ДАРСИ КУШОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАИ ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ БЕМОРИҲОИ КӮДАКОНА


ДАРСИ КУШОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАИ ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ БЕМОРИҲОИ КӮДАКОНА

     Санаи 14-ум ноябри соли 2024 дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона аз ҷониби ассистенти тарбиявии кафедра Разоқова К.Р. дарси кушод дар мавзӯи: «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» инчунин бо иштироки кормандони кафедра, ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети педиатрӣ гурӯҳи 1-ум ва гурӯҳи 63 факултети тиббӣ гузаронида шуд.

Рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 – дар ин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии Президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд. Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абармарди олиму оқил, фозилу хирадманде ҳастанд, ки давлатро аз маҳвшавӣ наҷот дода, мардумро дар атрофашон муттаҳид намуда, дар қалби мардум шуълаи умедро бедор карда, бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намудаанд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Имрӯз ҷаҳон Тоҷикистон ва тоҷиконро бо давлати озими роҳи демокративу дунявӣ, ҳуқуқбунёду соҳибихтиёр мешиносад ва эътироф мекунад. Маҳз шахсияти Ҷаноби Олӣ ва қавлу вафодории он кас буд, ки бо роҳбарии заковатмандона ва дурбинонаи эшон назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, таҳкими Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ мароми миллату давлати азизамон гардидааст.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


15.11.2024 159

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php