МАВҚЕИ ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


МАВҚЕИ ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таҳти чунин унвон санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ҳамоиши бонувони Донишгоҳ бо ҷалби мутахассисону коршиносон баргузор гардид.

Ҳамоишро раиси Шӯрои занону духтарони Донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Амонзода Сабоҳат Бобишо ҳусни оғоз бахшида, аз саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занон бо изҳори хушнудӣ ибрози назар карданд. Қайд гардид, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ, Сарвари маҳбубу ғамхори кишвар чун ҳарвақта аз мавқеи занону духтарон дар ҷомеа тарафдорӣ намуда, бо самимияти хос иброз доштанд, ки “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”, ҳамзамон нақши модарро Пешвои муаззами миллат бузургтарин неъмат барои инсоният пиндошта, дар муроҷиат ба мардҳо таъкид доштанд, ки “.....мардҳои муҳтарам мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.” Маҳз, ҳадафи асосии ҳамоиши занону бонувон низ дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани садоқати бепоён ба роҳбари ғамхорамон мебошад.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сабоҳат Рустам, собиқ вакили мардумӣ, иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе   Каримӣ Сайрам Карим ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳасанзода Шаҳло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷомӣ ҳамоиш муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён Зарина Асрор аҳли толорро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ ба фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба меҳмонон барои ширкат ва суханронӣ изҳори сипос баён намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии чорабинӣ ба хотири болидарӯҳии иштирокдорон ҳунармандони дастаи “Шифо” барномаи фарҳангӣ фароғатиро пешкаш намуданд.

Муовинати тарбия


9
6
5
4
3
2
1
16.11.2024 131

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php