ТАЪСИРИ ГАРМШАВИИ АЗ ҲАД ЗИЁДИ ҲАВО БА САЛОМАТӢ ВА ЗИНДАГИИ ИНСОНҲО


ТАЪСИРИ ГАРМШАВИИ АЗ ҲАД ЗИЁДИ ҲАВО БА САЛОМАТӢ ВА ЗИНДАГИИ ИНСОНҲО

Фасли тобистон бо гармии муқарарӣ, истироҳату фароғат ва неъматҳояш зебову дӯстдоштанист, валн аз меъёр боло рафтани ҳарорати ҳаво дар ин фасли сол ба инсон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоме, ки ҳарорати ҳаво аз ҳудуди 40 дараҷа боло меравад, мутахассисон аз таъсири он ба саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакону пиронсолон ҳушдор медиҳад. Аз гармии зиёд кӯдакону навзодон осебпазиранд, зеро ҳарорати аслии онҳо нисбат ба калонсолон ба таври назаррас баландтар шуда, зери хатари гармӣ ва баъзе бемориҳо қарор мегарданд. Ҳавои гарм инсонҳоро ба беобшавӣ ва баланд шудани ҳарорати бадан гирифтор мекунад. Кӯдакони навзод ва хӯрдсол дар танзими ҳарорати худ мушкилии зиёдтар мекашанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки якбора гарм шудани вазъи ҳаво дар мамлакат пеш аз ҳама ба ғарқшавии баъзе шаҳрвандон, бахусус, насли наврас ҳангоми оббозӣ мегардад. Ин ҳолат таъсири худро ба ҳолати равонии одамон мегузорад. Дар ин вазъ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки сокинон бе зарурат ба берун набароянд. Гармшавии иқлим дар миқёси олам таъсири манфии худро дар шакли пастшавии сифати ҳаво ва ифлосшавии муҳити зист, саломатии аҳолӣ, заифшавии қабати азонии атмосфера, обшавии пиряхҳо, ифлосшавии обҳо, нобудшавии ҷангалзорҳо, мушкилиҳо дар соҳаи кишоварзиву чорводорӣ, зери об мондани баъзе минтақаҳои соҳилӣ, биёбоншавии заминҳо ва вайроншавии роҳҳо мерасонад. Нишонаҳои тағйирёбии иқлим дар он зоҳир мегардад, ки дар тамоми ҷаҳон гармиву сардиҳо ва боришоти ғайриинтизор рух дода истодаанд. Вобаста ба ҳифзи муҳити зист, манбаҳои обӣ, захираи маҳсулоти ниёзи аввал ва дар маҷмуъ, барои таъмини солимиву зиндагии шоиста мебояд аз тавсияи мутахассисон ва имкониятҳои мусоид босамар истифода намуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Хадамоти ректори Донишгоҳ


13.07.2024 178

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php