Мактаби XI байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино «МУТОБИҚШАВӢ, СТРЕСС ВА САЛОМАТӢ»


Мактаби XI байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино «МУТОБИҚШАВӢ, СТРЕСС ВА САЛОМАТӢ»

Соли 2011 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Мактаби тобистона барои андӯхтани малакаи гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил карда шуд. Мақсад аз ташкили мактабҳои байналмилалии тобистонаи Донишгоҳ табодули таҷриба дар соҳаи тадқиқоти илмӣ байни мутахассисони варзидаи тиб, олимони ҷавон ва донишҷӯён, инчунин, шинос намудани ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни кишварҳои гуногун бо мавзеъҳои зебову сайёҳии Ҷумҳурии Тотористон мебошад. Мактабҳои байналмилалии тобистона ба иштирокдорону хонандагон таассуроти фаромӯшнашаванда мегузорад. Соли 2012 дуюмин Мактаби байналмилалии тобистона ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони Федератсияи Россия, Украина, Чин ва Қазоқистон фаъолона иштирок намуданд. Ҳамасола ташкил ва гузаронидани мактабҳои тобистона дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳукми анъана даромадааст.

Имсол Мактаби XI байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино зери унвони «Мутобиқшавӣ, стресс ва саломатӣ» аз 01.07.2024 оғоз гардида, то 10.07.2027 идома меёбад ва дар доираи он конференсияву мизҳои мудаввар, ҳамоишҳои гуногуни илмию сайёҳатӣ бо иштироки доираи васеи мутахассисони варзидаи тиб, олимони ҷавон ва донишҷӯёни Федератсияи Россия, ҷумҳурииҳои Тоҷикистону Қазоқистон ташкил ва гузаронида мешаванд.

Дар кори нахустконференсияи Мактаби XI байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино муовини ректори оид ба корҳои таълимию методӣ Додхоев Ҷамшед Саидбобоевич доктори илмҳои тиб, профессор суханронӣ карда, ба иштирокдорони Мактаби мазкур ҷиҳати ташрифот ва саҳмгузорӣ дар рушди илми тиб арзи сипос намуданд. Мавсуф дар идомаи суханронӣ оид ба аҳамияти баргузории мактабҳои тобистона, нақши он дар рушди илми тиб, инчунин, оид ба натиҷаҳои мактабҳои тобистона андешаронӣ карданд, аз ҷумла, зикр намуданд, ки: «Дар тӯли 12 соли фаъолияти мактаби тобистона (аз соли 2011) он ба як ҷузъи ҷудонашаванда ва муҳими раванди илмию таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино табдил ёфта, мақоми мактаби байналмилалиро гирифтааст. Мактаби тобистонаи Донишгоҳ ин платформаест, ки барои ноил гардидан ба дастовардҳо мусоидат мекунад. Роҳбарияти Донишгоҳ лоиҳаҳои инноватсионӣ, тадқиқот ва рушдро дастгирӣ мекунад. Мо пайваста конфронсҳо, симпозиумҳо, форумҳо ва намоишгоҳҳо баргузор менамоем ва ин барои рушду инкишофи ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо дигар муассисаву донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ мусоидати фаъол менамояд».

Дар доираи чорабиниҳои Мактаби XI байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маърӯзаҳо дар мавзуъҳои «Таъсири омилҳои шадид ба реактивии системаи репродуктивии занона», «Ба масъалаи омухтани механизмҳои молекулавии фаъолияти ҳаракат дар шароити муътадил ва патологӣ», «Имкониятҳои усулҳои тибби интегралӣ барои ислоҳи стресс», «Давомнокии касбӣ ва самаранокии функсионалии кормандони иҷтимоӣ дар минтақаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими шимолӣ: арзиши мутобиқшавӣ ва пешгӯӣ», «Веб-хизматрасонӣ барои арзёбии саломатии ҷисмонӣ ҳамчун воситаи ташкили равиши дифференсиалӣ дар тарбияи ҷисмонии мактаббачагон», «Таъсири намудҳои шахсияти донишҷӯ ба динамикаи ҳолати танзимкунанда-мутобиқшавӣ», «Усулҳои ташхиси сахтафзори стресс ва мутобиқшавӣ», «Арзёбии ҳолати неврологии каламушҳо дар давраи пас аз реаниматсия пас аз 10 дақиқаи марги клиникӣ», «Таъсири стресс ба раванди мутобиқшавии донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия», «Маҷмуаи ёрии аввалияи мусиқӣ: асосҳои физиологии терапияи мусиқӣ», «Проблемаҳои пешгирии истеъмоли маводи мухаддир ва моддаҳои таъсирбахши ноболиғон», «Пешрафт ва инкишофи насли каламушҳо дар натиҷаи фишори кимиёвии модар», «Муносибати байни реактивии системаи автономии асаб, системаи нейросекретории гипоталамус-гипофиз ва системаи антиоксидантии прооксиданти бадани каламуш», «Омӯзиши стресс дар донишҷӯёни тиббӣ: сабабҳо ва зуҳурот», «Саломатии психологии донишҷӯён: омилҳои пешгӯинашаванда» ва дигар мавзуъҳо аз ҷониби мутахассисони варзидаи тиб, олимони ҷавону донишҷӯёни ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла, Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич, доктори илмҳои тиб, профессор, Карабоев Аминжон Гадаевич номзади илмҳои тиб, дотсент, Миндубаева Фарида Анваровна доктори илмҳои тиб, профессор, Миненко Инесса Анатолевна доктори илмҳои тиб, профессор, Попова Марина Алексеевна доктори илмҳои тиб, профессор, Федорова Елена Юревна доктори илмҳои тиб, профессор, Халфина Регина Робертовна доктори илмҳои биологӣ, дотсент, Чередник Ирина Леонидовна доктори илмҳои тиб, профессор, Банаян Александра Анатолевна номзади илмҳои психология, Бондарчук Юлия Алексеевна номзади илмҳои тиб, дотсент, Кулиев Озод Абдираҳмонович номзади илмҳои тиб, дотсент, Лопатина Светлана Сергеевна номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Отургашева Наталя Вадимовна, Шутова Светлана Владимировна, Бузорина Екатерина Николаевна, Манаева Ирина Николаевна, Жуманиёзов Шавкат Атаназарович, Нуримов Паҳлавон Бахтиёрович, Абдураҳмонов Шамсиддин Ферузович, Мамурова Ихтибор Улуғбековна ва дигарон пешниҳод ва муҳокима карда мешаванд.

Ташкил ва гузаронидани Мактаби навбатии байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз бисёр ҷиҳат барои шиносоиву ҳамкории мутахассисону олимони ҷавон ва донишҷӯён дар бахшҳои гуногуни тиб, аз ҷумла, мавзуъҳои тадқиқотӣ, хусусиятҳои кори илмии донишҷӯён, омӯзгорони мамлакатҳои мухталиф, усулҳои таълим дар шаҳрҳои гуногуни хориҷи наздик ва дур заминаи муҳими муколамавию муҳокимавӣ мегузорад, инчунин, барои шинос намудани иштирокдорон аз манзараҳои зебои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, натиҷа ва таҷрибаҳои Мактаби XI байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои мубодилаи афкор байни мутахассисони варзидаи тиб, олимони ҷавону донишҷӯёни ватаниву хориҷӣ, рушди тадқиқоти илмии байналмилалӣ, нигоҳ доштани робитаи илмию амалӣ мусоидат хоҳад кард.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 

 


10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
03.07.2024 599

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php