САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ АЗ ВАҲДАТ АСТ


САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ АЗ ВАҲДАТ АСТ

27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия “Созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Ин ҳуҷати сарнавиштсоз ва ин санаи муҳими таърихӣ ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузошт, истиқлолияти воқеии кишвари маҳбубаамонро ҳифз намуд.

         Дар шароити  мураккаби ҷаҳони муосир тарғиби арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои назарраси мамлакат, ки сарчашмаи асосии он сулҳу оромӣ ва ваҳдати комили миллӣ аст  вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифату соҳибхирад ба ҳисоб меравад. Аҳли зиё масъуланд, ки дар замири насли наврасу ҷавон ҳисси меҳанпарастиву худшиносиро бедор намоянд ва роҳҳои вазнини тайнамудаи кишвари соҳибистиқлоли моро баҳри пойдории сулҳу ваҳдат бештару пештар ташвиқ намоянд то дарси хештаншиносӣ густариш ёбад.

         Бахшида ба 27 солагии таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ  санаи 20-уми июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатиии “Телевизиони Сафина” барномаи маърифатӣ-таҳлилии “Мулоҳиза” баргузор гардид, ки дар он Раиси Шӯрои занону духтарон, дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, номзади илмҳои сиёсӣ Амонова Сабоҳат Бобишоевна атрофи нақши Ваҳдати миллӣ дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуданд.


21.06.2024 657

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php