ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ –ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ТАРБИЯ
Фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ, пешрафти кори таълиму тарбия дар байни ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад. Таълиму тарбия дар он сурат пойдор хоҳад монд, ки хусусиятҳои миллӣ дошта, нигаҳдори арзишҳои таърихии мо, равнақу ривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бошад. Яке аз қадамҳои устувор дар ин ҷода ташкил ва гузаронидани семинару конференсияҳои сатҳи баланд дар байни олимону коршиносон ва ҷавонони кишвар мебошад. Зеро ҷомеаи мо ба тарбияи насли дорои тафаккури созанда, чаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат ва ватанпараст ниёз дорад. Фарҳанги мо танҳо ҳосили имрӯза набуда, натиҷаи заҳмати аҷдодони мост
Фарҳанг, ки маҳсули фаъолияти дуру дарози таърихии инсон аст, тамоми рафтору кирдор, аз ҷумла одоби муошират, таомхӯрӣ, роҳравӣ, либоспушӣ, андешаронӣ ва муколамаю мубодиларо дар байни мардум ифода менамояд. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқии ҷавонон бояд дар заминаи эҳёи фарҳангу суннатҳои миллӣ, рукнҳои истиқлолияти давлат, арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монда шавад. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ беҳтару хубтар шуда, имкониятҳои зиёде дар муаррифи он аз ҷониби ҳукумати мамлакат роҳандозӣ шудааст.
Омӯзиши фарҳанги миллӣ, тарғибу ташвиқи он яке аз масъулиятҳои асосии ҷавонон мебошад. Ҷавонон метавонанд бо ҳисси баланди худшиносию ватандӯстӣ дар ин ҷода саҳми намоён гузоранд. Дар вазъияте, ки ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳо ба авҷи аъло расидааст, лозим меояд, ки нақш ва мақоми мо - ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд ва дорои нангу номуси ватандорӣ муҳим бошад.
Барои омӯхтани ҳар миллат аввал ба фарҳанги он назар мекунанд. Имрӯз ҷавонони мо пеш аз ҳама ба фарҳанги бою ғании худ пайравӣ намоянд ва сипас фарҳанги дигар халқу миллатҳоро омӯхта, аз он манфиат баранд. Ҷомеаи муосири мо дар баробари омӯзиши фарҳанги миллӣ ба омӯзиши фарҳанги миллатҳои дигар ниёз дорад. Дар ин боб Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу миллат дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод накардааст».
Табиист, ки муҳофизи фарҳанги миллӣ ҷавононе мебошанд, ки дорои дониши баланду идроки қавианд, зеро илм калиди ҳама мушкилот аст, шахси бедониш фирефтаи гурӯҳи тундраве мешавад. Як нишонаи зоҳирии тақлидкорӣ, ки ботинро ҳам ошкор месозад, одоби пӯшидани либос аст. Либос як ҷузъе аз ҷузъҳои асосии фарҳанги миллат аст. Тоҷикон, ки дар тули асрҳо забон, урфу одат ва либоси миллии хешро ҳифз карда, то ба замони мо овардаанд.
Баъзе анъанот бо гузашти вақт аз байн рафтаанд, вале либоси миллии мо, аз қабили чакан, атласу адрас хусусияти таърихии худро нигоҳ доштааст ва ҳоло ҳам мардум ба он аҳамияти махсус медиҳанд. Либос низ тарбиятдиҳанда шуда метавонад, зеро он нигоҳдорандаи шарму ҳаёи зану мард аст.
Беэътиноӣ ба либоси миллӣ бештар дар байни ҷавондухтарон дида мешавад. Онҳо бештар либосҳои ба қавли худашон аврупоӣ ба бар мекунанд ё аз матои миллӣ либосҳое омода месозанд, ки ба фарҳанги миллӣ хилоф мебошад.
Андешаи онро дорам, ки тарроҳони мо бояд худ “мӯд” бисозанд, на пайрави мӯди дигарон шаванд. Кӯшиш кунанд, ки дигар миллатҳо аз тарзи либоспӯшии мо тоҷикон истифода баранд ва онро барои худ ҳамчун“мӯд” қабул кунанд.
Боварӣ дорем, ки ҷавонон дар роҳи устувори ҳифзи рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ чун машъалбардорони сафи пеш худро муаррифӣ менамоянд.
Камолова Х.Ф.-ассистенти кафедраи
фанҳои ҷомеашиносӣ