НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи физиологияи патологӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш декани факултети тиббӣ, доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи физиологияи патологӣ Табаров М.С., мудири кафедра н.и.т., дотсент Тоштемирова З.М., дотсентони кафедра Қурбонбекова П.Қ., Хоҷаева М.Х. ва дигар кормандони кафедра иштирок доштанд.
Баъди садо додани суруди миллӣ, ҳамоишро мудири кафедра Тоштемирова З.М. ҳусни оғоз бахшида ҳамагонро бо ин рӯзҳои басо фархундаву тақдирсоз ва таърихиву сиёсӣ табрику муборакбод намуда аз хизмату ҷоннисориҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комил ёдоварӣ намуданд.
Аз худи суханони Пешвои миллат бармеояд, ки чи қадар манзалати ин рӯзи таърихи бузург аст: “Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд, дастархонашро пурфайз кард”.
Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи 79 факултети тиббӣ, ки бо роҳбарии ассистенти кафедраи физиологияи патологӣ Шукуров Ф.А. як ҳамоиши хуби фарҳангиро тантанавор маърази ҳамагон намуданд. Донишҷӯён Махсумова Шаҳноза, Аҳатова Гулрухсор, Сафарзода Рухшона ва Аҳророва Соҳибахон ба таври истифода аз презентатсия вазъияти мураккаби солҳои 90-уми қарни гузашта ва роҳҳои бисёр мушкили даъвати Иҷлосияро нақл намуда, иброз доштанд, ки касе ёфт нашуд, ки дар он рӯзҳои сангину ҳассос идораи давлатро ба даст гирад. Ҷасуриву нотарсии фарзанди фарзонаи миллат мутарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдати комил қатъиян изҳор намуда буд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гуллгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам”. Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд.
Раупова Марҳабо, Ҳикматов Олимбой, Хонаков Шаҳром ва дигар донишҷӯёни гурӯҳ дар васфи Пешвои миллат ва Иҷлосияи тақдирсоз суханҳои шахсони номдору бузургро замима оварда шеъру таронаҳоро низ пешкаши нишастагон гардониданд. Видеоҳои таърихии ба ин санаи таърихӣ рабт доштаро низ ба ҳамагон пешкаш намуданд, ки бисёр ҷолиби диққат буд.
Дар фароварди ҳамоиш мудири кафедра Тоштемирова З.М. ба иҷрочиён ва баромадкардагон, ки бисёр як барномаи рангини фарҳангиву сиёсӣ пешкаш намуданд, изҳори минатдорӣ намуданд.
Кафедраи физиологияи патологӣ