ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙЁМАДҲОИ ОН


ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙЁМАДҲОИ ОН

Тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои глобалии асри 21 ба шумор меравад. Ин раванд боиси дигаргуншавии муътадилияти иқлим ва афзоиши ҳодисаҳои табиӣ мегардад, ки таъсири манфӣ ба башарият ва муҳити зист дорад. Сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим ин афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ аз фаъолиятҳои инсонӣ, аз ҷумла, истихроҷи сӯзишвории фоиданок, саноат, кишоварзӣ ва нобудкунии ҷангалҳо маънидод мегардад. Тоҷикистон дар навбати худ бо пешоҳангӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти пешгирии раванди тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани тадбирҳои таъхирнопазир чалб менмляд. Афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, аз ҷумла дуоксиди карбон (CO2), метан (CH4) ва нитроген оксид (N2O) асоси тағйирёбии иқлим баҳогузорӣ мегардад.   Чунин газҳо тавассути сӯзонидани сӯзишвории фоиданок, фаъолияти саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин, буридани ҷангалҳо ва тағйир додани истифодаи заминҳо тавлид мешаванд.         Ин аст, ки дигаргуниҳои табиӣ, хушксолӣ, лапишҳои иқтисодӣ ва болоравии арзиши маводи озуқа дар замони навин дар аксар кишварҳои ҷаҳон чун мушкилоти ҷиддӣ пазируфта шуда, камбуди ғизо ва оқибатҳои ногувори он андешидани тадбирҳои бетаъхирро тақозо мекунад.

Бо дарназардошти дигаргуниҳои иқлимӣ ва ҳифзи табиат имрӯз олимон ба таҳқиқу озмоишҳои нав мепардозанд. Тағйирёбии иқлим як таҳдиди глобалии асри 21 аст, ки ба ҳаёт дар рӯи замин таъсири манфӣ мерасонад. Барои пешгирӣ ва муқовимат бо ин таҳдид бояд тасмимҳо дар самти кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, муҳофизати ҷангалҳо ва истифодаи технологияҳои сабз мутамарказ карда шавад. Рӯ ба рӯшавӣ ба таҳдидҳои глобалӣ чун тағйирёбии иқлим бобати коҳиш додани ин раванд амалҳои мушаххасро баҳри кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, гузаштан ба манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергия ё “энергияи сабз” пеш овардааст.      Ҳадафи наву натиҷабахш, яъне, гузаштан ба энергияи сабз иқдоми зарурӣ барои ояндаи устувори экологӣ ва иқтисодӣ мебошад. Бо истифодаи манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергия, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаи таъмин гардида, ҳифзи муҳити зист беҳтар ва бехатарии энергетикӣ таҳким меёбад. Ҳушдор ва таклифи пешбурди амалҳо баҳри коҳиш додани таъсири манфии дигаргуниҳои табиӣ аз ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ шуда, раванди татбики нақшаҳо ҳамгироии муштаракро тақозо мекунад. Бо такя ба ҳадафҳои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай консепсияҳои амал дар тамоми самтҳо рӯи кор гирифта шуда, самар меоранд. Дар шароити то рафт мураккаб гардидани вазъи иқтисодӣ дар ҷаҳон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ояндабинӣ пайваста андешидани тадбирҳои муассир чун истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ, манбаҳои обӣ, рӯ овардан ба самаранокии истифодаи заминро дар кишвар ҳидоят менамоянд, ки натиҷа ба бор меорад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Хадамоти ректори Донишгоҳ


13.07.2024 177

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php