Аз ифтихори Ваҳдат, аз эътибори Ваҳдат...


Аз ифтихори Ваҳдат, аз эътибори Ваҳдат...

Ваҳдат, сулҳ, истиқлол калимаҳое мебошанд, ки дар зиндагӣ мақсаду мароми ҳар як шахси бомаърифатро инъикос менамоянд. Вожаи “ваҳдат” ифодакунандаи ягонагӣ буда, аз ҷониби фарҳангшиносони маъруфи гузашта, аз ҷумла муаллифони “Ғиёс-ул-луғот”, ”Чароғи ҳидоят”, ”Бурҳони қотеъ”, ”Мунтахаб-ул-луғот” ва дигар луғатҳои тафсирии тоҷикии форсӣ ин тавр шарҳ ёфтааст: “ваҳдат” арабӣ буда, аз калимаи “воҳид”, ”аҳад” гирифта шудааст ва ба маънии ”як будан”, ”ягона будан”, ”ягонагӣ” истифода мешавад.

Ваҳдат пеш аз ҳама аз оила оғоз меёбад. Ваҳдати миллӣ ҳамон гоҳ умумимиллӣ мегардад, ки агар тамоми халқҳои ватанро новобаста аз миллаташон, аз рӯйи манфиати умумимиллию давлатӣ фаро гирифта, мардумони кишвар ва хусусан ҷавононро бо дарки ҳувияти шаҳрвандию ҳамватанӣ доштан ва аҳли як фазои узви ҷомеаи сермиллати тоҷикистонӣ буданашон, ба ҳамраъйиву ҳамбастагӣ ва ягонагию ваҳдати миллӣ расонад. Таърихи борҳо исбот намудааст, ки фарҳанги сулҳ, дӯстӣ, ягонагӣ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад ва халқи мо идеяи инсондӯстию сулҳпарвариро дар тӯли асрҳо пуштбонӣ намудаст. Чунки шиори зиндагии миллати сулҳдӯсту фарҳангпарвари мо ҳамеша дӯстиву рафоқат ва самимияту садоқат будааст. Ба қавли шоир Муҳаммад Иқбол:

Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз Ваҳдат аст.

Таҷрибаи сулҳофарӣ дар Тоҷикистон пурра омӯхта шудааст ва он дар ҳаёт истифода гардидааст. Унсури асосии муваффақ гардидан дар ҳалли моҷаро ин иродаи худи мардуми тоҷик дар расидан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамин тавр фарҳанги сулҳ дар шуури халқи мо ташаккул ёфтааст ва имз онро дар дунёи пур аз моҷаро ҳифз менамояд.

Эъмори сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҳарфи сулҳ,

Инсони беназири худогоҳи миллат аст.

Хушбахтона, он рӯзи таърихӣ дар китоби миллати мо сабт гардидааст. Он рӯзи муборак, яъне 27-уми июни соли 1997, имрӯз пеши назар меояд, рӯзи аз шаҳри Москва баргаштани Паёмовари сулҳу ваҳдати миллӣ, абармарди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон... Фурудгоҳи шаҳри Душанбе идона ороста шуда буд, он рӯз мардуми Тоҷикистон бо як шодию нишот ва гулу гулдастаҳо ба истиқболу шодбошии Созандаи сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон баромада буданд. Он лаҳзаҳои хотирмон дар дилу дидаҳои мардуми сулҳҷӯйи ватанамон нуру шарар мерехт, чунки ҳама интизори ин Созишномаи сулҳу дӯстии тақдирсоз буданд.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳли илму адаби тоҷик вазифадор шуданд, ки ба тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат бипардозанд.

Бояд зикр намуд, ки вожаи “ваҳдат” дар адабиёти оламшумули форсии тоҷикӣ низ мавқеъ ва моҳияти хоссаеро ишғол намудааст, он сарчашма аз адабиёти қадими мо мегирад. Адибони бузурги классикӣ дар офаридани кохҳои бегазанди маънавӣ ва муттаҳид сохтани мардум аз он истифода намудаанд. Намунаи бузурги чунин ашъорро мо дар осори намояндагони адабиёти классику муосир дида метавонем. Зарурати ваҳдати миллӣ ва дар ҳаёт бо ҳам пайванди ногусастанӣ доштани одамон дар осори Шайх Саъдӣ хеле ба маврид баён шудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ин суханони пурҳикмати Саъдӣ то имрӯз аҳаммияти худро гум накардааст.

Мавзуи ваҳдат ва ягонагиро шоири шаҳири тоҷик Муъмин Қаноат, ки дар ҳамон шабу рӯз баҳри осоиштагию ободии кишвар талош мекард, ин рӯзи саидро тасвир намуда, наслҳои имрӯзу фардоро чунин ҳушдор медиҳад:

Ту Ваҳдат аз дили бекина омӯз,

Намуди ростӣ з-оина омӯз.

Нигоҳдории оини ҳақиқат,

Зи бишкан-бишкани порина омӯз.

Ҳамин тавр халқи тоҷик дар боғи ҳастии аҳли башар ниҳолеро пайванд намуд, ки он ба худ номи “Ваҳдат”-ро гирифт. Имрӯз бо шарофати сулҳу ягонагӣ он ниҳол ба дарахти пурмевае табдил гардид, ки сол то сол мевааш зиёд ва аз самараш мардум баҳравар мегарданд. Ба ҳамин маънӣ шоири равоншод Гулназар Келдӣ ваҳдати миллӣ ва якдилию бародариро чунин тараннум намудааст:

Сарсабзу гулфишон шуд то навбаҳори Ваҳдат,

Овозаи ҷаҳон шуд ному диёри Ваҳдат....

Саф-саф ба сӯйи фардо мардона по гузоранд,

Рашту Хуҷанду Кӯлоб, Вахшу Ҳисору Ваҳдат.

Ин хоки бостонӣ шуд арсаи ҷавонӣ,

Аз ифтихори Ваҳдат, аз эътибори Ваҳдат.

То шеъри Рӯдакӣ ҳаст Наврӯзии дили мо,

Чашми хазон наафтад дар навбаҳори Ваҳдат.

Ба қавли шоири ширинкалом Камол Насрулло ваҳдати миллӣ ҷовидону поянда бошад ва дар навои сулҳу ваҳдат мардумонаш зинда бошанд:

Дар диёри накутинатон

Ваҳдати халқи мо зинда бод!

Зинда бод Тоҷикистони мо!

Ин наво, ин сафо зинда бод!

Пас, Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат дастоварди муқаддас мебошад, ки барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии кишвар заминаи муҳими ҳаёту фаъолият ба шумор меравад. Имрӯз мо, зиёиёни тоҷик, вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва нагузорем, ки фузули кӯрдиле сулҳу ваҳдат ва ягонагиро халалдор намояд.

 

Суфиева Г.А., 

Сафарова Ф.М.,

омӯзгорони кафедраи забони тоҷикӣ


29.06.2024 66

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php