ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз дувоздаҳ то понздаҳ сол пешбинӣ шудааст.
Моддаи 307(3) барои ташкили фаъолияти созмонҳои экстремистӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷазоро бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҳафт то даҳ сол пешбинӣ мекунад. Иштирок дар фаъолияти чунин созмонҳо ё кумак ба онҳо тавассути васоити ахбори омма ё интернет бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 307(4) барои ташкил, роҳбарӣ кардан ё иштирок дар гурӯҳҳои таълимии динии дорои хусусияти экстремистӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҳашт то дувоздаҳ сол ва барои истифода аз мақоми хизматӣ ё маблағгузории чунин гурӯҳҳо аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Ҷавобгарии маъмурӣ барои экстремизмДар баъзе мавридҳо барои амалҳои марбут ба ифротгароӣ ҷазои ҷиноӣ дода намешавад. Як қатор ҳуқуқвайронкуниҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати ҷамъиятӣ хавфнок ба ҳисоб намераванд ва мувофиқи он нисбат ба онҳо чораҳои маъмурӣ андешида мешаванд. Ба инҳо моддаҳои зерини Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дохил мешаванд:Моддаи 374. Дар ин модда ҳуқуқвайронкуниҳое, ки бо истеҳсол, нигоҳ доштан, воридот, интиқол ва паҳн кардани маводе, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафедкунии терроризм ва экстремизм алоқаманданд, дида мешавад. Ҳадди ниҳоии ҷарима тибқи он барои шаҳрвандон то 720 сомонӣ ва барои шахсони мансабдор то 2880 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ то 28800 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин ба ҳабси маъмурӣ то 10 рӯз иҷозат дода мешавад. Дар ин сурат чунин маводҳо мусодира карда мешаванд.Қисми 2 моддаи 462. Муқаррароти ҳамин модда ҷинояти навохтани дискҳо, кассетаҳо ва дигар воситаҳои техникии дорои сабтҳои дорои хусусияти экстремистии динӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, майдонҳо, бозорҳо, марказҳои савдо, боғҳо ва соҳилҳо, дар воситаҳои нақлиёт ва дигар ойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ҷаримаи ҳадди аксар тибқи он барои шаҳрвандон то 504 сомонӣ ва барои шахсони мансабдор то 936 сомонӣ мебошад.
Суроғаи вазорату идораҳое, ки дар ҳолати дучор омадан ба таблиғоти экстремистӣ, метавон ба онҳо муроҷиат намуд:
Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии ҶТ
РВКД дар ш.Душанбе (8372) 221-15-00
РВКД дар вилояти Суғд (83422) 6-22-22
РВКД дар вилояти Хатлон (83222) 2-13-13
РВКД дар ВМКБ (83522) 2-21-21
Қисми минтақавии РВКД–и Хатлон дар Кӯлоб (83322) 3-39-79
РВКД дар минтақаи Рашт (83131) 2-21-21
Телефонҳои боварии Прокуратураи генералии ҶТ
Прокуратураи генералии ҶТ | (+992 37) 2351111 |
Прокуратураи шаҳри Душанбе | (+992 37) 2215327 |
Прокуратураи вилояти Хатлон | (+992 3222) 22246 |
Прокуратураи вилояти Суғд | (+992 3422) 51818 |
Прокуратураи ВМКБ | (+992 3522) 22641 |
Прокуратура дар соҳаи нақлиёт |
(+992 37) 2232009
(+992 37) 2214669 |