РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!


РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Дар толори раёсати Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ оид ба ҳифзи давлатдории миллӣ, хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи истиқлолу озодӣ, эҳёи давлатдории навин ва сарҷамии миллат, афзалияти шакли идораи Президентӣ ба таври муфассал шарҳу маънидод карда шуд.

Семинари мазкур бо иштироки директори Пажӯҳишгоҳ ва ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳ доир карда шуд.

Семинари омӯзишӣ бо суханони табрикотии директори Пажӯҳишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Саидзода Баҳромуддин Икром оғоз гардида, зикр гардид, ки албатта, сабаби маҳз ба ҳамин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак асоси воқеӣ дорад. Зеро аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва мақсад аз «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудани ин сана дар он буд, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ оғоз ёфт ва Президенти интихобгардида - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифа шурӯъ намуданд.

           Дар воқеъ дар таърихи давлатдории тоҷикон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихию барҷаста ва номбардоре пазируфта мешаванд, ки дар вазъу марҳалаҳои барои Тоҷикистони тозаистиқлол басо мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакатамонро возеҳ муайян намуданд ва дар болоравии обрӯю мақоми давлати тоҷикон нақши абадӣ гузоштанд.  

Бо Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарфароз гардонидани Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин «Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ» далели гуфтаҳои боло ва нишонаи арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Дар фуроварди семинар роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ бори дигар иштирокдорон ва дар симои эшон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои пешомад табрику муборакбод намуданд, семинарро ҳусни анҷом бахшиданд.

 

 

Маъмурияти Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ


16.11.2024 28

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php