Анҷоми аттестатсияи давлатии хатми ординатураи клиникӣ


Анҷоми аттестатсияи давлатии хатми ординатураи клиникӣ

Мувофиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ординатураи клиникӣ яке аз зинаҳои асосии таҳсилоти баъдидипломии олии тиббӣ ба ҳисоб меравад, ки баъди хатми он мутахассис дорои ихтисоси муайяни тиббӣ гардида, ҳуқуқ ба фаъолияти мустақилона пайдо менамояд. Таҳсил дар ординатураи клиникӣ дар кафедраҳои клиникии донишгоҳ амалӣ мегардад.

Дар соли таҳсили 2023-2024 дар ординатураи клиникии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” аз рӯи 39 ихтисос 1018 нафар ординаторони клиникӣ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумӣ 442 (43,4%)-ро мардҳо ва 576 (56,6%)-ро занҳо ташкил медиҳанд. Дар як сол ду маротиба аттестатсияи фосилавӣ, баъди соли якуми таҳсил аттестатсияи гузариш ва баъди хатм аттестатсияи давлатии хатми ординатураи клиникӣ баргузор мегардад. Аттестатсияи давлатии хатм аз марҳилаҳои имтиҳони малакаҳои амалии касбӣ, хаттӣ ва тестӣ иборат мебошад.

Барои ординаторони клиникии соли дуюми таҳсил аттестатсияи давлатии хатм баргузор гардид. Комиссияи имтиҳонӣ зери роҳбарии директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ д.и.т. Раҷабзода С.Р. сатҳи дониши назариявӣ ва амалии ординаторони клиникиро мавриди санҷиш қарор дод.

Санҷиши малакаҳои касбии ординаторони клиникӣ дар санаи 19-20 июни соли 2024 дар Маркази омӯзиши симулятсионӣ баргузор шуд. Имтиҳони хаттӣ ва тестӣ санаи 22.06 соли 2024 дар Маркази аккредитатсия ва аттестатсияи муҳассилин амалӣ гардид. Пас аз натиҷагирӣ аз аттестатсия ординаторони клиникии хатмкунанда барои фаъолияти меҳнатӣ ба муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равон карда мешаванд.

 

Муовинати корҳои муолиҷавӣ    


26.06.2024 872

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php