ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ БАРГУЗОР ГАРДИД


ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносии семинари илмӣ-амалии Ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.

Дар кори семинар 10 мақолаи аъзоёни ҷамъият таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра шунида шуда, мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, дар семинар мавзӯъҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд:

1.     Президент-кафили сулҳу субот ва амният- Ҷӯразода Мағфират-донишҷӯи курси 1-уми факултети стоматологӣ,

2.     Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа- Мирзоева Фаришта-донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ,

3.     Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-бахтномаи миллат- Сафарова Сафина-донишҷӯи курси 2-юми факултети пидеатрӣ,

4.     Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлол-Ибронзода Бобоҷон-донишҷӯи курси 1-уми факултети стоматологӣ,

5.     Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ-Ғаффорзода Муҳаммад-донишҷӯи курси 1-уми факултети стоматологӣ.

Инчунин омӯзгорони кафедра Амонзода С.Б., Камолова Х.Ф. ва Абдураупова Ҳ.Н. низ бо мақсади  тақвият додани маҳорати донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмии намунавӣ дар назди аъзоёни маҳфил баромад карданд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


18.11.2024 79

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php