Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад

Тавре дар мақолаи қаблӣ гуфта шуд, мувофиқи  талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» акнун дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулияти таълим ва тарбияи кӯдак дар қатори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,  ҳамчунин вазоратҳои адлия,  корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  мудофиа,  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳо  оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,  кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио,  дин, танзими анъана ва ҷашну маросим низ иштирок мекунанд. Савол пайдо мешавад, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таълиму тарбияи кӯдак чӣ саҳм дошта метавонад? Шарҳи навбатии АМИТ «Ховар» дар ҳамин мавзуи рӯз пешниҳод мешавад.

— Ба ҳама маълум аст, ки хизмати ҳатмии аскарӣ дар шароит ва муҳити ба худ хос, бо маҳдудиятҳои муайяни муваққатӣ мегузарад. Дар ин давра ҷавонон зери назорату талаботи сахтгирона ба машқу таълими мунтазаму пайдарпай фаро гирифта мешаванд.

Ҳадаф аз ин машқҳои давомдору сангин,  пеш аз ҳама обутоб додани сарбозон, мутобиқу тобвар сохтани ҳолати ҷисмонӣ ва равонии онҳо ба ҳама гуна мушкилоти пеши рӯ омада мебошад. Дар натиҷаи ин машқҳои ҳарбӣ на танҳо бадани сарбозон обутоби ҷисмонӣ мегиранд, балки руҳияи онҳо қавӣ мегардад, инчунин сарбозон ба қобилияту тавоноии худ эътимоду боварӣ пайдо мекунанд.

Дар ин давра ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ ҷалбшуда эҳсоси эътимод ба неруи худ, нотарс будан, ҷасорат доштану дар баробари он оини ҷавонмардиро нигоҳ доштанро пайдо мекунанд. Эҳсосоти пайдошуда баъдан шакли пурра мегирад ва давоми солҳои минбаъдаи ҳаёт ба яке аз шарту оини зистан мубаддал мегардад.

Чунин тарзи омода кардани ҷавонон дар ҳама артишҳои мамлакатҳои олам аз аввал ҷорӣ буд, ҳоло ҳам идома дорад ва дар оянда низ боқӣ мемонад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фариддун Маҳмадализода ҳангоми суҳбат изҳор дошт, ки командирони взводҳо, ротаҳо, баталиёонҳо ва ба ҳамин тартиб командирони сатҳи гуногуни қисмҳои ҳарбӣ бештар аз ҳама барои сиҳату саломат ва беосеб мондани ҷавонони наваскар масъулият доранд. 24 соати хизмати ҳарбии афсарон ба он равона шудааст, ки аскарон ба ягон ҳолати муносибатҳои ғайриоинномавӣ дучор нагардад. Ин аз як тараф талаботи уҳдадории хизматӣ ва қонунҳои амалкунанда бошад, аз тарафи дигар, сар задани ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоиномавӣ дар байни аскарон ба тақдиру сарнавишти минбаъдаи афсарон таъсир мерасонад. Зеро шахсе, ки ҳаёти худро ба кори ҳарбӣ бахшидааст, дар натиҷаи заҳмат ва талошҳои шабонарӯзӣ соҳиби унвони ҳарбӣ ва вазифаи хизматӣ шудааст бо сар задани як ҳолати ғайриоинномавӣ дар байни аскарон метавонад дар як лаҳза аз ҳама дастовардҳои худ маҳрум гардад.

Сар задани ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар байни наваскарон метавонад афсарро аз идомаи хизмати ҳарбӣ маҳрум созад. Ҷойи пинҳон нест, ки шахси аз аввал дар кори ҳарбӣ машғулбуда наметавонад ба осонӣ ба зиндагонии муқаррарии шаҳрвандӣ баргардад. Имкон дорад ки он шахс ба мушкилоти равонӣ ва иҷтимоӣ дучор гардад. Ин ҳама омилҳои ногувор афсарони артишро водор месозад, ки дар корҳои тарбиявӣ байни сарбозон ҳамеша доно ва масъулиятшинос бошад.

Муттаассифона, баъзан дар сафи артиш онҳое ҳам ҷалб мешаванд, ки дар оила, мактаб ва ҷомеа аз таълим ва тарбияи дуруст бархурдор набуданд. Ҷойи афсӯс аст, ки на ҳамаи ҷавонони ба сафи артиш ҷалбшуда дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва таҳаммулгароӣ тарбия гирифтаанд. Баъзе аз онҳо натанҳо аз маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ бехабаранд, ҳатто оддитарин қоидаҳои эстетикӣ, санитарӣ, гигиенаи шахсиро намедонанд, аз фарҳанги ҳамзистӣ дар коллектив ва муоширати шоиста бо атрофиёни худ бехабаранд.

Дар доираи қонун баробари дигар вазорату кумитаҳо ҷалб шудани Вазорати мудофиаи мамлакат дар таълим ва тарбияи кӯдак иқдоми хубест, ки тавассути он минбаъд ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ бо омодагии комил ҷалб карда хоҳанд шуд. Дар ин маврид ҳамкории босамар байни Вазорати маориф ва илм бо Вазорати мудофиа айни муддао мебошад.

Таълим ва тарбияи шоистаи насли наврас барои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат заминаи хубро ҷиҳати ҷалби ҷавонони бомаърифат, ҳушёру зирак, тарбиядида, огоҳ аз талаботи оддитарини ҳамзистии осоишта дар коллектив барои хизмат ба хизмати аскарӣ фароҳам меорад.

Солҳои қаблӣ барои ҷавонмард айб дониста мешуд, агар ӯро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ қабул намекарданд. Дар натиҷаи ҳамкории оила, мактаб, ҷомеа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои давлатӣ дар самти таълим ва тарбияи насли наврас мушкилоти имрӯз ҷойдошта ба зудӣ бартараф карда мешавад.

Дар амал татбиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» натанҳо ҷомеаро бо насли шоистаи ифтихор таъмин месозад, ҳамчунин неру ва тавоноии артиши миллиро боз ҳам бештару мустаҳкамтар мекунад.


АМИТ «Ховар»


11.07.2024 198

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php