ВАҲДАТ –ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА


ВАҲДАТ –ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

Баҳри дар амал тадбиқ намудани сиёсати дохилию хориҷии давлат ва ҳифзи суботу оромии кишвар дар суҳбату вохӯриҳо ба масъаллаи ваҳдат ҳамчун меҳвари асосии давлатдории миллӣ ру меоварем.Пас ваҳдат чист ва чӣ моҳият дорад?

Мафҳуми ваҳдат ба маънои ягонагӣ, яке будан, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ истифода мегардад. Шаклҳои ваҳдат низ вобаста ба тарзи муносибат истифода мегардад.

ваҳдати маънавӣ

ваҳдати вуҷуд

ваҳдати миллӣ ва ғ

ваҳдати маънавӣ заминаи асосии дарки шаклҳои дигари ваҳдат дониста мешавад, яъне он ба маънои ягонагӣ аз ҷиҳати фикру ақида, як будани мафкура истифода мешавад.

Дар замони муосир бе мавҷудияти ваҳдати маънавӣ дар ҷомеа мушкилоти зиёде пеш меояд, ки ваҳдати миллиро ноустувор месозад. Файласуфи рус Беляев мефармояд “Дар ҷомеае, ки як нафар аз тафаккур маҳрум бошад, аз он ҷомеа умеди пешрафт кардан душвор аст” яъне маънавиёти баланди ҷомеа заминаи асосии ҳифзи ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлат ва ҷомеа дониста мешавад.

Ваҳдати миллӣ дидгоҳи ягона доштани мардум доир ба манфиатҳои миллӣ, арзишҳои меҳварӣ ва масоили бунёдии ҷомеа аст. Ваҳдати миллӣ ҳамфикриву ҳамсӯӣ ва ҳаммаромии миллат доир ба масъалаҳои куллӣ ва бунёдии миллӣ аст, аз ҷумла доир ба масъалаҳои ҳифзи якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои меҳварии ҷомеа, шаъну обрӯи Ватан ва ҳамватанон ва амсоли инҳо. Дар дохили як давлат гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба сар мебаранд,ки ҳар яке метавонад мақсад ва ҳадафҳои хешро дошта бошад. Аммо барои пойдории давлат ва оромии ҷомеа зарур аст, ки ҷомеа дар атрофи як идея муттаҳид гашта, аз арзишҳои шахсӣ ва маҳдуд ба арзишҳои хусусияти миллидошта рӯ оваранд.

Ваҳдати миллиро дар фазои холӣ сохтан номумкин аст,онро шахсияти таърихӣ метавонад ба миён гузорад,ки як миллатро ҳамдилу ҳамрайъ созад.

Маҳз дар бунёди ваҳдати миллии тоҷикон нақши шахсияти сиёсӣ-Эмомалӣ Раҳмон барҷаста аст. Таърих гувоҳ аст, ки 27 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузоштанд.

Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуду пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.

 

АМОНОВА С.Б-Раиси Шӯрои занону духтарон,

номзади илмҳои сиёсӣ


21.06.2024 616

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php