Баргузории вохӯрӣ бо масъулони самти тарбияи факултетҳо ва кураторон


Баргузории вохӯрӣ бо масъулони самти тарбияи факултетҳо ва кураторон

Санаи 25.06.2024 дар толори МОМА-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикситон ба номи Абуалӣ ибни Сино тибқи Нақшаи чорабиниҳои самти тарбиявии Донишгоҳ ҷиҳати амалисозии стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи соли 2024 вохӯрии муовинати тарбия бо масъулини самти тарбияи факултетҳо ва кураторон баргузор гардид.

Сараввал муовини ректор оид ба тарбия н.и.т., дотсент Қурбонбекова П.Қ. баромад намуда, ҳозиринро дар робита ба ҷашни Ваҳати миллӣ табрику таҳният гуфт. Инчунин, доир ба масъалаҳои пешбурди корҳои тарбиявии Донишгоҳ ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ин рӯ овардан ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои радикализму экстремизм ва хусусияту аҳамияти терррористидошта маҳсуб мешавад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Боиси таассуф аст, ки дар ин робита Тоҷикистон бо чунин як ҳамсоякишваре ҳаммарз аст, ки давлатро ин гуруҳи тундрав идора мекунад. Аз ин ҷиҳат, моро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳар чӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳем, то ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намоем.

Ҳамзамон, Қурбонбекова П.Қ. бо масъулони корҳои тарбиявии факултетҳо ва кураторон атрофи риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ, истифодаи мошинҳои шахсӣ, ҷангу низоъ ва монанди инҳо гуфтушунид анҷом дода, барои ба эътидол даровардани мушкилиҳои ҷойдоштаи соли таҳсили имсоларо дар соли таҳсили 2024-2025 маслиҳатҳо дод.

 

Шуъбаи тарбия


29.06.2024 878

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php