ВОХӮРИИ МАШВАРАТӢ ОИД БА ТАҶРИБАОМӮЗӢ


ВОХӮРИИ МАШВАРАТӢ ОИД БА ТАҶРИБАОМӮЗӢ

Рӯзи 21-уми июни соли 2024 бо ассистентони кафедраҳои клиникии Донишгоҳ, ки мутасаддӣ оиди таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили 2023-2024 тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ таъйин шуданд вохурии машваратӣ баргузор гардид. Дар вохурӣ муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ, д.и.т., профессор Додхоев Ҷ.С., сардори Хадамоти ректор н.и.т., дотсент Носирӣ Қ.Н. ва сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, н.и.т., дотсент Матинов Ш.Қ. баромад карданд. Дар ин вохурӣ масъалаҳои гуногун оид ба сафарбаркунии роҳбарон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ҳаллу фасл гардиданд.

Қайд кардан зарур аст, ки таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили 2023-2024 аз санаи 01-уми июл то 31-юми июли соли 2024 идома меёбад.

                                                                                                                                                    Матинов Ш.Қ.- сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии

истеҳсолӣ


21.06.2024 624

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php