АКСИЯИ “ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС-ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК” ДАР КАФЕДРАИ ЭПИДЕМИОЛОГИЯИ БА НОМИ ПРОФЕССОР РОФИЕВ Ҳ. Қ.
Дар кафедраи эпидемиологияи ба номи профессор Рофиев Ҳ.Қ, таҳти унвони «Зеби чакану атлас-зебосанами тоҷик» аксия гузаронида шуд.
Яке аз нишонаҳои аслии ҳувияти миллӣ пас аз забон ва зоҳири инсон, либоси миллӣ ё пӯшиши миллӣ аст, ки мансубияти фарҳангии фардро возеҳ нишон медиҳад. Либоси миллату ақвоми мухталиф реша дар фарҳангу тамаддун дошта, бастагӣ ба иқлиму муҳит ва сабки зиндагии мардумон дорад. Ба қавли профессор Г. Майтдинова “Дар либоси миллӣ, ки мафҳуми «суннатӣ» бо он тавъам аст, ҷаҳонбинии мардум инъикос ёфта, аз насл ба насл анъанаҳо бо тағйироти баъзан барои ҳаёти як насл ноаён мегузаранд”
Дар ҷомеаи мухталиф ақвому гуногунфарҳанг гурӯҳҳои этникиро аз пӯшиши онҳо мешиносанд. Миллатҳои фарҳангу тамаддуни қадимӣ доштаро бароҳатӣ метавон аз либосу пӯшиши онҳо шинохт ва табиист, ки миллатҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ин унсури ҳувияти миллии худро нигоҳ ва ҳифз мекунанд, зеро суннатҳои фарҳангӣ тули қарнҳо устувор шуда, боиси пешрафти ин ақвом ҳам шудаанд. Намунаи боризи ин гуфтаҳо пӯшиши мардумони ҳиндӣ, ҷопонӣ, шотландӣ, укроинӣ, молдовӣ ва туркманистонӣ шуда метавонад. Ин феҳристро то бениҳоят метавон идома дод, зеро ҳар миллате, ки худро на ҳамчун “тудаи космополитӣ”, балки ҳамчун миллате, ки ҳувияти миллии худро мешиносад, ин унсур дар фарҳанги онҳо устувору побарҷост.
Мардуми тоҷик барои ҳар маросиме аз шодиву ғам либоси хоссе мепӯшиданд, ки баёнгари вазъи равонӣ ва ҷаҳони ботинии инсон буда, ин анъана то ҳол роиҷ аст. Пӯшиши миллӣ чунонки мебинем, дар асоси суннатҳои бостонӣ шакл гирифта, қарнҳо ин занҷираи ҳунарӣ гусаста нашуда, то замони мо расида, такомул ёфтааст.
Либоси миллӣ баёнгари мансубияти миллии фард буда, он ба унвони як мероси фарҳангии арзишманди мардум дониста мешавад. Беҳуда шоирон либоси миллиро дар ашъорашон васф накардаанд:
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас.
Ё ин ки:
Эй куртачакан, эй зеби чаман...
Чун гуфтаҳои боло дар чорабинии мазкур донишҷӯдухтарон дар тан либосҳои миллии тоҷиконаро вобаста ба давру замон ба бар намуда намоиш доданд.
Дар даврони Сосониён пӯшиши занон аз абрешим, пахта, пашм ва каришма (матои турӣ) бо гарданбандҳое аз сангҳои бузург ва тугмаҳои бо сангу гулдӯзӣ ороишёфта иборат буд. Пӯшиши тоҷиконро аз рӯйи ареал ва вижагиҳои сарулибоси мардумон муҳаққиқон ба ду гурӯҳ дастабандӣ кардаанд: 1) ҷанубӣ: қаротегинӣ, дарвозӣ, кӯлобӣ ва ҳисорӣ; 2) шимолӣ: зарафшонӣ, истаравшанӣ, конибодомӣ, исфарагӣ, аштӣ. Пӯшиши маъмулии бонувон аз курта, пойҷома, тоқӣ, рӯймолу кафш ва баъзан аз камзӯл (воскат - Дарвоз) иборат буд.
Мақсади асосии аксияи мазкур нишон додани фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.
Кафедраи эпидемиологияи ба
номи профессор Рофиев Ҳ.Қ.