АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН
Тоҷикистони азизи мо баъди фурӯпошии империяи абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ ба мустақилият расид. Мутаассифона, ин тифли навроҳ дар оғози роҳ ба сӯи истиқлол дучори фоҷиа гардид. Мухолифати ҷонибҳо ва дасисаю иғвои гурӯҳҳои худкомаю манфиатҷу барои расидан ба мақсадҳои нопоки хеш кишвари зебою гулафшони моро ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ ва бемаънии шаҳрвандӣ кашиданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 10 миллиард доллари амрикоӣ хисорот ворид кард ва теъдоди қурбоншудагон ба 150 000 ва шумораи гурезагон ба 1 миллион расида буд. Бо сабаби воқеаҳои маълум 73%-и иқтидори иқтисодии кишварро аз даст дода будем. То иваз шудани пули русӣ ба рубли тоҷикӣ 65 миллиард рубли русӣ дар Тоҷикистон ҷамъ шуда буд. Қарзҳои дохилӣ ва берунӣ меафзуд.
Сарвари миллат бо таҳаммулу тамкин ва ҷасорату қатъият бахри бартарафсозии ин ҳама мушкилот камари ҳиммат баст. Дар давоми 3 солу 3 моҳ, ки музокираҳои сулҳ миёни тоҷикон давом дошт, зиёда аз 21 вохӯрии расмӣ гузаронид. Муборизаи ҷонфидои Рохбари давлат ба хотири наҷоти миллату давлати Тоҷикон буд. Бо тамоми кушишу талошхои зиёди Рохбари оқилу одили мо Тоҷикистони азиз қабои сабзи сулҳ ба бар кард.
Коршиносон ва сиёсатшиносони зиёди дунё то кунун дар ҳайратанд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр муяссар гашт, ки формулаи сулҳи худро эҷод кард ва тавонист онро комилан татбиқ намояд. Бояд гуфт, ки танҳо баъди ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имконият фароҳам омад, ки иқтисодиёти Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ наҳод.
Ҷаноби олӣ доимо хотиррасон мекунад, ки “Барои ҷомеа аз сулҳу субот дида неъмати азизтару бузургтар вуҷуд надорад”. Аз ин рӯ, ҳифзи ин дастоварди олӣ вазифа ва қарзи инсонии ҳар фарди бо нангу номуси миллатамон аст. Аз фазои сулҳу суботи имрӯзаи ҷомеа бояд ҳар якм мо шукргузорӣ карда, бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатии худ ба хотири пешрафту инкишофи ҳамаҷонибаи Ватани азиз талош намоем.
Натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, сатҳи камбизоатӣ, ки дар соли 1993-юм 85%-ро ташкил медод, то ба 32% паст карда шуд ва боз дар нақша аст, ки то соли 2026 ба 20% кам карда мешавад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки кишвари мо бо роҳи дуруст равон аст ва асоси ин равандро суботи сиёсӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад.
Дар меҳвари нахустин суханронии Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан ва сарҷамъии миллат қарор дошт. Таҷриба собит намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, бо заҳмату талошҳои бесобиқа Тоҷикистони азизро аз вартаи ҷанг берун кашида, ба як кишвари шукуфону рӯ ба тараққӣ табдил дод.
Имрӯз на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикону форсизабонони олам ба хирадмандӣ, ҷасорату мардонагии Эмомалӣ Раҳмон фахр доранд. Ҳанӯз соли 2001 Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар бораи Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Истиқлолият ба Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.”
Бо ҳамин мазмун Муншии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо - Ян Кубиш соли 2002 гуфта буд: “Таҷрибаи Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳ ҳамто надорад ва бояд дар Афғонистон, дар ҷараёни барқарор сохтани ҳаёти осоишта ва созиши тарафҳои гуногуни даргири ин мамлакат истифода шавад.”
Шоири халқии Доғистон, Қаҳрамони меҳнат Расул Ғамзатов соли 2003 ба корномаҳои ҷовидонаи Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳу ҷанги бородаркуширо ёбад”. Ин корномаи хирадмандона ба он мемонад, ки Куруши Кабир Бобулро бо неруи ақлу заковат фатҳ намуда, хуни касеро нарехт, молро аз худ накард. Ваҳдатофарии Пешвои харадманди миллати тоҷик ҳамранги он аст, ки Исмоили Сомонӣ дар ҷанги Тарос 10 ҳазор артиши хасмро ба неруи хирад асир гирифт ва Бухорои шарифро аз чанголи ғосибон эмин дошт. Роҳи тайкардаи Эмомалии Раҳмон аз он рӯзи муборак, яъне 16.11.1992 то имруз пур аз комёбиҳои беназир ва басо шарафманду пурифтихор аст.
Мухтасараш, аз Қасри Арбоб то Арбоби барчастаи сиёсии сатҳи байналмилалӣ ва то Пешвои муаззами миллати мутамаддини тоҷик солҳо паси сар мешаванд, асрҳо мегузаранд, наслҳои ояндаи миллати мо ба сахифахои таърихи давлатдориамон назар меафкананд ва аз доштани чунин нобиға, ки лоиҳаи солҳофариашро башар таҳсин гуфта истифода кардааст, ифтихор мекунанд.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Шукри айёми ҷавонӣ, шукри ин даврон кунем,
Шукри истиқлоли кишвар – ҳадяи Яздон кунем.
Сулҳу оромӣ бишуд дар кишвари мо пойдор
Чун кабутар бол кушоем, дар фазои беғубор.
Ин Ватан, ин Тоҷикистон, модар асту сарзамин,
Дар тамоми руи олам, ҷаннати руи Замин.
Подшоҳи ин Ватан, Эмомалӣ Раҳмони мо,
Пешвои миллати мо, шоҳи ин даврони мо.
Солҳои вазнину сангин, дар он айёми ҷанг,
Подшоҳи давлати мо, баҳри миллат кард нанг.
Оташи ҷанг карда хомуш, ҷони худ зери хатар,
Бо шиори Сулҳу Ваҳдат, ҳар куҷо мекард сафар.
Сулҳ меорам барои халқ, гуфт дар анҷуман,
Миллати дур аз ватанро боз овард бар Ватан.
Ашкҳои пур зи шодӣ, руи модар ҷорӣ шуд,
Давраи бераҳмӣ бигзашт, фурсати ғамхорӣ шуд.
Пуштибону соябон, ғамхори миллат шоҳи мо,
Аз қадамҳояш бирезад нур андар роҳи мо.
Кишвари моро бикард машҳур дар руи ҷаҳон,
Қаҳрамони Тоҷикистон, пешвои тоҷикон.
Баҳри рушди Тоҷикистон, баҳри пешрафти диёр,
Нақши у доим бузург аст, нақшаҳояш бешумор.
Суғду хатлону Бадахшон рушди босуръат гирифт,
Дар Душанбеву Ҳисор ҳам корҳо вусъат гирифт.
Сохтмони роҳу пулҳо, нақбҳо оғоз шуд,
Бар ҳама халқи ҷаҳон, дарҳои кишвар боз шуд.
Дар Ватан бунёд шуд, чандин ҳазор корхонаҳо,
Ҳар куҷо обод гардид бомаром вайронаҳо.
Зиндагии мардуми кишвар басе шоиста шуд,
Сарвари мо з-ин сабаб Пешвои мо дониста шуд.
Дасти пурфайзаш бикард обод ҳар кунҷи диёр,
Мо аз ин Пешвои Миллат менамоем ифтихор.
Асомова Умеда Исломиддиновна
-омӯзгори калони кафедраи забони лотинӣ