НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ ВА ПЕШГИРИИ ПАЙОМАДҲОИ ОН


НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ ВА ПЕШГИРИИ ПАЙОМАДҲОИ ОН

Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёде пайдо намуда, ҳалли ин мушкил ва масъалаи муҳимро дар мадди аввали ҷомеаи башарӣ гузоштаанд.

Таъсири таѓйирёбии иқлим дар саёраи замин таи чанд соли охир раванди ташаккул ва рушду пешрафти давлатҳои ҷаҳонро ба мушкилӣ дучор намудааст. Истифодаи самараноки манбаъҳои обӣ, ҳифзу нигаҳдории он аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирии он талош намояд.

Бо чунин суръат об шудани пиряхҳои дар саросари олам, сатҳи об дар рӯи замин боло шуда, боиси зери об мондани як қисмати шаҳрҳои бузурги сайёра мегардад ва ин ҳолат метавонад ба мушкил гардидани зиндагии инсоният дар рӯи замин гардад. Мувофиқи маълумоти муайяншуда ҳоло беш аз 3 миллиард сокини сайёра аз оби тоза ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва пешгӯӣ мешавад, ки ин теъдод то соли 2025 ба 4 миллиард баробар гардад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо талошу заҳматҳои башардӯстонаи Роҳбарияти олии мамлакат ҳанӯз аз соли 2009 иқдомҳои худро барои ҳифзи обу иқлим оѓоз карда буданд. Ташабусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба рӯзномаи ҷаҳонии рушд ворид гардида, дар таърихи рушди инсоният саҳифаҳои тозаро боз намуд. Маҳз, дар асоси ин иқдом, Созмони Миллали Мутаҳид оид ба рафъи мушкилоти об танҳо давоми 20 соли охир панҷ Қатъномаи Тоҷикистонро қабул намуд, ки нишони эътирофу эҳтироми баланд ва далели мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ташаббуси навбатии Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 марти ҳар сол таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардида, роҳест ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра.

Дар асоси ин Қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Қабули ин Қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Иқдомҳои пай дар пайи Ҳукумати мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвишу изтироб овардааст, нақши бориз мегузорад.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Хадамоти ректори Донишгоҳ

 


25.07.2024 123

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php