ТАҲКИМУ ТАТБИҚИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА РОҲҲОИ САМАРАНОКИ АМАЛИГАРДОНИИ ОН


ТАҲКИМУ ТАТБИҚИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА РОҲҲОИ САМАРАНОКИ АМАЛИГАРДОНИИ ОН

Дар замони имрӯза рушди бемайлони иқтисодиёти ҷаҳонӣ, илму техника, соҳаи саноату кишоварзӣ боиси афзудани партовҳо ва омилҳои дигари таъсиррасонии инсон ба муҳити зист мешавад, ки ба тағйирёбии бесобиқаи иқлими сайёра оварда расонидааст. Дар ин росто танҳо ҳамгироиву ҳампаймонӣ ва муттаҳиддиву чораандешии умумиҷаҳонӣ василаи ягонаи пешгирии ҳолати тағйирёбии иқлим маҳсуб мегардад. Бо дарки муҳиммияти масъалаҳои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониву баромадҳояшон дар сатҳи милливу созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва созмонҳои минтақавию умумиҷаҳониро ба ҳалли ин масъали барои ҳаёти инсоният муҳим ҷалб менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки асри XXI аз як ҷониб бо дастовардҳои технологӣ барои инсоният шароити зиндагии арзандаро фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар башариятро дучори мушкилиҳое намудааст, ки онҳоро дар танҳоӣ ҳал намудан имконнопазир аст. Дар баробари дигар таҳдидҳои глобалӣ имрӯз рушди саноат ва зиёдшавии аҳолӣ боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти нави экологӣ, аз ҷумла, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист гардидааст. Дар натиҷаи мушкилоти экологӣ ва мутаносибан ба вуҷуд омадани зарурати таъмини амнияти экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва қонунгузории дохилидавлатӣ тамоюли нав ба вуҷуд омад, ки онро экологикунонии соҳаҳои ҳуқуқ меноманд. Дар таркиби қонунгузории экологӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии экологишуда ҷой доранд. Дар ин самт санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи аудити экологӣ», «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» ва дигар қонунгузории соҳа меъёрҳои мушаххасро пешбинӣ менамоянд.

Бо дарназардошти махсусан муҳим будани соҳаи экология дар мамлакат қонугузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, обу иқлим ва эклолгия тадриҷан мукаммал гардида, баҳри ҳифзу ҳимояи он пайваста такмил дода мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати асосҳои сохтори конститутсионии ҷамъияту давлат усулҳо ва заминаҳоро муқаррар кардааст, ки онҳо таҳкурсии ҳуқуқии Тоҷикистонро муайяну мустаҳкам менамоянд ва мутобиқ ба талаботи моддаи 13-и он «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Ин меъёри конститутсионӣ идомаи танзим ва татбиқи ҳуқуқии худро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ёфтааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» 2-юми августи соли 2011 бо мақсади муайян намудани асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ қабул шудааст. Қонуни мазкур муносибатҳои марбут ба алоқамандии мутақобилаи ҷамъият ва муҳити зистро дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зисти ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, танзим менамояд. Таҳти мафҳуми муҳити зист - муҳити зисти инсон, маҷмӯи ҷузъиёти муҳити табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, инчунин, объектҳои антропогенӣ фаҳмида мешавад.

Агар як унсури давлати ҳуқуқбунёд эҷоду ба амал баровардани қонунгузорӣ бошад, унсури дигари асосии он дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ амал намудану иҷро намудани онҳо мебошад. Татбиқи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва амалишавии онҳо мусоидат менамояд, ки ин албатта, боло бурдани маърифти экологӣ ва тарбияи самараноки экологии шаҳрвандонро тақозо менамояд.

Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ҳаёти имрӯза ба шумор меравад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла, донишҳои ҳуқуқии онҳо дар самти ҳифзи муҳити зист вазифаи муҳимтарини давлате маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст. Боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки инсон муҳити зист ва биосфераро ҳимоя кунад, онро тоза нигоҳ дошта, афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба сар бурда, муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Дар навбати дигар тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама ҳимояи генофони миллатро дар назар дорад. Тарбияи экологӣ тадбирҳои иттилоотиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолтар намуда, сатҳи маърифати ҳуқуқию экологии аҳолиро баланд бардошта, ба ҷомеа имкон медиҳад, ки дар раванди ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намояд.

Зикр намудан зарур аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили фаъолияти мақсаднок ва пурсамар ҷиҳати таъмини сифати мусоиди муҳити зист, идоракунии устувор, таъмини амнияти экологӣ, татбиқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалии экологӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия, инчунин, дар асоси онҳо нақшаҳои амал, ки тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи устувору оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зистро барои ояндаи дарозмуҳлат пешбинӣ менамоянд, тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдомоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам омадааст.

Дар ҳақиқат, ифлосшавӣ, вайроншавӣ, осеб дидан, камшавӣ, харобшавӣ ва дигар таъсироте, ки ба замин, қаъри он, хок, обҳои рӯизаминю зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, қабати озонии замин ва олами набототу ҳайвонот мерасанд, ба инсоният бехатар буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳдошти ҳаёти шаҳрвандон, ҳифзи табиат тадбирҳои судмандро амалӣ карда, бо мақсади беҳдоши ҳаёти шаҳрвандон ва дар муҳити тозаю озода зиндагӣ кардани онҳо ҳамеша чорабиниҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд.

Дар қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиндагӣ дар шароити барои саломатӣ ва ҳаёти мусоид ва истифода аз неъматҳои он, ба ҳифзи муҳити зист аз таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта ҳуқуқ доранд. Дар баробари муайян намудани ҳуқуқҳо уҳдадориҳо низ пешбинӣ шудааст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» муқаррар шудааст, ки мамнӯъгоҳҳои табийи давлатӣ, аз ҷумла, биосферӣ, минтақаҳои муҳофизатӣ, парваришгоҳҳои табиии давлатӣ, ёдгориҳои табиӣ, паркҳои табиӣ, миллӣ ва дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, дигар комплексҳо ва объектҳои табиӣ, ки моҳияти махсуси ҳифзи табиат, илмӣ, таърихию фарҳангӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва тандурустӣ доранд, инчунин, объектҳои олами набототу ҳайвоноти нодир ё зери хатари нобудшавӣ қарордошта, дигар организмҳо ва макони зисту сабзиши онҳо таҳти муҳофизати махсус қарор дода мешаванд. Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ва нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист уҳдадоранд, ки қонуншиканиҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешгирӣ кунанд, муайян созанд ва барҳам диҳанд, ба вайронкунандагони қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшонро фаҳмонанд, талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд.

Набояд фаромӯш кард! Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» тибқи қонунгузории амалкунанда ҷавобгарӣ дорад. Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгариҳои маъмурӣ, аз ҷумла, дар боби 9 ҷавобгарҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи истифодаи замин, дар боби 10 ҷавобгарҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, дар боби 11 ҷавобгарҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об, дар боби 12 ҷавобгарҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи истифодабарии ҷангал, дар боби 13 ҷавобгароҳи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот, дар боби 14 ҷавобгарҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ, дар боби 15 ҷавобгарҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби алоҳида дар бораи ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист муқаррар гардидааст, ки фарогири 17 модда буда, ҷавобгариҳо барои риоя накардани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист мутобиқи онҳо татбиқ карда мешаванд.

Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар ҳифзу тоза нигоҳ доштани муҳити табиат, маҳалли зист бетарафӣ зоҳир накарда, барои риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» талош варзад.

Воқеан, ҳифзи табиат барои саломатии одамон бисёр манфиатовар аст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» низ барои беҳдошти ҳаёти сокинон ва тозаю озода нигоҳ доштани маҳаллу муҳити зист қабул гардидааст. Ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки бо дарки баланди ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба қонунгузорӣ дар татбиқи самараноки Қонуни мазкур беш аз ҳар вақти дигар талош намояд.

Валиев Далатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


24.07.2024 159

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php