ҶАВОНИРО ФИДО КАРД Ӯ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


ҶАВОНИРО ФИДО КАРД Ӯ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Таҳти чунин унвон бо ибтикори кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва МТИК “Стоматология ” ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни суханрониҳои хеш директори МТИК “Стоматология”, номзади илмҳои тиб Шарипов Х. аз  вазъи мураккаби солҳои 90-уми асри гузашта ёдоварӣ карда, таъкид доштанд, ки  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хатари нестшавии миллатро ба миён оварда буд. Хушбахтона хиради азалии мардуми тоҷик таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки сулҳи деринтизор ба сарзамини тоҷикон баргардад. Маҳз талошҳои хастанопазири сарвари маҳбуби тоҷикон буд, ки давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, кишвари моро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанд. Аз ин лиҳоз ҳар як сокини соҳибхиради кишварро зарур аст, ки ба қадри сулҳу суботи сиёсӣ бирасад, зеро ин неъмати бебаҳои таърихӣ ба осонӣ ба даст наомада буд.

Мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ, номзади илмҳои тиб,. Дотсен  Зарипов А. Р. низ атрофи мушкилотҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстиву меҳанпрастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир даъват намуданд.

Дар охири чорабинӣ донишҷӯёни курси 4-уми факултети стоматологӣ вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо ироа намуда, шеърҳоро дар васфи Ватан қироат карданд. 
16.11.2024 137

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php