ШАРҲИ ҚОНУНГУЗОРӢ: ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ВА ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ШАРҲИ ҚОНУНГУЗОРӢ: ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ВА ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ як қатор падидаҳое рӯи кор омаданд, ки заминаи ҳуқуқии онҳо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардиданд. Низоми сохтори конститутсионӣ, ки хусусияти ҳуқуқтаъсискунӣ ва меъёрмуқаррарнамоӣ дорад, бо қабулу татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи низоми ҳуқуқ ва қонунгузорӣ заминаи асосии ҳуқуқӣ гузошт. Конститутсия ба сифати асосҳои сохтори конститутсионии ҷамъият ва давлат усулҳо ва заминаҳоро муқаррар кардааст, ки онҳо таҳкурсии ҳуқуқии Тоҷикистонро муайян ва мустаҳкам менамоянд. Онҳо моҳият, шакл ва мақсаду вазифаҳои давлатро муайян намуда, инчунин, хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати нави сохибихтиёри миллӣ нишон медиҳанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави миллии давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, бахусус, дар низоми хизмати давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар бахшҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар шароити имрӯза мукаммал гардида, вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ инкишоф ёфтааст.

«Шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд» - ин меъёр аз муқаррароти қисми 2-юми моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ пешбинӣ намудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити умумии баробар ба хидмати давлатӣ роҳ додани шаҳрвандон яке аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлол буда, аз моҳияти демокративу ҳуқуқбунёдии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Ҳамчунин, муқаррароти мазкур ба банди «е»-и моддаи 25-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пурра мувофиқ меояд, ки дар он гуфта шудааст: «- ба ҳар як шаҳрванд дар кишвари худ бояд беҳеҷ гуна поймолкунӣ ва маҳдуднамоии беасос тибқи шарту шароити барои ҳама баробар ҳуқуқу имконияти иштирок кардан дар хизмати давлатӣ дода шавад».

Дар заминаи меъёри конститутсионӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5-уми марти соли 2007, №233 қабул гардидааст, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Мутобиқи Қонуни мазкур зери мафҳуми дастгоҳи давлатӣ низоми мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти он барои амалӣ намудани вазифа ва сиёсати давлат равона шудааст, фаҳмида мешавад. Мақоми давлатӣ бошад, ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатист, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд. Мансаби давлатӣ ин воҳиди сохтории мақоми давлатӣ аст, ки дар доираи салоҳияти муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ таъсис дода шудааст. Хизмати давлатӣ фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ мебошад, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст. Хизматчии давлатӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст.

Тибқи қонунгузорӣ шартҳои асосии хизмати давлатӣ ба волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ, ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшазандаро ташкил медиҳад, касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ, ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ, ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ, устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ, баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ, баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ асос меёбад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки самаранокии фаъолияти давлат пеш аз ҳама, ба вазъ ва имкониятҳои кадрии он алоқаманд буда, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо вобаста ба малакаю лаёқати касбии онҳо дар мансабҳои давлатӣ баёнгари сиёсати пешгирифтаи ҳар як кишвар маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба баланд бардоштани нуфузи соҳаи хизмати давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Дар робита ба ин, яке аз тадбирҳо дар низоми хизмати давлатӣ танзими рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчиёни давлатӣ, одоб ва нуфузи хизмати давлатӣ мебошад.

Дар мамлакат Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад. Кодекси мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ, тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин, бо мақсади таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ, танзими бархӯрди манфиатҳо, тавзеҳ додани принсипҳои хизмати давлатӣ қабул шудааст. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти асосҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият ба хизмати давлатӣ хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбии хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушаххасу муайян намудааст.

Эҷоду таҳия ва қабулу дар амал татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба хизмати давлатӣ ва одоби хизматчии давлатӣ барои тақвияти фаъолияти самараноку садоқатмандонаи хизматчиёни давлатии соҳибкасб, таҳкими фазои осоишта, рушди ҳамҷониба ва муаррифи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконияту шароити муосирро фароҳам меорад. Низоми хизмати давлатӣ ва фаъолияти самаранокии хизматчиёни давлатӣ ҳамчун қисми таркибии сохтори давлат дар байни давлат ва ҷомеа нақши васлкунандаро бозида, ба зиммаи он таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, вогузор карда шудааст. Вазифаи асосии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз хизмат ба давлат, балки аз мусоидат ба давлат дар роҳи хизмат кардан ба ҷомеа иборат мебошад. Хизмати давлатӣ бояд барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ ва фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

Қонунгузорӣ оид ба хизмати давлатӣ ва одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ташаккулу инкишоф ва рушду таҳкими низоми хизмати давлатиро ҳамчун институти махсуси давлатию ҳуқуқӣ поягузорӣ карда, барои мувофиқ намудани он ба муносибатҳои муосири иҷтимоӣ ва боз ҳам таҳким бахшидани низоми хизмати давлатӣ заминаҳои устувор мегузорад. Дар қонунгузорӣ дар бораи хизмати давлатӣ, хоса, дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки дастури амал қарор додани қоидаҳои Кодекси мазкур уҳдадории хизматчии давлатӣ буда, риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Таҷрибаи давлатсозию давлатдорӣ, низоми намунавии идораи давлатӣ, бунёду рушди шаҳрсозӣ, эҷодкорию риояи ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ барои миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик аз арзишҳои муҳими миллию умибашарӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун дастоварди беназир такмил дода шуда, то имрӯз ҳифз гардидааст. Чунин таҷрибаи давлатдорӣ дар шароити муосир, ки кафили зиндагии арзандаву ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон мебошад, рушд додану боз ҳам мустаҳкам гардонидани он қарз ва вазифаи асосии ҳар як шаҳрванд, хоса, хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Татбиқи воқеӣ ва самараноки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ барои таъмини волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, фаъолияти одилонаву поквиҷдонона ва эҳтирому муносибати дуруст бо шаҳрвандон мусоидат менамояд. Бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудан ба маврид аст, ки имрӯз хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд ва ҳам масуъланд, ки бо «дасту дили пок», «нияти нек», «садоқат ба давлату миллати худ», «нангу номуси ватандорӣ», «эҳсоси масъулияти ба зиммадошта» фаъолият намоянд.

 

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 

 

 


13.07.2024 171

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php