НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҶАВОНОН


НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҶАВОНОН

«Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали ба даст овардани истиклолияти давлатӣ сарфи назар аз душвориҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ ва нокомиҳои пайдарпайи роҳи ташаккул дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем. Сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд, ки дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо дар ҷомеа имконият фароҳам меорад. Кӯшишҳову иқдимоти онро метавон бо ин тариқ қайд намуд: 1. Қадами аввал ин дар ташаккулдиҳии сиёсати давлатии ҷавонон – аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки ҳанӯз дар ҳафтумин моҳи бадастории истиқлолияти давлатӣ бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 ба тасвиб расид оғоз мегардад. 2. Мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 2 феврали соли 1993 баргузор гардид, ки исботи дар воқеъ ғамхору пуштибон будан Пешвои миллат нисбати мо ҷавон мебошад. 3. Мулоқоти аввалини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид, ки дар ин давра сохторҳои идоракунии давлатӣ ташаккул меёфт ва мамлакат дар оғӯши ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Бо умеди роҳнамоии ҷавонон ба фардои нек ва равонасозии онҳо ба бунёди давлати миллӣ, дастёбӣ ба мустақилияти комил, ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ, Сарвари давлат бо ҷавонон мулоқот кард. Дар натиҷа, таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҷавонон хеле зиёд гардид, ки ҳавасмандии ҷавонон барои бунёди давлати навин баланд гашта, ҳаракатҳои нахустини ҷамъиятии ҷавонон, маҳфилҳо ва гурӯҳҳои худфаъол ташаккул ёфтанд. 4. Давраи ташаккулёбии муносибатҳо барои ҷавонон давраи қадамҳои устувор дар роҳи бунёди сиёсати давлатии ҷавонон – низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ин марҳалаи ташаккулёбӣ аз мулоқоти сеюми Президенти мамлакат бо намояндагони ҷавонони мамлакат 23 майи соли 1997 ибтидо мегирад. Мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда буд хусусияти устуворӣ касб намуд ва дар ҳаёти ҷавонони мамлакат саҳифаи нави таърихӣ боз гардид, насли ҷавон дар симои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибони воқеии бевоситаи худро дарёфтанд. Бо назардошти талаботи замон ва амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз марти соли 1992 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар ҳамин замина таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар шароити тадриҷан дигаргуншавии муносибатҳои идоракунӣ дар Тоҷикистон зарур буд, ки қишри серҳаракат ва ояндасози он – ҷавонон зери назари бевоситаи Ҳукумат қарор гирад. Дар давраи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мулоқоти чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони лаёқатманд мамлакат 16 майи соли 1998 доир гардид.

Дар ин ҳамоиш Сарвари кишвар доир ба масъалаҳои таҳияи консепсия оид ба сиёсати ҷавонон, Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон, эълон намудани 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳо дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ ва ғайра дастурҳо доданд. Таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ 20 марти соли 1998 – барои олимон ва ихтирокорони ҷавон. Дар ин давра тавассути муассисаҳои илмии кишвар садҳо ҷавонон соҳиби унвонҳои илмӣ гардида, дар риштаҳои гуногуни ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ хизмат кардаанд. Танҳо ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон беш аз 140 нафарро ташкил медиҳанд, ки корҳои онҳо фарогири масъалаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию - иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошанд. Барои ҳар як соҳа асоси фаъолияти ташкилии ҳуқуқиро қонунгузорӣ фароҳам меорад. Барои соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон асоси ҳуқуқии фаъолият ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки соли 1992 дар шароити мураккаби идоракунӣ ва ноороми ҷомеа қабул гардида буд, ташкил медод. Маълум аст, ки дар чунин вазъияти номусоид таҳияи чунин санад, ҳаматарафа таҳлил нагардида ва фарогири маҷмӯи мушкилоти ҳаётӣ имконнопазир буд. Дар робита ба ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав таҳия ва 9 июни соли 2004, таҳти № 1142 қабул гардид. Рӯзи 21 майи соли 2005 дар фазои сулҳу субот, бо назардошти дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди рукнҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва бо мақсади баррасии ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, вазъи ҳаёт ва мушкилоти фарогирифтаи ҷавонон ва бо ин васила муқаррар намудани вазифаҳо барои солҳои оянда мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ баргузор гардад. Ҷавонони эҳсоси ватандӯстиашон баланд метавонанд пешбаранда ва ҳимоятгари асили кишвар бошанд, ба рушду нумӯи он мусоидат намоянд. Бо ҳамин мақсад ва таҳкими василаҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2006-2010 қабул гардид. Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки дар яке аз мулоқотҳо бо намояндагони ҷавон чунин изҳор намуда буданд: «ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст». Бо ҳамин мақсад ва ҷиҳати беҳбуди вазъи саломатии наврасон ва ҷавонон тавассути паст намудани таъсири рафторҳои хавфнок ва одатҳои номатлуб, бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саломатии ҷавонон» барои солҳои 2006-2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, қабул гардид. Инчунин «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, қабул шуд. Консепсия мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро муайян менамояд. Санади дигар «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, қабул гардидааст. Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Дар ҳамин асно барномаҳои соҳавии ҷавонон, аз қабили «Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон» ва «Барномаи рушди саломатии ҷавонон», соли 2012 муттаҳид гардида, ба барномаи давлатии ягона ва маҷмӯӣ «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон» унвон мегирад.

Шароити арзанда барои донишандӯзии ҷавонон, яъне сатҳи донишандӯзии ҷавонон ҳамасола афзоиш меёбад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ агар соли 1991 70 ҳазор нафар машғули таҳсил бошанд, пас имрӯзҳо он ба 200 ҳазор нафар расидааст, яъне се маротиба зиёд гардидааст.

 

Шарифзода Ф.Ҷ.-

ассистенти кафедраи нигаҳдории тандурустии

ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

 


16.11.2024 131

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php