ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЯКДИЛИИ САМИМОНАИ ТАМОМИ ҚИШРҲОИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА АСТ


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЯКДИЛИИ САМИМОНАИ ТАМОМИ ҚИШРҲОИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА АСТ

Муҳимтарин ва судмандтарин андешаи дурнамои миллӣ дар замони истиқлол Ваҳдати миллист. Муҳимӣ ва судмандии андеша мазкур дар он ифода меёбад, ки вай табиати созандагӣ дошта, сарчашмаи хушбахтии миллат ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда аст. Моҳияти табиати созандагии он чун омили сафарбаркунанда баҳри татбиқи ҳадафҳои олии умумимиллӣ дар муттаҳид намудани тамоми қишрҳо, гурӯҳҳо ва умумиятҳои иҷтимоии ҷомеа ва муқовимати арзанда намудан ба ҳама гуна ҳадафу нақшаҳои харобиовари зиддимиллӣ ба зоҳир мерасад. Судмандии тақдирсози андешаи Ваҳдати миллӣ махсусан, замоне, ки нақшаю ҳадафҳои харобиовари чӣ душманони дохилию чӣ хоричӣ баҳри коштани тухмии нифоқу тафриқа, халадор сохтани сулҳу оромии ҷомеа, барангехтани эҳсоси бадбинии миллию маҳаллӣ ва динию мазҳабӣ аз худ дарак медиҳад, ба авҷи аълои худ мерасад.

Бидуни тардид андешаи мазкур новобаста аз мансубияти динию мазҳабӣ ва миллию маҳаллӣ сарчашмаи хушбахтии тамоми мардуми ҷомеа аст. Зеро он, пеш аз ҳама, нерӯи бузургест, ки азамати онро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба силоҳи ҳастаӣ баробар сохтааст. Аз ин нуқтаи назар, ҷомеа ба ин нерӯи азими созанда ва бахткушо такя намуда, имкон пайдо менамояд, ки худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳои душманони дохилию хориҷӣ дар амон нигаҳ дорад. Ҳамзамон, андешаи Ваҳдати миллӣ, чуноне зикр гардид, омили муҳимтарини таъмини хушбахтии тамоми қишру гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа аст. Муттаҳидию якдилии тамоми қишру гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа имкон медиҳад, ки ҳадафҳои бузурги аҳамияти умумиҷамъиятӣ дошта пай дар пай пиёда гарданду ормонҳои таърихии миллат ҷомаи амал пӯшанд. Ин ҷо сухан дар хусуси он ҳадафҳое меравад, ки онҳоро ҳеҷ як қишр ё гурӯҳи иҷтимоӣ дар алоҳидагӣ татбиқ карда наметавонад. Аз ин рӯ, андешаи Ваҳдати миллиро метавон ба дарахти ҷовидонаи пурсамаре монанд кард, ки аз меваи ширини он тамоми мардуми ҷомеа новобаста аз мансубияти миллию маҳаллӣ ва динию мазҳабӣ баҳравар хоҳанд гардид.   

Аммо бояд таъкид намуд, ки коштану парвариш намудани чунин дарахти пурсамари ҷовидона кори саҳлу осон нест. Сабзишу маҳсулнок будани чунин дарахт аз ҳар фарди ҷомеа тақозо менамояд, ки зарурат ва аҳамияти онро барои худ ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таври назариявӣ дарк намояд. Бидуни дарки зарурат ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ гумон аст, ки баҳри парваришу таҳкими решаи чунин дарахт аз тарафи фарде саъйе шавад. Дарки зарурат ва аҳамият омили таҳрикдиҳандаи хеле неруманде мебошад, ки барои ҳосилнокию дарозумрии дарахти мазкур ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, ҳар фарди меҳанпарасту хуштаншиноси ҷомеаро зарур аст, ки аввалан дар зеҳни насли ҷавону ояндасози миллат зарурат ва аҳамияти андешаи Ваҳдати миллиро ба таври муътамад ва устувор поягузорӣ намояд.

Шарти дигари муҳимтарин барои андешаи Ваҳдати миллӣ самимият ва сидқу вафодорӣ барои андешаи мазкур аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳама гуна риё ва мунофиқӣ пеши роҳи рушди бемайлон ва безарари дарахти ҷовидонаи Ваҳдати миллиро хоҳанд гирифт. Риё ва мунофиқӣ вирусҳое маҳсуб меёбанд, ки баргҳои сабзи дарахти мазкурро мехушконанд. Хушкидани барги сабзи дарахти мазкур ба ҳосили дарахт бетаъсир нахоҳад буд. Аз ин рӯ, самимият ва вафодорӣ ба андешаи мазкур бидуни ғараз ва ҳадафҳои инфиродию гурӯҳӣ шарти муҳимтарини ташаккул ва таҳкими андешаи Ваҳдати миллӣ ва бад-ин васила таъмини хушбахтии аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки ҳама гуна андеша бидуни татбиқи амалӣ ғайр аз хобу хаёл чизе беш нест. Он дар шакли холис, баръакс ба ҷои нафъ зараровар хоҳад буд. Зеро андешаи холис танҳо ақлу зеҳни пурҳаракат ва умедворро бо ормонҳои хаёлии руҳоромкунанда банд месозаду халос. Ҳикмати болиғаи мардуми тоҷик дар ин хусус моддагароёна мегӯяд, ки «бо қанд гуфтан даҳон ширин намешавад». Ё бубинед, ки ниёгони бузурги мо робитаи байни андеша ва амалро дар шакли «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» чӣ тавр ҳакимона пайвастаанд. Аз ин рӯ, барои он ки андешаи созандаи Ваҳдати миллӣ либоси амалӣ пӯшаду дар зиндагӣ амалан татбиқ гардад, бояд ҳар фарди ҷомеа, қишр, умумияту гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ бояд содиқонаю фидокорона баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ меҳнат кунанд. Меҳнати содиқонаю оқилона на танҳо инсон, балки худи ҷомеаро дигаргун месозад. Меҳнати содиқонаю оқилона, пеш аз ҳама, дар самти фаъолияти касбӣ омили рушди касбият, аз ин ҷо, пешрафти ҷомеа, ва аз ин ҷо муҷиби хушбахтии худу дигарон хоҳад буд. Аз ин рӯ, меҳнати маҳсулноку ҳадафмандона барои таҳкими Ваҳдати миллӣ шакли ифодаи воқеии андешаи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.

Дар хусуси меҳнати содиқонаю оқилона баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ сухан ронда, ҳамзамон таъкид намудан меҳоҳем, ки имрӯз мафҳуми «Ваҳдати миллӣ» шомили маънои васеъ аст. Мафҳуми зикршуда танҳо ба миллати тоҷик дахл надошта, (чун дар Амрико, ки тамоми англису олмонию африкоӣ ва ғайра амрикоӣ маҳсуб меёбанд.) балки тамоми тоҷикистониёнро дар назар дорад. Чун меваи Ваҳдати миллӣ дар шакли фазои осудаю ороми ҷомеа, муҳити зисти зебо ва зиндагии гуворо лаззатбахши тамоми мардуми ҷомеа, новобаста аз мансубияти миллию маҳаллӣ ва динию мазҳабист, пас мафҳуми «Ваҳдати миллӣ» тамоми қишр ва гурӯҳу умумиятҳои этникӣ-иҷтимоӣ ва динӣ-иҷтимоиро фаро мегирад. Бинобар ин, он суханҳое, ки баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ дар боло гуфта шуданд, мутааллиқ ба ҳар фарди бовиҷдон ва масъули ҷомеа аст.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди меҳанпарасту худшинос фархунда бод!

Абдухалилзода К. А-дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


21.06.2024 580

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php