ҲАМОИШИ ОМӮЗИШӢ ДАР КАФЕДРАИ ОТОРИНОЛАРИНГОЛОГИЯ


ҲАМОИШИ ОМӮЗИШӢ ДАР КАФЕДРАИ ОТОРИНОЛАРИНГОЛОГИЯ

Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б, Исҳоқӣ низ ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чунин ҳамоиш ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони кафедра маҳсуб меёбад.

Сараввал, мудири кафедра н.и.т., дотсент Аҳророва З.А. нисбат ба моҳият ва зарурият доштани баргузории чунин нишасту ҳамоишҳо ба самъи кормандони кафедра ибрози андеша намуданд. Сипас, профессори кафедра Холматов Ҷ.И. фикру мулоҳизаҳои худро аз рафти суханронии Пешвои миллат, ки мутааллиқ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва самти ҳифзи тандурустӣ ва илму маориф дошт, манзури аҳли нишаст карданд. Сониян, дотсенти кафедра д.и.т. Маҳмудназаров М.И. зикр карданд, ки дар пешбурд ва пешрафти тарбияи насли ҷавон бояд тамоми кормандони кафедра ҷалб гардида шаванд, чунки мукаммалгардонии сатҳу савияи дониш ва тафаккури ҷавонон аз фаъолияти ҳар як корманди Донишгоҳ дар алоҳидагӣ вобастагии зиёд дорад.

Дар фуроварди ҳамоиш мудири кафедра дубора кормандони кафедраро барои боз ҳам беҳтару созгортар такмил додан, тақвият бахшидан ба маърифату тарбияи ҷавонон ва донишҷӯёни Донишгоҳ даъват намуда, аз онҳо фаъолияти пурсамари минбаъдаро хоҳиш намуданд.

 

Муродов Шамсиддин -ассистенти кафедра оид ба

корҳои тарбиявӣ


21.06.2024 569

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php