ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳунарҳои мардумии қариб аз байн рафта аз нав эҳё гардида, рушд меёбанд, — мегӯяд сабадбофи машҳури тоҷик Хуҷамурод Яқубов, ки сокини деҳаи Косатароши поёни Ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб мебошад.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон беш аз пеш эҳё гардида, марказҳои ҳунаромӯзӣ, хусусан мактабҳои «Устоду шогирд» ташкил карда шудаанд. Дар онҳо косибону ҳунармандон на танҳо дар эҳёи ҳунарҳои қадимӣ, балки дар омода намудани шогирдон ва ҳунармандони ҷавон, ки идомабахши касби бобою падарон мебошанд, саҳм мегузоранд.
Барномаҳои муҳими давлатӣ — заминаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ
Маҳз бо иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат дар мамлакат дар соҳаи фарҳанг, хусусан ҳунарҳои мардумӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошанд, барномаҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд. Ин барномаҳо ба густариши ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани сатҳи рӯзгори мардум, хусусан ҳунармандон, инчунин муаррифии маҳсули дастони ҳунармандон дар намоишгоҳҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мусоидат менамоянд. Ин аст, ки соли 2018 дар мамлакат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021- «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2022-2026 –«Солҳои рушди саноат» эълон гардиданд. Инчунин «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид, ки ҳадафи он рушди соҳаи ҳунармандӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳунармандон мебошад.
«Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мегардад, ки далели возеҳи дастгирии ҳунармандон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад»,- мегӯяд сабадбофи тоҷик Хӯҷамурод Яқубов.
Пешниҳоди имтиёзҳо ба ҳунармандон саривақтӣ ва бисёр муҳим аст
Ҳамзамон аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд гардида, тибқи омори расмӣ беш аз 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин бо дастгирии Президенти Тоҷикистон расму оинҳои мардумӣ ба танзим дароварда шуда, беҳтарин анъанаву суннатҳои аҷдодӣ эҳё гардиданд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ давра ба давра ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ин намуди фаъолият, яъне рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Он метавонад сабаби ташкили ҳазорҳо ҷойи нави кор ва ба ин восита беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо гардад.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» соли 2019, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» соли 2003, қабул гаштани «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва инчунин эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) такони ҷиддӣ дар ин самт мебошанд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024 «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба тасвиб расид. Ҳадаф аз ҷудо гардидани ин грантҳо дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини занону духтарон, дар маҷмуъ ҳунармандон бо ҷойи кор мебошад. Ин ҳама ғамхорию дастгириҳо нишони он аст, ки воқеан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари фарҳангдӯст мебошанд, дар дилхоҳ чорабинии фарҳангӣ ҳамеша бо ҳунармандону косибон аз наздик ҳамсуҳбат мешаванд, барои рушди ҳунармандӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи халқамон маслиҳатҳои муфид медиҳанд ва мақомоти марбутаро вазифадор менамоянд, ки ба ҳунармандон кумак расонанд.
«Ин ҳама ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат аст, ки мо, ҳунармандон имрӯз дар фазои оромию осоиштагӣ ва зери осмони софу нилгун фаъолият менамоем, маҳсули дасти худро дар намоишгоҳҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ба маъраз мегузорем, онро ба бозор бароварда, дастраси мардум менамоем ва маҳз дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлатамон аз баракати Истиқлолу сулҳу субот ва ваҳдат бо ҳунари дастонамон зиндагиро пеш мебарем»,- мегӯяд сабадбофи тоҷик Хӯҷамурод Яқубов.
Суҳбат бо Пешвои миллат лаҳзаи хотирмон ва пур аз шодиву нишот буд
Ин ҷо мехоҳам он лаҳзаҳои суҳбатро бо Президенти Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли равон доир шуд, бароятон нақл намоям, меафзояд ҳунарманд. «Моҳи апрели соли 2024 бароям хеле моҳи хотирмон ва пур аз шодию нишот буд, зеро дар ин моҳ, аниқтараш 20 апрели соли равон дар маросими ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии пиллапарварии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи Тоҷик» дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми тамошои гӯшаю растаҳои ҳунармандон бо косибону ҳунармандон аз наздик суҳбат намуданд. Вақте ки Пешвои миллат ба гӯшае, ки дар он ҷо маҳсули дастони ман- сабадҳои бофтаам ҷой дода шуда буданд, наздик омаданд, маро ҳаяҷон фаро гирифт. Сарвари давлат бо дасти муборакашон бо ман салом намуда, аҳволпурсӣ карданд. Гуфтанд, ки сабадҳои бофтаатон ба фурӯш мераванд? Дар ҷавоб гуфтам: бале, Пешвои миллат, дар бозор талабот ба сабад зиёд аст. Ва инчунин ба Президенти мамлакат доир ба рӯ овардан ба ҳунари сабадбофӣ нақл кардам. Гуфтам, ки аз соли 1987, яъне наздик ба 40 сол аст, ки ба ҳунари сабадбофӣ машғулам. Ҳунари қадимии сабадбофиро аз як марди осетинӣ Сергей Мусаев, ки он вақтҳо 70-сола буд ва 40 нафар шогирд дошт, омӯхтам. Маро барои аз худ кардани ҳунари сабадбофӣ Хайрулло Абдуллоев ном шахси соҳибмаърифат роҳнамоӣ намуда буд».
Касбамро ройгон ба 30-40 шогирд меомӯзам
«Барои бофтани намудҳои гуногуни сабад аз навдаи зарбед истифода намуда, онро ҳар гуна шаклу усул медиҳам. Навдаи зарбедро асосан аз соҳилҳои дарёҳои Қаратоғ ва Ромит дастрас менамоям. Инчунин 30-40 шогирд дорам, ки ба онҳо ба таври ройгон ҳунари сабадбофиро меомӯзам. Ҳамзамон ҳунари сабадбофиро ҳамсарам ва ду писарам ҳам аз бар намудаанд. Сабадҳои бофтаро барои фурӯш ба бозор мебарорем, барои гирифтани меваҷот, сабзавот маҳсулоти нонӣ, атриёт ва дигар маҳсулот хеле мувофиқ мебошанд. Дар ҷашнҳо ва намоишгоҳҳои ҳунармандон, ки аксарияташ дар «Боғи Ирам», «Боғи Фирдавсӣ» баргузор мегарданд, маҳсули дастони худ-сабадҳои бофтаро ба намоиш гузошта, муаррифӣ менамоям»,-мегӯяд ҳунарманд Хӯҷамурод Яқубов.
Президенти мамлакат дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ хизмати бузург намудаанд
Президенти Тоҷикистон ба соҳаи ҳунармандӣ дар мамлакат, хусусан эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки бархе аз онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
«Ифтихор менамоем, ки чунин Сарвари ғамхору фарҳангпарвар дорем, зеро маҳз ба шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо, ҳунармандону косибон шароити мусоиди фаъолият дар ҷумҳурӣ фароҳам оварда шудааст. Дастгирии ҳунармандон аз ин зиёд намешавад. Мо аз дастгириҳои Пешвои миллат миннатдорем, аз ғамхорию дастгириҳои Сарвари давлатамон руҳу илҳоми тоза мегирем ва барои рушди ҳунармандӣ дар мамлакат ва муаррифии ҳунарҳои қадимии тоҷикони тамаддунофар ба хориҷиён бештар меҳнат менамоем»,-гуфт дар анҷоми суҳбат сабадбофи тоҷик Хӯҷамурод Яқубов.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»