ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЗИРАКИИ СИЁСИИ ҶАВОНОН


ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЗИРАКИИ СИЁСИИ ҶАВОНОН

 Таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонон мебошад.

Дар шароити кунунии ҷаҳони тағйирёбанда ҷавонони кишвари мо низ ҳамчун қисми осебпазир аз равандҳои бегонашавӣ эмин набуда, тамоми шохаҳои ҳокимият дар баробари он эҳсоси масъулият мекунанд. Воқеан тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор меравад. Дарки ин мавзуъ вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилот ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Бояд қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.

Мувофиқан, масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Баробари ин, мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳимми раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижа дорад ва таълими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст. Хизмат дар сафи Артиши миилиии кишвар, ҳимояти марзу буми он ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷангҷӯ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро ба ҳар навъ ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд. Дар ин ҳолат вазифаи ҷавонон пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надодан ва шомил шудан ба ин гурӯҳҳоро инкор кардан аст.  

Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад. Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати тоҷик ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд.

Мусаллам аст, Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопазир аст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар таълифоти пурмӯҳтавои худ, ҳамчунин дар Суханрониашон дар идҳои ҳарсолаи Ваҳдати миллӣ, ки дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мегардад, ғояи Ваҳдати миллиро бо мазмуну мӯҳтавои давлатию ҷамъияти ғанӣ гардонидаанд. Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт марбут буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд.

Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем. Бидуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрӯзаи тоҷикон бо таърихи кӯҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан мушкил аст. Ҳамчунин бе дарки огоҳонаи решаҳои таърихӣ, таҳкими истиқлолият пойдории давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин мушкилтар хоҳад буд».

Худшиносии миллӣ, ин дар асл мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Ифтихор аз гузаштаи таърихи кӯҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тўли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, пешвоён ва сарлашкарон ба мисли Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Шерак, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буд.

Санаи 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти кишварро қабул намуд. Аммо кишвар дар қадамҳои нахустини мустақилонаи хеш ҳамрадифи муборизаҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ гардид. Сабабҳои рух додани нокомиҳо дар солҳои аввали истиқлолият танҳо натиҷаи сиёсат набуда, балки решаҳои чуқури таърихӣ дошт. Онҳо қабл аз ҳама натиҷаи мутеии ҳазорсолаи тоҷикон аз ҷониби аҷнабиён - арабҳо, қарохониҳо, ғазнавиҳо, хоразмшоҳиҳо, муғулҳо, темуриҳо, шайбониҳо, манғитиҳо, пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ фалаҷ гардидани фишангҳои давлатдорӣ, гусаста шудани робитаҳои иқтисодӣ байни ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, тадриҷан паст шудани сатҳи зиндагонии мардум, баланд шудани афзоиши табии аҳолие, ки бештар дар деҳот зиндагӣ мекарданд.

Сабаби дигари сар задани нооромиҳо дар давраҳои аввали Истиқлолият, ин нисбатан паст будани маърифати сиёсию ҳуқуқии аҳолӣ, суст инкишоф ёфтани анъанаҳои демократӣ, ҷой доштани нуқсонҳои ҷиддӣ дар фаъолияти собиқ мансабдорони ҳизбию давлатӣ, нобаробарии тарақкиёти иқтисодӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, надонистани авзои иҷтимоӣ-психологии мардум, вусъат гирифтани таъсири исломигароии кӯркӯрона, худхоҳӣ, минтақабозӣ, маҳалгароӣ ва ғайра буданд. Дар қатори сабабҳои зикршуда сабаби асосии оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз таърих, фарҳанги тамаддун, аз бузургию шаъни гузаштагони худ огоҳ набудани силоҳбадастон буд.

Дар чунин вазъият барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад, манфиатҳои миллатро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад ва чунин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд. Ба майдони сиёсат зуҳур намудани чунин шахсияти бузург аз лутфу каромати тақдир буд ва давлати тоҷикон таҳти роҳбаладии ӯ ва бо азми устувори мардуми ватанхоҳ ва сарсупурдаи миллат аз сари вартаи хатари нобудшавӣ ба ақиб гашт ва ба шоҳроҳи рушду тараққӣ афтод.

Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳарчи бештар ташаккул ёбанд. Таҷлили ҷашнҳои бузурги миллиютаърихӣ ва эҳёи расму оини аҷдодӣ, ин нишонаи дурахшони эҳтиром гузоштан ба таърихи тайкардаи миллат, бузургдошти шахсиятҳои оламшумули илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин замина Сарвари давлат ба ҳамин масъалаи муҳим, яъне оид ба омӯзиши таъриху фарҳанг, арзишҳои баланди миллӣ ва тамаддуни ниёгон диққати махсус зоҳир менамоянд, ки ин равиши сиёсат барои рушди иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ватанпарастӣ ва хештаншиносиву худогоҳии онҳо беназир аст.

Мо набояд фаромӯш созем, ки имрӯз амнияту субот, пойдории давлат, таҳкими истиқлолият ва ҳастии миллат аз ҳар яки мо вобастагии зиёд дорад. Пайравӣ ва ё шомил шудани як ҷавон ба гурӯҳҳои гуногуни сиёсии зиддидавлатӣ метавонад ҷони ҳазорҳо нафар шаҳрвандонро зери хатар гузорад, амнияти давлатро халалдор созад ва обрӯю нуфузи онро коста гардонад. Роҳи ягонаю дуруст барои мо дар ҳама ҳолат боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ ва дар ин ҷода аз даст надодани зиракии сиёсӣ мебошад.

Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрўза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.

         Мо устодону омӯзгорон ва ҳамаи зиёиёни кишвар бояд бо амалҳои созандаи худ дар мавриди ҳифзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло бурдани мақому нуфузи кишвар, дастгирию ҷонибдории ташаббусу иқдомҳои бузурги Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таълиму тарбияи насли ояднасози давлату миллати фарҳангсолори тоҷик саъю кӯшиш намоем.

 

Асомова Умеда Исломиддиновна

-омӯзгори калони кафедраи забони лотинӣ


18.11.2024 85

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php