БАРРАСИИ МУҲИММИЯТИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 – “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ДАР КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ
Дар кафедраи физиологияи патологии МТД “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” ҷиҳати иҷроиши нақша чорабиниҳои Донишгоҳ бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ доир гардид.
Мусаллам аст, ки паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта мушахасс ва муайян карда мешаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар робита ба ин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 30 декабри соли 2023, №668 ба имзо расид.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки мудири кафедраи физиологияи патологӣ, н.и.т., дотсент Тоштемирова З.М., дотсентон Қурбонбекова П.Қ, Хоҷаева М.Х., мутассади оиди илму ҶИД-и кафедра Шукуров Ф.А., мутассадӣ оиди тарбия Назариён Н.Р. ва дигар омӯзгорону донишҷӯён баргузор карда шуд.
Чорабинӣ бо суханони табрикотии мудири кафедра Тоштемирова З.М. оғоз гардида, зикр гардид, ки эълон шудани фармони мазкур аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун қабул гардидааст.
Сипас, донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ атрофи муҳиммият ва аҳамияти доштани фаҳмиши ҳуқуқӣ, то як андозаи муайян бархурдор будан аз илми ҳуқуқшиносӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ин асоси худшиносӣ доштанро ба намоиш гузошта, ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, Шарипова Меҳрона оид ба рамзи “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” ба таври комил ибрози андеша намуда, ба монанди доирашакли сабз доштани рамз, ки нишонаи сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад маълумот ироа карданд. Дигар донишҷӯён нисбати ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ нисбат ба халқу миллати хеш суханҳои пурмуҳтаво ва шеърҳо қироат намуданд.
Дар фуроварди ҳамоиш мудири кафедра Тоштемирова З.М. ва дотсенти кафедра Қурбонбекова П.Қ. ба донишҷӯён барои омода намудани чунин чорабинии зебову диданӣ баҳои баланд дода, бори дигар иштирокдорон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати соли “Маърифати ҳуқуқӣ”, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32- солагии Иҷлосияи XVI – уми тақдирсози миллат табрику муборакбод намуда, кори ҳамоишро анҷом бахшиданд.
Тоштемирова З.М.
-мудири кафедраи физиологияи патологӣ