ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 32-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI-ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАҲОИ ДОНИШГОҲ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 32-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI-ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАҲОИ ДОНИШГОҲ

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 –уми октябри соли 2024, № 703 “Дар бораи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” бо ибтикори Раёсати Донишгоҳ чорабиниҳои тантанавӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангию адабӣ баргузор гардиданд.

Дар кафедраҳои Донишгоҳ низ бахшида ба ин санаи муҳими сиёсӣ чорабиниҳои идона гузаронида шуданд. Давоми ҳафта дар кафедраҳои Анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳии ба номи М. К. Каримов, Бемориҳои кӯдаконаи № 1, Химияи биоорганикӣ ва физколоидӣ, Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи ба номи Н. Б. Бердиев, Анатомияи одам ба номи Я. А. Раҳимов, Бемориҳои дарунии № 3, Тибби оилавӣ, Стоматологияи муолиҷавӣ, Забони тоҷикӣ ва Физиологияи патологӣ ҳамоишҳои танатанавӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, дарсҳои кушод ва тарбиявӣ ташкил шуданд.

Дар ҳар як чорабинии кафедраҳо аз хизматҳо ва ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои кулли тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон ва ҳифзи Истиқлоли воқеии кишвар ёдоварӣ шуда, бо ҳамин васила дар замири донишҷӯён ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бедор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 14-15-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тиббӣ бунёдӣ бо иштироки коршиносону мутахассисон чорабинии идона ва ҳамоиши васеи бонувони Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир карда шуд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
16.11.2024 136

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php