ШАРҲИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»


ШАРҲИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро заминаи асосии бунёди давлати соҳибистиқлоли худ қарор дод. Мутобиқи қисми сеюми моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон нигаронида шудааст. Таъмини некуаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ ҳадафи асосии давлати иҷтимоӣ аст. Мафҳуми некуаҳволии ҷамъият дар муҳайё кардани шароит ба меҳнат ва гирифтани музди сазовор барои меҳнат, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад. Барои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати танзими ҳуқуқии ҷашну маросим ба вуҷуд омад. Бо пеш омадани зарурат ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав аз 20 июни соли 2024, №2048 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад. Ин Қонун аз муқаддима, 6 боб ва 22 модда иборат буда, тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст. Қабули такмилдодашудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идомаи сиёсати пайгиронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дарёфти асолати фарҳангии ҷашну маросим дар зиндагии сокинон, пешгирӣ намудани рафторҳои хурофотӣ, исрофкорӣ ва тақлидҳои бебунёд буда, ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа мусоидат менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашну маросими аҷдодӣ ва меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷикро ҷиҳати баргузории ҷашну маросим инъикос намуда, онҳоро дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳо ба танзим медарорад. Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маросим - маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавиест, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд. Зери мафҳуми ҷашн таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ шарҳ дода шудааст.

Ҷашну маросим рукни муҳимми фарҳанги миллӣ буда, дар ҳар ҷомеаи озод ва демократӣ ҳифзу рушдро мутобиқ ба манфиатҳои халқ ва давлат тақозо менамояд. Ҷаҳонишавӣ боиси омехташавии арзишҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла, ҷашну маросими миллии халқҳо гардидааст ва дар ин масир халқҳои ҷаҳон талош менамоянд, ки ҷашну маросими миллии хешро дар шакли аслӣ ҳифз намоянд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик таҳти сарварии роҳбари оқилу дурандеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросими аслии миллии худро ҳифз намуда, тақвият бахшида, бо асосҳои ҳуқуқию маъмурӣ мустаҳкам гардонидааст. Танзими анъана ва ҷашну маросим барои ба эътидол овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ нақши муҳим дорад. Ба танзим даровардани ҷашну маросим омили муҳимми амалӣ гардидани шарт ва унсурҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзандаи шаҳрвандон дониста мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъулият ва уҳдадориҳои мақомоти ваколатдор ва шаҳрвандонро барои ташаккули мафкураи созгори ҷамъиятӣ дар самти танзими ҷашну маросим тақвият бахшида, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар шинохти асолати фарҳангӣ баланд мебардорад ва омори қонунвайронкуниҳоро ба манфиати ҷомеа коҳиш медиҳад. Қонуни мазкур се ҷанба-маънавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Ҷанбаи маънавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар он ифода меёбад, ки он хислати инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ дошта, исрофкориро ҳамчун амали номатлуб эътироф менамояд, камхарҷу сарфакорона баргузор намудани ҷашну маросим ва оростани дастурхонро қисми таркибии маънавиёти миллӣ дониста, барои баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ мусоидат менамояд. Аз лиҳози иқтисодӣ-Қонуни мазкур омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум тавассути роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим мусоидат менамояд. Барои ноил шудан ба ин иқдоми нек, на танҳо ҳидояти Қонун, балки амали неки ҳар як инсон оид ба эҳтиром нисбат ба неъматҳои моддии дар натиҷаи заҳмат бадастоварда, дарки он ки ҳама гуна исроф навъе аз беэҳтиромӣ нисбат ба молу мулки худ буда, хилофи одату маросим мебошад, зарур аст. Ҷанбаи ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат барои таъмини амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа дар мамлакат мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин, ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо татбиқ мегардад. Намояндагони миллату халқиятҳо ва дину мазҳабҳои дигар ҷашну маросими худро дар асоси расму оинҳои худ метавонанд гузаронанд. Онҳо ҷашну маросими дар Қонуни мазкур пешбинишударо бо риояи муқаррароти ҳамин Қонун мегузаронанд.

Амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим, тасдиқи тартиби гузарондани маросими дафну азодорӣ, ташкили сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра, шарҳу тавзеҳи масъалаҳо оид ба танзими ҷашну маросим, назорати иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷашну маросим, андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур, додани тавсияҳо ҷиҳати дуруст амалӣ кардани корҳои хайриявӣ ва эҳсонкорӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани хурофоту таассуб, пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ, таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим, дархости маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият ваколатҳое мебошанд, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар амалигардонии он масъул мебошад. Қонунгузор муқаррар кардааст, ки ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад. Ҳамчунин, маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд. Маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронда мешавад. Хатна бо розигии падару модар дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад. Гузарондани маъракаи ақиқа манъ аст.

Дар моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибатҳо барои баргузор намудани тӯйи домодию арӯсӣ танзим шудааст, ки тибқи он тӯйи домодию арӯсӣ бо гузарондани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд. Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронда мешаванд. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафҳо метавонанд ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон ё барои корҳои хайриявию эҳсонконӣ, аз ҷумла, таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо сарф намоянд. Гусели арӯсу домод бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронда мешавад. Маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари дахлдор амалӣ карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир шумораи умракунандагон афзуда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ҳангоми пешвози умракунандагон ба зиёдаравию исрофкориҳо роҳ дода мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 бамаврид таъкид намуданд, ки: «Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа, ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад».

Дар робита ба ин қайд намудан ба маврид аст, ки дар моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шуд ва ҳоҷиён ва умракунандагон метавонанд ба ҷойи маъракаҳои манъшуда корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла, таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.

Мутобиқ ба қонунгузорӣ ҷашну маросим дар майдончаҳо (ҳавлиҳо)-и назди биноҳои истиқоматӣ, дохили манзили истиқоматӣ, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронда мешаванд. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад.

Маврид ба таъкиди хос аст, ки тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронда мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 18. Уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро доир ба барпосозии тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

2. Оростани зиёфат ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ манъ аст.

3. Дар ҷашну маърака пошидан ва часпондани пул манъ аст.

4. Сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи Қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳалли истиқомат ва ё фаъолият масъулият доранд.

5. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумла, пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар дар ин самт ҷалб намоянд. Бо татбиқи пурраи Қонуни мазкур сол аз сол сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поён рафта, зиёдаравию исрофкориҳо дар баргузории ҷашну маросим пешгирӣ карда мешавад ва вазъи зиндагонии аҳолӣ беҳтар мегардад.

Ҳарчанд баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзоёни хонавода, хешовандон ва маҳалла ҷашну маросимро сермасраф баргузор менамоянд. Ҳамчунин, таҳлилҳои коршиносону мутахассисони соҳа маълум менамоянд, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд. Ҳастанд нафароне, ки бо сабаби паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва иҷро намекунанд. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушди бомароми ҳаёти маънавию ахлоқӣ ва беҳтар шудани рӯзгори мардум боис мегардад ва имрӯз риояи қатъии он вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Набояд фаромуш кард! Барои роиоя накардани талботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қонунгузории амалкунанда ҷавобгариҳо пешбинӣ шудааст.

КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 481. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим

1. Барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо,-

ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

2. Барои гузарондани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузарондани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

3. Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арӯсӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи дусаду бист ва шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

4. Барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ҳунармандон, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо) вайрон намудани тартиби хизматрасонии ҷашну маросим, аз ҷумла оид ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

5. Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва дигар маърака ба хотири ҳаҷ ё умра, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ё умра,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

6. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 ҳамин модда пешбинишуда, ба истиснои кирдорҳо ва шахсони дар қисмҳои 7 ва 8 ҳамин модда зикргардида,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазор, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

7. Барои даҷалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазору дусад, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

8. Барои аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ҷайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва роҳбари дигари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ содир кардани кирдорҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 5 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин аз ҷониби шахсони мазкур барои даҷалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим,-

ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

 

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 334(2). Вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим

Барои вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва дигар роҳбари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, инчунин аз ҷониби шахсони дигар ба таври дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта содир шудани ҳамин кирдорҳо дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ,-

бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазору дусад то ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Ҳамин тавр, асос ва заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал кардан ва таъмини волоияти қонун мебошад. Бо назардошти ин, тақозо мегардад, ки ҳар як нафар барои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи исрофкорию хурофотпарастӣ дар амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошад.  

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


20.07.2024 364

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php