ВИКТОРИНАИ ИНТЕРАКТИВӢ: ТАШХИСИ ШУОӢ ВА МУОЛИҶАИ ШУОӢ


ВИКТОРИНАИ ИНТЕРАКТИВӢ:  ТАШХИСИ ШУОӢ ВА   МУОЛИҶАИ ШУОӢ

15 ноябри с.2024 дар кафедраи рентгенология ва радиология бо иштироки донишҷуёни курси 4-уми факултети тиббӣ гурӯҳҳои 60-66 викторинаи интерактивӣ дар мавзӯи “Ташхиси шуоӣ ва   муолиҷаӣ шуоӣ” ташкил карда шуд. Барномаи викторинаро мудири кафедра Сайфиддинзода М.Б., ассистентони кафедра Абдураҳмонов У.Ж. ва Ҷаффаров У.Ф. таҳия намуда, ҳадафи асосии онро рушди маҳорати касбии донишҷӯён ташкил медиҳад. Аъзои ҳакамон муаллимони калони кафедра Раҳмонов Б.И. ва Нажмуддинов Х.Х. интихоб гардиданд.

Вазифаи викторина бояд, ки донишҷуй аз руи расм ва рентгенограмма ташхиси дурустро интихоб намояд.

Донишҷуён ба се даста ҷудо карда шуда, дастаи 1-ум “Насимҳо” ва “Контраст” ”(донишҷӯёни гурӯҳҳои 60,65), дастаи дуюм “Хаунсфилд” ва “Люди в белом” (донишҷӯёни гурӯҳҳои 63,66) ва дастаи сеюм “Зиверт” ва “Рентген” (донишҷӯёни гурӯҳҳои 61,64) номгузорӣ карда шуданд.

Дар натиҷа, дастаи “Хаусфилд” ва “Люди в белом” бо ба даст овардани холҳои баланд насиби ҷои якум, дастаи “Зиверт” ва “Рентген” – ҷойи дуюм ва “Насимҳо” ва “Контраст” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Викторина хеле шавқовар гузашта, ғолибон ва фаъолон аз тарафи ҳакамон бо туҳфаҳо сарфароз карда шуданд. Гузориши видеоии вектаринаро шумо метавонед дар саҳифаи донишгоҳии шабакаи иҷтимоии “FACEBOOK” тамошо намоед.

 

 

КАФЕДРАИ РЕНТГЕНОЛОГИЯ ВА РАДИОЛОГИЯ


18.11.2024 83

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php