Ҳамкориҳо дар соҳаи дорусозӣ рушд меёбанд


Ҳамкориҳо дар соҳаи дорусозӣ рушд меёбанд

Аз 12 то 15-уми июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи тиббии Қазоқистони ғарбии ба номи Марат Оспанов шартномаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарматсия ба имзо расид.

Бо намояндагӣ аз номи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар ин чорабинии мазкур мудири кафедраи технологияи дорусозӣ, номзади илмҳои фармасевтӣ, дотсент Сафарзода Р.Ш. иштирок намуданд.

Мақсад- таҳия ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки ба муттаҳид кардани иқтидори илмӣ-таълимӣ ва технологии аъзои консорсиум дар соҳаи фарматсевтӣ ва тиб мебошад. Инчунин ташаккули сохторе, ки қодир аст системаи муосири тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро барои тандурустӣ, саноати тиббӣ ва дорусозӣ таъмин кунад.

Дар чорабинӣ намояндагони МДТ “ДДТТ номи Абуалӣ ибни Сино”, Донишгоҳи тиббии ғарбии Қазоқистон ба номи Марат Оспанов, Донишгоҳи илмҳои тиббии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Донишгоҳи минтақавии Актобе ба номи К.Ҷубанов ва Маркази тиббии Актобе дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки расман шартномаи ҳамкории мутақобиларо имзо карданд, суханронӣ карданд.

Сафарзода Р.Ш.,

мудири кафедраи технологияи фарматсевтӣ

ба номи профессор Халифаев Д.Р.,

н.и.фарм., дотсент                                                                     


29.06.2024 729

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php