ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ


ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф агар аз як тараф ба саломатии инсон манфиатовар бошад аз тарафи дигар аз маданияти баланди инсонӣ ва муносибати нек нисбат ба табиат гувоҳӣ медиҳад. Ба хотири тозагию покизагӣ, хуррамгардонӣ ва ободгардонӣ дар Донишгоҳи тиббӣ пайваста шанбегиҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил карда мешаванд. Имрӯз, 22-юми июни соли ҷорӣ низ кормандони бахши хоҷагидорӣ бо дарки баланди масъулият ба шанбегӣ баромада, гирду атрофи биноҳои таълимӣ, роҳравҳо ва ҷӯйборҳои назди онро тоза намуданд. Бехи дарахтони боғ нарм карда шуда, сабзаву гулҳои рангоранг шодоб гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки чунин шанбегиҳо дар сохторҳои дигари Донишгоҳ-Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, Маркази таълимӣ, илми ва истеҳсолии “Фарматсия”, Маркази ташхисию табобат ва хобгоҳҳо гузаронида мешаванд. Заҳмати дастаҷамъонаи кормандони бахши хоҷагидорӣ натииҷаи назаррас дода, он ба як гӯшаи табиати хуррами пойтахти маҳбубамон- Душанбешаҳр зебогии иловагиро замм менамояд.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Хадамоти ректор


6
5
4
3
2
1
22.06.2024 552

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php