Хатми навбатии мутахассисони соҳаи ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ


Хатми навбатии мутахассисони соҳаи ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ

Дастовардҳои тибби муосир дар сатми ташхис хеле назаррас мебошад. Дар ин раванд пешравиҳо ва самараи ташхиси озмоишгоҳиро алоҳида қайд намудан зарур мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин самти тиб дар замони истиқлолият хеле рушду инкишоф ёфтааст. Қобили қайд аст, ки бо ба фаъолият шуруъ намудани озмоишгоҳҳои муосир табалаботи соҳаро ба кадрҳои баландихтисос рӯз аз рӯз афзун менамояд. Аз ин лиҳоз, бо назардошти талаботи соҳа ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ бо ибтикори раёсати донишгоҳ курси ташсихиси клиникии озмоишгоҳӣ ба кафедра табдил дода шуд ва пойгоҳи моддию техникии он мукаммал карда шуд. он дар пойгоҳи Пажуҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ ҷой гирифта аст. Мудирии кафедраи мазкурро номзади илмҳои химия, мутахассиси варзидаи соҳа Махкамова Б. ба ӯҳда дорад.

Баъди ба итмом расидани муҳлати таҳсили шунавандагони навбатии кафедраи ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ дар санаи 08.07 соли 2024 имтиҳони хатми онҳо баргузор гардид. Комиссия зери роҳбарии муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилзода Қ.К. сатҳи дониши азхуднамудаи шунавандагонро санљид.

Корҳои дар ин самт иљрогашта ба он ишора менамоянд, ки Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ ва кафедраи ташхиси клиникии озмоишгоҳии Донишгоҳ барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни соҳаи тандурустии кишвар ба кадрҳои баландихтисоси ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ дар оянда низ тайёр аст саҳми арзандаи худро гузорад.  

 

                                     

Ҳамидов Ф.М. мутахассиси пешбари

                                                               Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ

 



09.07.2024 344

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php