ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО


ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Муҳити зисти инсон маҷмӯи ҷузъиёти муҳити табиие мебошад, ки барои саломатии одамон бисёр манфиатовар аст. Роҳбарият ва тамоми кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисту таълим таваҷҷуҳи махсус дошта, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ҳашарҳои дастаҷамъона ва шанбегию аксияҳои тозагиро баргузор менамояд.

Санаи 20.07.2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо иштироки кормандондони қисми хоҷагӣ дар Донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он, аз ҷумла, Маҷмааи таълимии шаҳраки «Шифобахш», бинои асосии маъмурию таълимӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии «Стоматология», Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия», хобгоҳҳо воқеъ дар хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор гардида, дохил, саҳн, гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, роҳравҳои ҳамшафати Донишгоҳ, гирду атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрвандон тозаю озода карда шуданд. Иштирокдорони шанбегӣ дарахтон, буттаву гулҳо ва сабзазорҳоро ба тартиб дароварда, сабзазорҳо, гулгаштҳо, кӯчаву роҳҳои ҳамшафати Донишгоҳро аз партобҳо поку рутубатнок намуданд.

Ҳамин тавр, дар баробари корхонаву муассисаҳо ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар ҳифзу тоза нигоҳ дорштани муҳиту маҳалли зист, мавзеъҳои пур аз гулу гиёҳ, буттаву дарахтзорҳо, ки табиати зебоеро ташкил медиҳанду барои саломатии одамон бисёр фоидаоваранд, саҳмгузор бошад.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Хадамоти ректори Донишгоҳ


10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
20.07.2024 310

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php