Давраи якуми Имтиҳони хатми давлатӣ дар Маркази омӯзиши симу-лятсионӣ


Давраи якуми Имтиҳони хатми давлатӣ дар  Маркази омӯзиши симу-лятсионӣ

Рӯзҳои 19-20 июни соли 2024 дар Маркази омӯзиши симулятсионӣ давраи якуми Имтиҳони хатми давлатӣ (иҷроиши малакаҳои амалии касбӣ) барои ординаторони клиникӣ баргузор гардид. Ординаторҳои чунин ихтисосҳо аз ин озмун гузаштанд: акушерӣ ва гинекология, анестезиология ва реаниматология, асабшиносӣ (кӯдакона), бемориҳои дарунӣ, кардиология, бемориҳои кӯдакона, неонатология, дерматовенерология, онкология, оториноларингология, офталмология, рентгенология, стоматологияи муолиҷавӣ, стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия, стоматологияи ортопедӣ, ҷарроҳии ҷоғу рӯй, урология (кӯдакона), ҷарроҳӣ, ҷарроҳии асаб (кӯдакона), ҷарроҳии кӯдакона, эндокринология.

Барои ҳар як муҳассилин дар марҳилаи якум билет бо номгӯйи чор малакаи амалӣ (ё се малака ва як масъалаи мавқеӣ) пешниҳод карда шуданд. Барои ҳар як малака муҳассилин метавонистанд то 25 ҳол гиранд, дар ҷамъ – то 100 ҳол.

Ҳамагӣ 278 нафари ординатори клиникӣ дар имтиҳон дар шароити Марказ иштирок доштанд.

Усмонов Ҷ.Н.-директори Маркази омӯзиши симулятсионӣ

         
 
21.06.2024 578

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php