ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ТАШХИСУ ТАБОБАТ
Ба истиқболи сазовор аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ташхису табобат ҳамоиши идона баргузор гардид. Кори ҳамоишро директори Марказ, номзади илмҳои тиб, дотсент Нурзода З.М. ҳусни оғоз бахшида, таъкид доштанд, ки таҷили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳаббат ва садоқати миллати куҳанбунёди тоҷик нисбати сарвари маҳбуб, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Маҳз ин абармарди бузург тавонист баъд аз ҳазорсолаҳо давлати навини тоҷиконро эҳё намояд ва миллати тоҷикро аз вартаи нестшавӣ наҷот бахшад.
Дар навбати худ ординаторони клиникӣ вобаста ба хизматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози назар намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ атрофи пешрафти соҳаи тандурустӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ изҳори назар шуда, шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комили миллӣ сабабгори асосии ин муваффақиятҳо маънидод карда шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки субҳи имрӯз бахшида ба ин санаи муҳими сиёсӣ кормандони Маркази ташхису табобат ҳашари дастаҷамъонаро ташкил карда, гирду атрофи Марказ ва кӯчаҳои ҳамшафақи онро тозаю озода намуда, бо анҷом додани чунин иқдоми нек дастгирии ҳамаҷонибаи хешро аз сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
МАРКАЗИ ТАШХИСУ ТАБОБАТ