ОМИЛҲОИ ПАЙДОШ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ТОБИСТОН


ОМИЛҲОИ ПАЙДОШ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ТОБИСТОН

Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар рӯи ҷаҳон зиёда аз 1,2 ҳазор бемориҳои сироятӣ мавҷуданд. Ҳар сол дар саросари ҷаҳон 2 миллиард нафар аз бемориҳои сироятӣ азият мекашанд ва 17 миллион нафари онҳо ба марг мерасанд.

Бемориҳои сироятӣ ҳама гуна бемориҳое мебошанд, ки аз микроорганизмҳои патогенӣ - бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳо ва паразитҳо ба вуҷуд меоянд. Ин бемориҳо ба се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд – бемориҳое, ки боиси баланд шудани сатҳи фавт мегарданд, бемориҳое, ки ба сари аҳолӣ бори вазнини маъюбӣ мегузоранд ва бемориҳое, ки ба сабаби зуд ва ғайричашмдошти паҳншавии онҳо метавонанд оқибатҳои ҷиддии ҷаҳонӣ дошта бошанд. Ба пайдоиши бемориҳои сироятӣ гуруснагӣ, ғизои номунтазаму якхела, камвитаминӣ, хастагӣ, гармии аз ҳад зиёд, таъсири сармо, гелминтозҳо, зичии аҳолӣ ва амсоли инҳо мусоидат менамоянд. Бемориҳои сироятӣ на танҳо ба мушкилоти хатарнок оварда мерасонанд, балки зуд паҳн шуда, шумораи зиёди одамонро сироят мекунанд. Вобаста аз усули интиқол ва минтақаи зарар ба бадан бемориҳои сироятӣ ба панҷ гурӯҳи асосӣ, аз ҷумла, бемориҳои вобаста ба рӯдаҳо, роҳҳои нафас, пӯст, хун ва роҳҳои сершумори интиқол тақсим мешаванд. Бемориҳои сироятӣ тавассути ҳаво, об, ғизо, ашёи рӯзгор ва газидани ҳашарот, инчунин, тавассути тамоси шахси солим бо шахси сироятшуда сироят меёбанд.

Бояд қайд намуд, ки бемориҳои сироятӣ ба антропонозҳо ва зоонозҳо ҷудо карда мешаванд. Антропонозҳо фақат хосси одам буда, танҳо аз одам ба одам сироят меёбад, ба монанди бемориҳои вабо, нағзак, домана, исҳоли хунин, хуноқ, сурхча ва ғайра. Зоонозҳо хосси ҳайвонот буда, одамон ба он­ҳо ҳангоми тамос бо ҳайвони касал ба воситаи пӯсти осебёфта ё луоб­пардаҳо, асосан, тавассути ҳашароти хунмак гирифтор мешавад.

Роҳи интиқоли ҳаво бештар барои сироятҳои роҳи нафас, аз қабили зуком, сурхак, гулча ё сил маъмул аст. Ҳангоми сулфа кардан, атса задан ё гуфтугӯ кардани шахси сироятшуда қатраҳои ночизи оби даҳон ё луобе, ки дар таркибаш микроорганизм дорад, аз роҳи нафас хориҷ мешаванд ва метавонанд то чанд метр ҳаракат кунанд, аз сабаби хурд будани онҳо дар ҳаво муддати хеле дароз боқӣ мемонанд. Вақте ки шахси солим онҳоро нафас мегирад, онҳо ба луобпардаи роҳҳои нафас дохил мешаванд ва боиси илтиҳоб мешаванд. Бемориҳои сироятии рӯда асосан бо ҳомилони бактерияҳо паҳн ва ба организми одами солим ҳамроҳи ғизо дохил мешаванд. Дар мавсими тобистон бемориҳои сироятии рӯдаро бештар пашшаҳо мегузаронанд.

Бемориҳои сироятӣ метавонад ҳангоми дучор шудан бо микроорганизм ё шароити мусоид барои рушди патогене, ки қаблан дар бадан дар шакли хоб мавҷуд буд, инкишоф ёбанд. Вақте ки шахс бо патогени нав дучор мешавад, системаи иммунии ӯ ба муқобили сироят мубориза оғоз мекунад. Агар системаи масуният қавӣ бошад, он такрористеҳсоли патогенро бомуваффақият пахш мекунад ва илтиҳоб оғоз намешавад. Агар системаи масуният, масалан аз сабаби стресс, хоб ва истеъмоли ғизои нодуруст, бемориҳои музмин ё таъсири дигар омилҳои номусоид суст шавад, ангезандаи беморӣ фаъолона афзоиш меёбад ва дар натиҷа одам бемор мешавад. Бисёр омилҳо таъсир мерасонанд, ки бемориҳои сироятӣ инкишоф ёбанд. Яке аз муҳимтарин онҳо ин ҳолати иммунитет аст, агар иммунитет заиф шавад, организм ба муқобили микроорганизмҳо самаранок мубориза бурда наметавонад, дар натиҷа одам тезтар сироят меёбад, сусттар сиҳат мешавад ва ба мушкилиҳо бештар майл мекунад. Ба суст шудани системаи масуният ҳам бемориҳои вазнин масалан, вируси норасоии масунияти одам, ки ба системаи масуният ҳамла мекунад ва ҳам риоя накардани қоидаҳои тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад. Бемориҳои сироятӣ метавонанд бо роҳҳои гуногун зоҳир шаванд. Масалан, сироятҳои роҳи нафас аксар вақт бо сулфа ва душвории нафаскашӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Сироятҳои рӯда боиси дарунравӣ ва дилбеҷоӣ мешаванд. Аз рӯи намуди патоген сироятҳои бактериявӣ, вирусӣ, занбуруғӣ ва паразитӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Бактерияҳо микроорганизмҳои мустақили якҳуҷайра мебошанд, ки метавонанд дар ғизо, об, хок ё дар дохили одамон зиндагӣ ва дубора тавлид кунанд. Намудҳои зиёди бактерияҳо мавҷуданд, ки аксари онҳо зараровар нестанд ва баъзеи онҳо ҳатто барои одамон фоиданоканд, аммо баъзе намудҳо патогенӣ мебошанд, яъне, онҳо метавонанд боиси беморӣ гарданд. Вирусҳо патогенҳои микроскопӣ мебошанд, ки бар хилофи бактерияҳо сохтори ҳуҷайравии худро надоранд. Онҳо ба ҳуҷайраҳои мизбон ворид шуда, дар онҳо афзоиш меёбанд ва баъд аз он хориҷ мешаванд ва ҳуҷайраҳои навро сироят мекунанд. Ҳуҷайраҳое, ки барои такрористеҳсолкунӣ истифода мешаванд, мемиранд. Баъзе вирусҳо метавонанд нисбатан безарар бошанд ва асимптоматикӣ ё сабук бошанд. Сироятҳои занбуруғӣ аз занбӯруғҳои микроскопӣ ба вуҷуд меоянд, ки метавонанд ба пӯст, нохунҳо, мӯй ва узвҳои дарунии инсон ҳамла кунанд. Сироятҳои занбуруғӣ аксар вақт ҳамчун доғҳои пӯст, хориш, пӯст ва тағйирёбии сохтори нохунҳо ё мӯй зоҳир мешаванд. Вақте ки ба узвҳои дохилӣ таъсир мерасонанд, аломатҳо метавонанд ҷиддӣ бошанд ва зиёд шудани хастагӣ, вайроншавии узвҳо ва дар ҳолатҳои вазнин заҳролудшавии хунро дар бар мегиранд. Дар мавриди бемориҳои сироятии пӯст ангезандаҳо ба организми одам аз пардаи луобӣ ва пӯсти иллатёфта дохил мешаванд. Одам чӣ дар аснои тамос ва чӣ аз истифодаи кӯрпаву болин ё са­чоқи бемор сироят меёбад. Сироятҳои паразитӣ аз ҷониби паразитҳо – протозойҳо ё гелминтҳо (яъне кирмҳо) ба вуҷуд меоянд. Паразитҳо метавонанд дар узвҳо ва системаҳои гуногун, аз ҷумла, рӯдаҳо, хун ва ҷигар ҷойгир шаванд. Вобаста ба ҷойгиршавӣ ва намуд аломатҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд, вале бештар маъмултаринашон ихтилоли меъдаю рӯда (дарунравӣ, дарди шикам), камхунӣ, хастагӣ мебошанд. Ҳангоми бемориҳои сироятии хун ангезандаҳо бо хун давр зада, бинобар бо муҳит алоқа надоштан, аз бемор ба шахси солим фақат ба воситаи ҳашароти хунмак мегузаранд. Бемориҳои сироятии рӯдаю меъда вобаста ба мавсим хурӯҷ мекунанд. Баробари оғоз гардидани фасли гармо бемории сироятии рӯдаю меъда хуруҷ намуда, одамонро ба табкунӣ мувоҷеҳ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки вобаста ба намуди патоген ва роҳҳои интиқол, бемориҳо аз рӯи давомнокӣ, табобатшаванда ва усули пешгирӣ тасниф карда мешаванд. Дараҷаи бемории сироятӣ метавонад шадид ё музмин бошад. Дар шакли шадид беморӣ одатан аломатҳои шадидтар дорад, ногаҳон оғоз меёбад ва дар давоми 1 то 3 ҳафта пурра шифо меёбад. Сироятҳои музмин сусттар инкишоф меёбанд, аммо табобаташ хеле душвор буда метавонад. Баъзе сироятҳо ба монанди зуком пурра табобат карда мешавад. Вирусҳои герпес вақте ки ба бадан ворид мешаванд, то абад дар он боқӣ мемонанд, аммо ин маънои онро надорад, ки шахс ҳамеша бемор аст, чун қоида дар ин ҳолат сироят дар бадан дар шакли «нофаъол», яъне, ниҳон аст ва танҳо дар шароити мувофиқ, ҳангоми паст шудани иммунитет фаъол мешавад. Бемориҳои сироятӣ аз давраҳои ниҳонӣ, оғоз, зуҳуроти асосӣ, сабукӣ ва шифо иборат аст.

Мутахассисони соҳаи тиб сарчашмаи аксари бемориҳои сироятиро риоя накардани гигиенаи шахсӣ меҳисобанд ва таъкид менамоянд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза бояд талаботи гигиениро иҷро намуд. Хусусан, дар фасли тобистон, ки авҷи бемориҳои сироятӣ ба чашм мерасанд, ба саломатии худ хеле эҳтиёткор бояд буд.

Маъмултарин навъи бемориҳои сироятӣ дар фасли гармо дарунравӣ мебошад. Бино ба маълумоти табибон сабаби хуруҷи бемории дарунравӣ он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафиллококҳо ва амсоли инҳо ба организми инсон ворид гардида, зарари худро мерасонанд ва шахсро ба бемориҳои шадиди рӯдаю меъда мубтало мекунанд. Дар аксар маврид кӯдакони то синни панҷсола ба бемориҳои шадиди рӯдаю меъда гирифтор мешаванд. Мутобиқи андешаи мутахассисон сабаби асосии ба ин беморӣ гирифтор шудани кӯдакон риоя накардани гигиенаи шахсӣ мебошад. Маълум аст, ки аксаран сабаби бемории дарунравӣ дар фасли гармои тобистон истеъмоли меваю сабзавоти ношуста, аз ҷумла, тарбузу харбузае, ки дар сари роҳҳо зери офтоби сӯзон гузоштаву мефурӯшанд, инчунин, истеъмоли ғизо бо дастони ношуста ва амсоли инҳост, аммо гигиенаи шахсӣ новобаста аз фасл бояд ҳамеша риоя карда шавад.

Дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои беморӣ, ба монанди набудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ, дарунравӣ, қайкунӣ, ҳарорати баланди бадан бояд ба табибон муроҷиат кард. Барои пешгирию табобати чунин бемориҳо мутахассисон ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми хариду истеъмоли маводи ғизоӣ бояд ба таркиб ва санаи барориш аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то ки худ ва наздиконро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд. Дар фасли тобистон ҳангоми риоя накардани қоидаҳои оддитарини санитарию гигиенӣ аз тарафи кӯдакон, инчунин, суст будани назорат аз тарафи волидайн ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ бемориҳои сироятӣ паҳн мегарданд. Дар вақти пайдошавии ин гуна бемориҳо шахс ҳатман бояд ба мутахассисон муроҷиат намояд. Ба маслиҳати онҳо ба таври ҷиддӣ муносибат карда, табобатро сари вақт гирад.

Бояд зикр намуд, ки бемориҳои сироятӣ дар давраи пайдоиш ҳам аломатҳои барои бемориҳои сироятии умумӣ, аз ҷумла, заҳролудӣ – табларза, ҳарорати баланд, сустӣ, дарди сар ва ҳам аломатҳои хосси ҳар як бемориҳои сироятӣ пайдо мешаванд. Дар давраи рӯ ба беҳбудӣ овардани беморӣ нишонаҳои асосии он кам мегарданд, ҳарорати бадан тадриҷан ё зуд паст мешавад, бемор шифо меёбад ё беморӣ музмин давом мекунад. Дар давраи офият сарфи назар аз барҳам хӯрдани аломатҳои клиникӣ дар узвҳои иллатёфта тағйирот боқӣ мемонад. Шахсони гирифтори бемориҳои сироятиро дар беморхона, дар баъзе ҳолатҳо дар хона табобат мекунанд. Нигоҳубини дуруст ва ғизои хуб муолиҷаи бисёр бемориҳои сироятиро осон мегардонад.

Ҳамин тавр, кам шудан ва барҳам хӯрдани бемориҳои сироятӣ бештар ба сохти ҷамъият, тараққиёти хоҷагии халқ, дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ, хизматрасони тиббӣ ба шаҳрвандон ва сифати он вобастагӣ дорад. Дар ин масир барои пешгирии бемориҳои сироятӣ бар баробари масъулини соҳа, табибон, инчунин, ҳар як шаҳрванд низ бо дарки он ки «Солимии миллат бойгарии асосии давлат аст» эҳсоси масъулият намуда, саҳми арзандаи худро дар ҳифзи сиҳатии худу дигарон гузорад.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


20.07.2024 365

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php