ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ


ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ ҳар ҳафта дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва зерсохторҳои он корҳои ободонӣ тавассути баргузор намудани ҳашарҳои дастаҷамъона, шанбегию аксияҳои тозагӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорону кормандон сурат мегирад.

Санаи 06.07.2024 бо иштироки кормандони қисми хоҷагӣ дар Донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он шанбегӣ гузаронида шуд ва иштирокчиёни шанбегӣ дар баробари саҳмгузорӣ дар тозаву озода намудани биноҳои маъмурию таълимии Донишгоҳ, инчунин, кӯчаву роҳравҳо, ҷуйборҳо, гулгаштҳо ва истгоҳҳои ҳамшафати Донишгоҳ, ки бахше аз зебоиҳои пойтахти мамлакат шаҳри Душанберо ташкил медиҳанд, тозаву покиза ва зебову хушнамуд гардонида, гулу буттаҳо ва дарахтонро ба тартиб дароварда, аз патобҳо пок намуданд.

Тозаю озода намудани муҳити таълим, биноҳою гулгаштҳо ва кӯчаву роҳравҳои ҳамшафати Донишгоҳ шаҳодати он аст, ки тамоми омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баҳри гулгушукуфии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими саломатии шаҳрвандон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Хадамоти ректори Донишгоҳ


4
3
2
1
06.07.2024 543

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php